10 фоидаи рӯза ба саломатӣ

10 фоидаи рӯза ба саломатӣ

10 фоидаи рӯза ба саломатӣ

Рӯза доштан дар моҳи шарифи Рамазон яке аз фарзҳои муҳимест, ки ҳар як шахси мусалмони болиғ, солимақл ва тандуруст бояд ба ҷо оварад. Тадқиқотҳои олимони соҳаи тиб нишон медиҳанд, ки рӯза гирифтан барои саломатӣ низ фоидаҳои зиёде дорад, ки 10-тои онро манзури шумо мекунем.

 

  1. Ҷисм аз заҳрҳо тоза мешавад. Бо шарофати рӯзадорӣ ҷисми инсон аз дарун тоза мешавад. Рӯзона аз хӯрдану нӯшидан даст кашидани шахси рӯзадор боиси он мегардад, ки равғанҳои шикам ва дигар қисматҳои бадан об шуда, заҳрҳои дар организм ҷамъшуда аз ҷисм хориҷ гарданд.
  2. Рӯза иммунитети инсонро баланд месозад. Дар сурати риоя намудани қоидаҳои рӯзадорӣ гирифтани рӯза боиси пурқувват гаштани иммунитети инсон хоҳад гашт. Барои ин, шахси рӯзадор бояд субҳу шом, яъне ҳангоми саҳархӯрӣ ва ифтор ғизои солим истеъмол намояд.
  3. Рӯзадор ба бемориҳои илтиҳобӣ гирифтор намешавад. Исбот шудааст, ки рӯза гирифтан боиси кам шудан ва ҳатто тамоман нест шудани нишонаҳои бемориҳои илтиҳобӣ дар организми инсон мегардад. Гирифтани рӯза ҳамчунин касро аз аллергия ва бемориҳои артрит ва псориаз халос мекунад. Табибон тахмин мекунанд, ки рӯза гирифтан боиси тезтар халос шудан аз бемориҳои рӯда, аз ҷумла “язвенный колит” гашта метавонад.
  4. Рӯза чашмро равшану пӯстро ҷавон месозад.Ҳангоми рӯзадорӣ дар ҷисми инсон ҷараёни бозсозии дохилӣ оғоз ёфта, дар натиҷа пӯст ҷавону пуртароват мегардад ва нури чашм равшантар мешавад. Аз ҳамин сабаб, баъди моҳи шарифи Рамазон чашмони инсон дурахши тоза пайдо мекунанд.
  5. Сатҳи қанд дар хун паст мешавад. Ҳангоми рӯзадорӣ ҷисми инсон ба инсулин ҳассостар мегардад, ки ин бисёр муҳим аст. Ҳассосияти ҷисм ба инсулин намегузорад, ки баъди хӯрдани хӯрок сатҳи қанд дар ҷисми инсон баланд шавад. Барои кори бонизоми ғадуди зери меъда низ ин бисёр муҳим ва фоидаовар аст.
  6. Фишори хун паст мешавад. Рӯза гирифтан боиси паст шудани фишори хун мегардад. Аз ҳамин сабаб, аксари шахсоне, ки аз бемории фишорбаландӣ азият мекашанд, дар давраи Рамазон худро беҳтар эҳсос мекунанд. Фишори хун ба низом медарояд, агар шахси рӯзадор реҷаи хӯрокхӯриро ҳангоми саҳархӯрӣ ва ифтор дуруст ба роҳ монда, ба парҳез риоя намояд.
  7. Фоидаи рӯза ба рӯдаю меъда. Рамазон давраи истироҳати рӯдаю меъдаи шахсони рӯзадор мебошад. Агар кас баднафсӣ карда, субҳу шом аз ҳад зиёд хӯрок нахӯрад, кори системаи ҳозимааш беҳтар гашта, аз бисёр дарду иллатҳои рӯда ва меъда халос мешавад.
  8. Рӯзадор аз вазни зиёдатӣ халос мешавад. Дар давраи Рамазон дар ҷисми инсон ҷараёнҳое, ки боиси тезтар партофтани вазни зиёдатӣ мегарданд, фаъол мешаванд. Дар натиҷа равғанҳои бадан об шуда, кас тезтар лоғар мешавад. Дар сурати кам кардани истеъмоли хӯрокҳои серравған, хамирӣ ва қанду шириниҳо шумо баъди Рамазон низ химчамиён мемонед. Аммо барои он ки ҷисматон қуввату неру бигирад, бояд бештар меваю сабзавоти тару тозаро нӯши ҷон созед.
  9. Инсон ба ғизои солим шавқ пайдо мекунад. Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки маҳз дар давраи Рамазон одамон аз баҳри хӯрдани фастфуд, ҳасиб, обҳои газнок ва дигар хӯрокҳои нимтайёри зараровар гузашта, ғизои солим истеъмол мекардагӣ мешаванд. Бештар истеъмол кардани хӯрданиҳои табиӣ ва ғизои аз нигоҳи экологӣ тоза ҷисми инсонро бо витамину минералҳои зарурӣ таъмин намуда, кас ба тарзи ҳаёти солим одат мекунад.
  10. Рӯзадорӣ — роҳи беҳтарини халос шудан аз одатҳои бад. Рӯза гирифтан барои халос шудан аз одатҳои бад ёрӣ мерасонад. Шахсоне, ки ба маю шароб майл доранд, тамоку ё нос мекашанд, дар моҳи шарифи Рамазон тарки ин корҳо намуда, хуморашон камтар мешавад.

Олимон исбот намудаанд, ки дар давраи Рамазон талаботи ҷисми инсон ба никотин, алкогол, кофеин ва дигар маводҳои хуморовар кам мешавад. Агар шумо чунин одатҳои бад доред, барои партофтани маю шароб Рамазон баҳонаи беҳтарин аст.

 

 

«Pressa.tj»

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Фоидаҳои ҷигари мурғ

Қаблан дар Тоҷикистон касе ҷигари мурғро намехӯрд, вале ҳоло он дар ҳамаи мағозаҳо фурӯхта мешавад.   Ҷигари мурғ яке аз маҳсулоти серғизо ба шумор меравад. Он аз оҳан, витамини А, витамини В12, фолат ва сафеда бой аст. Маҳз ба ҳамин далел метавонад барои пешгирӣ ё кам кардани хатари баъзе...


Муфтии Тоҷикистон аз муҳоҷирон хост, ки дар тарбияи фарзандон фаъол бошанд

Муфтии Тоҷикистон аз муҳоҷирон хост, ки дар тарбияи фарзандон фаъол бошанд Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, аз муҳоҷирони тоҷик даъват кардааст, ки бо аҳли оилаи худ робитаи доимӣ дошта бошанд ва дар тарбияи фарзандон саҳми фаъол гузоранд. Тибқи иттилои...


Оши туппа

Маҳсулоти лозима: Гӯшти қимма, пиёз, сабзӣ, равғани растанӣ, зира, нахӯд ва лӯбиёи таркардашуда, хамири бурида.   Тарзи таҳия: Сараввал гӯшти қимма, пиёз ва сабзиро дар каме равғани растанӣ бирён карда, об резед ва зираю намак пошед, сипас нахӯди таркардашуда ва лӯбиёро андозед. Пас аз...


Тарғиби илму дониш дар «Хирадномаи Искандари»-и Абдурраҳмони Ҷоми

Вақте ки дилҳо аз илму дониш шодобу мунаввар мешаванд, муносибатҳои байни одамон, раҳму шафқат бештар мегардад. Ҷомеаи инсонӣ пеш меравад, тараққӣ мекунад, ноадолатӣ, бедодгарӣ оҳиста-оҳиста аз байн меравад.   Мақсаду мароми Абдураҳмони Ҷомӣ ҳамчун инсондўсти бузург таълим додан ва тарбия...


Пешниҳоди муфтӣ: ҷавонон бояд пеш аз издивоҷ давраи омӯзишӣ гузаранд

Саидмукаррам Абдуқо-дирзода, раиси Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар як суханронии ахири худ аз афзоиши ҷудошавии оилаҳои ҷавон изҳори нигаронӣ карда, пешниҳод намудааст, ки ҷавонон пеш аз издивоҷ дар бораи оиладорӣ китоб хонанд ва ҳатто аз як давраи кӯтоҳи омӯзиши зиндагии муштарак...