Нишонаҳои паст шудани иммунитет

Нишонаҳои паст шудани иммунитет

Бо фарорасии фасли зимистон шумораи одамоне, ки дар пушти дари табибон навбат мепоянд, меафзояд. Сабаб дар он аст, ки дар ин айём системаи муҳофизатии ҷисми инсон — иммунитет суст шуда, дигар ба муқобили бемориҳо фаъолона мубориза бурда наметавонад.

 

Табибон сабаби асосии заиф гаштани иммунитетро дар норасоии витамину минералҳо дар ҷисми инсон, нисбатан сардтар шудани ҳаво, кӯтоҳ шудани рӯзҳо ва норасоии нури офтоб маънидод менамоянд.

 

Нишонаҳои асосии заиф гаштани иммунитет инҳоянд:

  1. Дар ҷисми инсон коркарди ҳормони мелотонин, ки хоби орому бароҳати касро таъмин менамояд, паст шуда, одам худро беҳолу бемадор ва хаста эҳсос мекунад. Қобилияти меҳнатӣ паст шуда, одам хоболуд ва асабонӣ мешавад.
  2. Коркарди фаъоли витамини Д3, ки ба организм барои аз худ намудани калтсий ёрӣ мерасонад, заиф гашта, боиси рехтани мӯйи сар, бад шудани ҳолати дандонҳо ва зудшикан гаштани нохунҳо мегардад.
  3. Ҳар қадаре, ки нурҳои ултрабунафш камтар шаванд, ҳамон андоза микроорганизмҳое, ки бемориҳои зуком, ОРВИ ва ОРЗ-ро ба вуҷуд меоранд, бештар шуда, бо ҳамин сабаб касалиҳои сироятӣ авҷ мегиранд.

 

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Саволу ҷавоб

Ҳамсояамон мегўяд, ки бо тасбеҳ зикри бисёр кардан дуруст нест, чунки он бидъат аст. Оё ин ақида дуруст аст ё на? Худованд дар каломи худ бандагонашро ба бисёр зикр гуфтан амр кардааст, чунонки мефармояд: “Эй мўъминон, Худоро ба ёд кардани бисёр ёд кунед”. (Сураи “Аҳзоб”,...


5 ғизои муфид барои фаъолияти мағзи сар

Мағзи сар яке аз узвҳои асосӣ ва сермасрафи бадан аст ва барои фаъолияти дуруст ба ғизо, об ва микроэлементҳои зарурӣ ниёз дорад. Вақте организм аз ин моддаҳо камбудӣ эҳсос мекунад, инсон зуд хаста мешавад, диққаташ парешон мегардад ва қобилияти хотира метавонад коҳиш ёбад.   Мутахассисони...


Гули бобуна ба кадом дардҳо давост?

Аксари табибон ҳангоми бемориҳои гуногун ба беморон нӯшидани гиёҳоби бобуна (ромашка)-ро тавсия медиҳанд. Мехоҳам донам, ки бобуна чӣ фоида дорад?   Посух: - Гули бобуна дар ҳақиқат хусусиятҳои табобатии зиёде дорад. Ин гиёҳи мӯъҷизанокро дар саросари Тоҷикистон пайдо кардан мумкин атс,...


Пешниҳоди муфтӣ: ҷавонон бояд пеш аз издивоҷ давраи омӯзишӣ гузаранд

Саидмукаррам Абдуқо-дирзода, раиси Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар як суханронии ахири худ аз афзоиши ҷудошавии оилаҳои ҷавон изҳори нигаронӣ карда, пешниҳод намудааст, ки ҷавонон пеш аз издивоҷ дар бораи оиладорӣ китоб хонанд ва ҳатто аз як давраи кӯтоҳи омӯзиши зиндагии муштарак...


Чин дар Тоҷикистон нерӯгоҳҳои офтобӣ месозад

Ширкати «LONGi»-и Чин барои бунёди нерӯгоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ менамояд. Масъалаи бунёди нерӯгоҳҳо ва дигар масоили марбут ба соҳаи энергетика дар мулоқоти вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо намояндагони ширкати «LONGi»-и Чин дар...