10 фоидаи оббозӣ ба саломатии инсон

10 фоидаи оббозӣ ба саломатии инсон

Фасли тобистон фаро расида, ин шабу рӯзҳо соҳили дарёву рудхонаҳо ва нуқтаҳои махсуси оббозӣ пур аз одам аст. Албатта оббозӣ дар ҳавои гарм ба тану ҷони кас роҳат мебахшад, вале бархе бар он назаранд, ки бар асари оббозӣ инсон ба бемориҳои гуногун гирифтор мегардад. Ин андеша то куҷо ҳақиқат дорад?

 

Мехоҳед донед, ки дар асл оббозӣ ба саломатӣ фоида дорад ё зарар? Пас муттаваҷҷеҳ бошед!

 

Оббозӣ ҳам фитнес аст, вале…

Муттахассисон мегӯянд, шиноварӣ яке аз шаклҳои самаранок ва бехатари фитнес буда, фаъолияти тамоми узвҳои баданро ҳамоҳанг месозад. Ҳангоми ббозӣ фишори буғумҳоро рафъ шуда, саломатии инсон рӯ ба беҳбудӣ меорад, вале эҳтиёт шудан шарт аст, чунки оби сард боиси хуруҷи баъзе бемориҳои илтиҳобӣ гашта метавонад.

 

Машқҳои ҳамаҷониба барои тамоми бадан

Ҳангоми оббозӣ мушакҳои пушт, китфҳо, қафаси сина ва пойҳо дар як вақт фаъолона ҳаракат мекунанд ва дар натиҷа бадани кас обутоб ёфта, соҳиби пайкари зебо мегардад.

 

Аз дарди буғумҳо раҳоӣ мебахшад

Табибон ба нафароне, ки аз дарди банду буғумҳо азият мекашанд, маслиҳат медиҳанд, ки дар фасли тобистон бештар оббозӣ кунанд. Гап дар сари он аст, ки ҳангоми оббозӣ бо шарофати хусусиятҳои табии об сарбории системаи мушакҳо ба ҳадди аққал мерасад. Ин беҳтарин варзиш аст барои шахсоне, ки аз дарди тахтапушт, артроз ё вазни зиёдатӣ дар азобанд.

 

Дилро пурқувват месозад

Оббозӣ барои тақвияти дил хеле муфид аст. Тадқиқотҳои олимон нишон медиҳанд, ки машғул шудан бо оббозӣ фаъолияти дилу рагҳоро ба низом дароварда, гардиши хунро беҳтар месозад ва хатари сар задани бемориҳои гуногуни дилро коҳиш медиҳад, албатта ба шарте, ки кас ба иллатҳои ҷиддии дил гирифтор набошад.

 

Ба узвҳои нафас фоида дорад

Оббозӣ барои узвҳои системаи нафаскашӣ низ хеле муфид аст. Нафаскашии фаъол ҳангоми шиноварӣ зарфияти шушро зиёд карда, мушшакҳои системаи нафасро мустаҳкам месозад.

 

Аз вазни зиёдатӣ халос шудан хоҳед, бештар оббозӣ кунед

Шахсоне, ки мушкили фарбеҳӣ доранд, агар ба ҷойи парҳез ва истифодаи доруҳои гуногуни зарарнок бо оббозӣ машғул шаванд, зудтар ба мақсад мерасанд. Исбот шудааст, ки тӯли як соати шиноварии шадид аз 400 то 700 килокалория сӯхта, машғул шудан бо оббозӣ ба об шудани равғанҳои бадан мусоидат менамояд.

 

Оббозӣ мушшакҳоро пурқувват месозад

Оббозӣ барои мушшакҳо хеле фоидаовар аст. Бартариаш дар он аст, ки бо оббозӣ машғул шудан тамоми мушшакҳои баданро пурқувват месозад ва дар натиҷа кас метавонад душворҳои ҳаёти рӯзмарраро ба осонӣ паси сар намояд.

 

Стрессро бартараф намуда, асабро ором месозад

Исбот шудааст, ки оббозӣ барои рафъи асабоният ва стресс фоида дорад. Ҳангоми машғул шудан бо оббозӣ шиддати эҳсосот паст шуда, ба истеҳсоли эндорфин мусоидат менамояд. Дар натиҷа системаи асаб ором шуда, стресс бартараф ва руҳияи инсон хуб мешавад.

 

Иммунитети одамро пурқувват мегардонад

Машғул шудан бо оббозӣ иммунитети инсонро пурқувват месозад. Сирраш дар он аст, ки ҳарорати об аз ҳарорати бадани инсон пасттар мебошад. Аз ҳамин сабаб ҳангоми машғул шудан бо оббозӣ системаи муҳофизатии организм барои дифоъ аз худ фаъол гашта, дар натиҷа иммунитет пурқувват ва тобовар мешавад.

 

Беҳтар шудани хоб пас аз оббозӣ

Оббозӣ барои афроде, ки мушкили бехобӣ доранд, хеле фоиданок мебошад. Пас аз шиноварии фаъол ҳолати умумии инсон хуб шуда, хастагии ҷисмонӣ ба зудӣ бартараф мегардад ва кас орому бароҳат мехобад.

 

Зарарҳои эҳтимолии оббозӣ

Зиён ба пӯст

Хлоре, ки барои безараргардонӣ дар ҳавзҳои шиноварӣ истифода мешавад, метавонад пӯстро хушк кунад ва аллергияро ба вуҷуд орад. Дар натиҷа чашмҳо месӯзанд ва обрав мешаванд.

 

Сироятҳои ЛОР

Рафтани об ба гӯш ҳангоми оббозӣ эҳтимол дорад. Ин метавонад боиси отит гардад. Ба ғайр аз ин, бар асари намӣ кас ба ринит, синусит ва дигар бемориҳои системаи ЛОР гирифтор шуда метавонад.

 

Мушкилоти гинекологӣ

Оби хлордор ё гипотермия метавонад боиси авҷ гирифтани цистит ё вайрон шудани микрофлораи узвҳои ҷинсии занона гардад.

 

Хатари ғарқшавӣ

Ба шахсоне, ки маҳорати оббозӣ кардан надоранд ва аз нозукиҳои шиноварӣ огоҳ несанд, дар дарёҳо ва кулҳои калон оббозӣ кардан маслиҳат дода намешавад, чунки хатари ғарқшавӣ вуҷуд дорад.

 

Дар кадом ҳолатҳо оббозӣ кардан манъ аст?

Машғул шудан бо шиноварӣ дар ҳолатҳои зерин манъ аст:

  1. Агар шумо захмҳои кушода дошта бошед
  2. Ба бемориҳои сироятии вирусӣ гирифтор гашта бошед
  3. Мушкилоти дил-стенокардия ё норасоии кори дил дошта бошед
  4. Гирифтори бемории сили фаъол бошад
  5. Мушкилоти бӯҳронии рагҳо дошта бошед.

 

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


5 ғизои муфид барои фаъолияти мағзи сар

Мағзи сар яке аз узвҳои асосӣ ва сермасрафи бадан аст ва барои фаъолияти дуруст ба ғизо, об ва микроэлементҳои зарурӣ ниёз дорад. Вақте организм аз ин моддаҳо камбудӣ эҳсос мекунад, инсон зуд хаста мешавад, диққаташ парешон мегардад ва қобилияти хотира метавонад коҳиш ёбад.   Мутахассисони...


Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон — 24 ноябр

24 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил мегардад. Ин сана баъд аз қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (24 ноябри соли 1992) муқаррар шудааст. Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ба шумор меравад ва...


Пешниҳоди муфтӣ: ҷавонон бояд пеш аз издивоҷ давраи омӯзишӣ гузаранд

Саидмукаррам Абдуқо-дирзода, раиси Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар як суханронии ахири худ аз афзоиши ҷудошавии оилаҳои ҷавон изҳори нигаронӣ карда, пешниҳод намудааст, ки ҷавонон пеш аз издивоҷ дар бораи оиладорӣ китоб хонанд ва ҳатто аз як давраи кӯтоҳи омӯзиши зиндагии муштарак...


Намояндагии вазорат аз муҳоҷирон хост ба ҳисобҳои ношинос пул нафиристанд

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия аз муҳоҷирони тоҷик даъват кардааст, ки ба корт ва суратҳисобҳои шахсони номаълум ва созмону фондҳои ношинос маблағ интиқол надиҳанд. Намояндагӣ рӯзи 22-юми сентябр ҳушдор додааст, ки гурӯҳҳои манфиатҷӯ ва фондҳои қалбакӣ...


Дар Санкт-Петербург фаъолияти муҳоҷиронро дар чанд соҳаи корӣ маҳдуд карданд

Мақомоти шаҳри Санкт-Петербург барои шаҳрвандони хориҷие, ки дар асоси патент фаъолият мекунанд, дар як қатор соҳаҳо маҳдудияти кор ҷорӣ намуданд. Ин манъкунӣ соҳаҳои тиб, савдои чакана, сартарошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн, толорҳои варзишӣ ва марказҳои солимгардониро дар бар мегирад. Тибқи қарори...