Чанд роҳи харобшавӣ

Чанд роҳи харобшавӣ

Чанд роҳи харобшавӣ

Фарбеҳӣ имрӯз ба яке аз проблемаҳои ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Ҷомеаи ҷаҳонӣ бо вуҷуди талошҳои зиёд пеши роҳи ин бемориро гирифта наметавонад. Мо ба шумо чанд роҳи харобшавиро пешниҳод мекунем.

 

Гуруснагӣ Фикр мекунед, ки чӣ қадар кам хӯрок хӯред, тез хароб мешавед?

 Як андоза ин амал ҳақиқат дорад, аммо, ҳаминро донистан лозим аст, ки агар ба организм калория кам ворид шавад, организм захираи равғани худро ҳазм карда, хароб мешавад. Вале барои ҳазми ана ҳамон равғани худи организм низ ферментҳои махсус лозиманд. Бояд гуфт, ки он ферментҳо дар организми худи инсон мавҷуданд, вале барои синтез шудани онҳо сафеда, равған, витамин ва микроэлементҳо лозиманд.

Дар сурати нарасидани яке аз элементҳои номбаршуда хароб шудан ғайриимкон аст. Аз ин ба хулосае омадан мумкин аст, ки барои харобшавӣ гуруснанишинӣ кардан ҷоиз нест.

 

Парҳез

Вақте шумо ба воситаи ҳаб ё нӯшокие дар муддати бениҳоят кӯтоҳ - 7-10 рӯз то 5-10 кг вазни худро мепартоед, бидонед, ки вазни партофтаи шумо дар муддати кӯтоҳтарин барқарор мешавад. Зеро ҳангоми риоя намудани диета ба организми шумо моддаҳои муҳим, аз қабили витамин, сафеда, равғану карбогидратҳо намерасанд, ки дар натиҷа саломатӣ осеб мебинад.

Натиҷаи парҳези нодуруст - ин мӯйрезӣ, афтодани дандонҳо, нохуншиканӣ ва ё беқувват шудани нохунҳо мебошад. Албатта, бо риояи кардани диета шумо метавонед дар муддати кӯтоҳ хароб шавед, инчунин, вазни партофтаи шумо дар як мӯддати кӯтоҳ бармегардад.

 

Харобшавӣ тавассути ҷарроҳӣ

Имрӯз илми тиб чунон пеш рафтааст, ки тавассути ҷарроҳӣ имкони аз равғанҳои нолозими бадан зуд халосӣ ёфтан мумкин аст, аммо ин фаҳмиш комилан хатост. Одатан, ин гуна ҷарроҳӣ барои гирифтани равғани зиёдатии организм, бурида гирифтани қисмате аз меъдаи васеъгардида ва ё таранг кардани пӯсти овезоншудаи бадан гузаронида мешавад. Зиёданд нафароне, ки пас аз гирифтани равғани шикаму меъда бо ҷамъ шудани равған дар бозу ва манаҳ рӯ ба рӯ шудаанд. Дар сурати дучор шудан ба ин мушкилӣ он даво надорад.

 

Назари табибон оид ба фарбеҳшавӣ

Табибон бар он назаранд, ки камҳаракатӣ, истеъмоли ғизоҳои серравған, қаннодӣ ва хамирӣ, пурхӯрӣ, ки иллати ҳормонҳоро ба вуҷуд меоварад, боиси фарбеҳӣ дар буняи инсон мегардад.

Аломатҳои фарбеҳӣ: аввалин аломати эҳсосшавандаро дар афзоиши миқдори зиёди равған дар ҳар ҷойи бадан, ба мисоли шикам, пистон ва ронҳои пой дидан мумкин аст. Баъдан, нафастангӣ ҳангоми иҷрои амалҳои ҷисмонӣ ҳис карда мешавад ва қобилияти корӣ суст мегардад. Фишори хун боло рафта, қабзияти меъда ба миён меояд ва рагу пайвандҳо дардманд мешаванд.

 

Роҳҳои пешгирӣ аз фарбеҳӣ

Аз хӯрдани ҳар гуна шириниҳо ва таомҳои серравған даст кашед. Бештар сабзавот ва мева истеъмол кунед. Сайру саёҳат, пиёдагардӣ, давидан ва машғул шудан ба машқҳои ҷисмонӣ ба шумо фоидаи зиёд дорад. Бо истифода аз тиби халқӣ ва истеъмоли гулу гиёҳҳо метавонед ҷараёни фарбеҳиро дар бадан пешгирӣ кунед. Аз лимӯ ва имбир чой омода намоед ва бештар оби ҷӯшонидашударо нӯшед. Истеъмоли ширу ҷурғот низ хуб аст. Онҳое, ки авлодан бемории фарбеҳӣ доранд, бояд хӯрокҳои камғизоро истеъмол намоянд ва реҷаи истеъмоли таомро риоя кунанд.

 

Пресса.тж

2026-10-01 (Рабиул ахири соли 1448) №10.


Муҳоҷирон ба Русия бештар даромад оварданд

Дар ним сол аз ҳисоби муҳоҷирон ба буҷети Русия 321 миллиард рубл ворид шудааст, ки нисбат ба як соли пеш 30% зиёд мебошад.   Ин нуктаро Андрей Кикот, муовини аввали вазири корҳои дохилии Русия дар вохӯрӣ бо Владимир Путин, президенти Русия зикр кард. Ба гуфтаи ӯ, аз ин маблағ, зиёда аз 60...


Маркази нави омӯзишӣ барои муҳоҷирон

Дар шаҳри Душанбе боз як Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ ифтитоҳ шуд.   Дар ифтитоҳи ин марказ вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода ва дигар масъулини дахлдор иштирок карданд. Чунин марказҳо дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд,...


Беш аз 23,6 миллион рубл музди меҳнати муҳоҷирон баргардонида шуд

Дар ҳафт моҳи соли 2026 дар натиҷаи фаъолияти Намояндагӣ оид ба масъалаҳои пардохт нашудани музди меҳнати муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, ба муҳоҷирони тоҷик 23 миллиону 655 ҳазору 452 рубл маблағи музди меҳнати пардохтнашуда баргардонида шудааст. Ин маблағ...


Резиши мӯй. Кай бояд ба табиб муроҷиат кард?

Дар як шабонарӯз рехтани 50-100 тори мӯй барои инсон одатан ҳолати муқаррарӣ ба ҳисоб меравад. Аммо агар мӯй назар ба пеш хеле бештар резад, ҷойҳои каммӯй пайдо шаванд ё сохтори мӯй тағйир ёбад, ин метавонад нишонаи мушкилоти саломатӣ бошад.   Рехтани мӯй ҳам мардон ва ҳам занонро дар синну...


Тиҷорати Тоҷикистону Русия 21% афзуд

Савдои хориҷии Тоҷикистон дар ҳафт моҳи соли равон ба 7 млрду 943,7 млн доллар расидааст, ки дар он Русия ҷойгоҳи хост дорад. Дар ин муддат гардиши мол миёни Тоҷикистону Русия беш аз 1,5 млрд долларро ташкил додааст. Ин дар муқоиса бо январ – июли соли гузашта қариби 21% зиёд мебошад. Дар ин...