Парҳез баъди 30-солагӣ

Парҳез баъди 30-солагӣ

Барои ҷавон ва зебо мондан ба саломатӣ ва ғизои худ диққати ҷиддӣ додан лозим аст. Имрӯз мо ба шумо дар бораи хӯрданиҳое маълумот медиҳем, ки баъди 30-солагӣ зиёд истеъмол намуданашон ба саломатӣ зиён расонида, боиси пайдоиши ожангҳои бармаҳал ва пеш аз муҳлат пир шудани инсон мегарданд.

 

Шакар

Шакари аз ҳад зиёд метавонад боиси паст шудани ҳассосияти инсулин гардад. Илова бар ин, он пайдоиши ожангҳоро метезонад.

 

Намак

Истеъмоли хӯрокҳои аз ҳад шӯр ва сернамак метавонад фишори хунро баланд гардонида, хатари гирифторшавӣ ба инсултро зиёд созад.

Нӯшокиҳои спиртӣ

Калорияи машрубот ва нӯшокиҳои спиртӣ хеле баланд аст ва сатҳи инсулинро зиёд мекунад.

 

Кофеин

Кофеин ба системаи асаб таъсири манфӣ мерасонад, хобро халалдор мекунад. Набудани хоб ҷараёни пиршавиро метезонад.

 

Саршир

Саршир (сливки) хеле равғанин аст, вазни баданро зиёд намуда, ба кори дил, буғумҳо, фаъолияти майна ва гормонҳо таъсири бад мерасонад.

 

Равғани зард

Таркиби равғанҳои трансӣ, аз ҷумла равғани зард ба дилу буғумҳо таъсири бад дошта, боиси беморӣ мегардад.

 

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Гули бобуна ба кадом дардҳо давост?

Аксари табибон ҳангоми бемориҳои гуногун ба беморон нӯшидани гиёҳоби бобуна (ромашка)-ро тавсия медиҳанд. Мехоҳам донам, ки бобуна чӣ фоида дорад?   Посух: - Гули бобуна дар ҳақиқат хусусиятҳои табобатии зиёде дорад. Ин гиёҳи мӯъҷизанокро дар саросари Тоҷикистон пайдо кардан мумкин атс,...


Тарғиби илму дониш дар «Хирадномаи Искандари»-и Абдурраҳмони Ҷоми

Вақте ки дилҳо аз илму дониш шодобу мунаввар мешаванд, муносибатҳои байни одамон, раҳму шафқат бештар мегардад. Ҷомеаи инсонӣ пеш меравад, тараққӣ мекунад, ноадолатӣ, бедодгарӣ оҳиста-оҳиста аз байн меравад.   Мақсаду мароми Абдураҳмони Ҷомӣ ҳамчун инсондўсти бузург таълим додан ва тарбия...


Фоидаҳои ҷигари мурғ

Қаблан дар Тоҷикистон касе ҷигари мурғро намехӯрд, вале ҳоло он дар ҳамаи мағозаҳо фурӯхта мешавад.   Ҷигари мурғ яке аз маҳсулоти серғизо ба шумор меравад. Он аз оҳан, витамини А, витамини В12, фолат ва сафеда бой аст. Маҳз ба ҳамин далел метавонад барои пешгирӣ ё кам кардани хатари баъзе...


Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон — 24 ноябр

24 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил мегардад. Ин сана баъд аз қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (24 ноябри соли 1992) муқаррар шудааст. Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ба шумор меравад ва...


Чин дар Тоҷикистон нерӯгоҳҳои офтобӣ месозад

Ширкати «LONGi»-и Чин барои бунёди нерӯгоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ менамояд. Масъалаи бунёди нерӯгоҳҳо ва дигар масоили марбут ба соҳаи энергетика дар мулоқоти вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо намояндагони ширкати «LONGi»-и Чин дар...