Мавиз - давои камхун

Мавиз - давои камхун

Мавиз - давои камхун

Мавиз ангури хушкшуда мебошад ва истеъмоли он яке аз усулҳои табобатии қадима буд. Мавиз ҳақиқатан ҳам хушкмеваи фоидабахш ва серғизо мебошад. Таркиби он аз витаминҳои гурўҳи В, витамини С, минералҳое ба монанди оҳан, калий, калтсий, фосфор, антиоксидантҳо бой аст.

 

Минерали асосии мавиз оҳан мебошад ва истеъмоли он ба муолиҷаи касалии камхунӣ мусоидат мекунад. Минералҳои боқимондаи мавиз фоидаи табобатии худро ба инсон мерасонанд. Масалан, калий ба дил, калтсий ба дандону устухон, фосфор ба чашм шифо мебахшанд. Гурўҳи витаминҳои В ҳолати маҷмӯи асабро муътадил мекунад. Витамини С бошад, дар фасли зимистон хусусиятҳои ҳимоягии организмро тақвият мебахшад. Мавиз маводи серкалория мебошад, таркиби мавиз аз фруктоза ва сахароза бой - 100 грамми он ба 320 килокалория баробар аст. Аз ҳамин рў, шумо бояд донед: нафароне, ки ба вазни худ аҳамият медиҳанд ва нафароне, ки ба касалии диабети қанд гирифторанд, ҳатман бояд кам мавиз истеъмол намоянд, ё ин ки аз он пурра даст кашанд. Дар вақти харидории мавиз ба думчаи мавиз диққат диҳед. Он набояд кандашуда бошад. Дар мавриди кандашавии думчааш, мавиз шираи худро гум мекунад ва сифаташ паст мешавад.

 

«Пресса.тж»

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Гули бобуна ба кадом дардҳо давост?

Аксари табибон ҳангоми бемориҳои гуногун ба беморон нӯшидани гиёҳоби бобуна (ромашка)-ро тавсия медиҳанд. Мехоҳам донам, ки бобуна чӣ фоида дорад?   Посух: - Гули бобуна дар ҳақиқат хусусиятҳои табобатии зиёде дорад. Ин гиёҳи мӯъҷизанокро дар саросари Тоҷикистон пайдо кардан мумкин атс,...


Оилаи солим - ҷомеаи солим

Оила яке аз муқаддасотест, ки ҳар шахси соҳибшарофат онро қадр менамояд ва дар пойдории он кӯшиш ба харҷ медиҳад. Чунон ки аҳли фаҳм фармудаанд: “Оилаҳо давлатҳои хурдеанд, ки як давлати мустақилро ташкил медиҳанд”. Агар ба таърихи оиладорӣ назар андозем, мебинем, ки вақте Худованд...


Муфтии Тоҷикистон аз муҳоҷирон хост, ки дар тарбияи фарзандон фаъол бошанд

Муфтии Тоҷикистон аз муҳоҷирон хост, ки дар тарбияи фарзандон фаъол бошанд Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, аз муҳоҷирони тоҷик даъват кардааст, ки бо аҳли оилаи худ робитаи доимӣ дошта бошанд ва дар тарбияи фарзандон саҳми фаъол гузоранд. Тибқи иттилои...


Муҳоҷирон дигар наметавонанд зиёда аз як миллион рублро аз Русия бароранд

Аз Русия бо худ ба Ватан бурдани пули нақд барои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик душвор мегардад. Президенти Русия Владимир Путин фармонеро ба имзо расонидааст, ки тибқи он қоидаҳои аз кишвар баровардани пули нақд сахттар карда мешаванд. Дар ин бора дар сомонаи расмии президенти Русия хабар дода...


Чин дар Тоҷикистон нерӯгоҳҳои офтобӣ месозад

Ширкати «LONGi»-и Чин барои бунёди нерӯгоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ менамояд. Масъалаи бунёди нерӯгоҳҳо ва дигар масоили марбут ба соҳаи энергетика дар мулоқоти вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо намояндагони ширкати «LONGi»-и Чин дар...