Диабети қанд. Кадом хӯрданиҳои бомазза душмани мо ҳастанд?

Диабети қанд. Кадом хӯрданиҳои бомазза душмани мо ҳастанд?

Шумораи гирифторони диабети қанд сол ба сол афзоиш ёфта истодааст. Тавре Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ иттилоъ додааст, диабети қанд дараҷаи фавти аҳолиро 2-3 баробар афзоиш дода, давомнокии умрро кӯтоҳ мекунад.

 

Афзоиши беморӣ

Ҳамасола афзоиш ёфтани шумораи беморон, махсусан диабети навъи 2, ки 85 фисади ҳолатро ташкил медиҳад, мутахассисони соҳаро нигарон кардааст. Вақтҳои охир шумораи гирифторони бемории диабети қанд миёни ҷавонон хеле зиёд шудааст. Тавре диетолог-эндокринолог Александр Семёнов гуфт, аксарият гумон мекунанд, ки қанд танҳо дар таркиби торту қандина ва дигар шириниҳо вуҷуд дорад, аммо ин тавр нест.

 

Бомазза, вале зараровар

Чанд маҳсулоте, ки боиси баландшавии қанд мегарданд, инҳо мебошанд:

  1. Соус ва кетчупҳо. Дар таркиби як қошуқ кетчуп як қошуқча шакар (4 грамм) вуҷуд дораду дар таркиби соуси чили ду қошуқча (тақрибан 8 грамм).
  2. Шавлаву шӯрбои тайёр. Аз рӯи ҳисоби миёна дар таркиби як порс (100 грамм шӯрбои тайёр ё кашша) аз 0,5 до 7 грамм шакар (вобаста ба брендаш) вуҷуд дорад.
  3. Полуфабрикатҳо – (сосиска, сарделка, ҳасиб, бекон, ветчина). Истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ бе иловаи шакар намешавад. Аз ҳамин сабаб ҳасибу ҳасибчаҳо хушмаззаанд.
  4. Нон. Дар таркиби тамоми намуди нон қанд ҳаст. Дар 100 грамм нони дилхоҳ аз 7 то 10 грамм шакар вуҷуд дорад.
  5. Маҳсулоти беравғаншудаи ширӣ. Якҷоя бо равған маҳсулоти ширӣ тамъу маззаи худро гум мекунанд. Аз ин рӯ, истеҳсолкунандагон ба таркиби маҳсулоти худ шакар илова мекунанд. Дар таркиби маҳсулоти ширӣ қандро ҳамчун глюкоза, лактоза, фруктоза ва ғайра қайд мекунанд.
  6. Донагӣ ва хушкмеваҳо дар баробари фоидабахш буданашон на танҳо калорияи баланд, балки қанди зиёд низ доранд.
  7. Нӯшокиҳои ширин. Қанде, ки дар таркиби нӯшокиҳои газнок ва шарбати мева вуҷуд дорад, баробар аст ба қанди таркиби конфету қандинаҳо. Як истакон шарбати ангур аз рӯйи ғизонокӣ баробари як порс торти шоколадӣ аст. Бинобар ин, ҳангоми истеъмоли нӯшокиҳо андозаро нигоҳ доштан лозим аст.

 

Аз қанд даст кашида мешавад?

Оё мешавад, ки аз қанд даст кашид? Мутаассифона, қандро аз таркиби маҳсулоти номбаршуда нест карда намешавад. Қанд дар таркиби меваву сабзавот, лӯбиёӣ ва ғайра низ вуҷуд дорад, ки аз ин хӯрданиҳо даст кашидан лозим нест. Табибон низ пурра аз қанд даст кашиданро тавсия намедиҳанд. Норасоии глюкоза ва карбогидратҳои зудҳазм боиси руҳафтодагӣ ва асабхаробӣ мегардад, хусусан, дар нафароне, ки пайваста дар ҳолати изтироби шадид (яъне, нафарони корашон фаъол ва серҳаракат) қарор доранд.

Истеъмоли маҳсулоти ширин табъи инсонро болидаву самаранокияшро беҳтар месозад. Вале истеъмоли шакар бояд андоза дошта бошад, яъне дар як рӯз 50 грамм шакар (10-12 қошуқча) барои инсон кифоя аст.

 

Сабаби қанди баланд чист?

Тавре тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ширинихӯрӣ не, балки бештар камҳаракатӣ боиси бемории қанд мешавад. Ҳамчунин, ирсият сабаби гирифторӣ ба бемории қанд аст. Аз ин рӯ, нафароне, ки фарбеҳ мешаванд, бояд парҳезро риоя намуда, қанди хунро пайваста назорат намоянд.

 

Омилҳои афзоиши саратон

Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ пешгӯӣ мекунад, ки то соли 2050 шумораи беморони саратон дар саросари ҷаҳон ба таври қобили мулоҳиза афзоиш хоҳад ёфт.

Афзоиши пешбинишуда 77 дарсад ё тақрибан 35 миллион ҳолати нави саратонро ташкил медиҳад. Дар навбати худ олимон аз омилҳое, ки боиси пайдоиши ин беморӣ мегарданд, ёдовар шуданд.

“Ифлосшавии ҳаво, бахусус зарраҳои майдаи газҳои ихроҷшуда метавонанд ба шуш амиқ ворид шаванд ва ба халтаҳои хурди ҳаво, ки алвеолаҳо ном доранд, бирасанд, ки дар он ҷо оксиген ва гази карбон мубодила мешаванд. Дар ин ҷо онҳо илтиҳобро ба вуҷуд меоранд ва фаъолияти ҳуҷайраҳоро вайрон мекунанд, ки боиси саратон мегардад. Ин як раванди нозук, вале хатарнок аст, ки дар он механизмҳои дифои шуш як аксуламали занҷирро ба вуҷуд меоранд, ки нохост ба пайдоиши варамҳо оварда мерасонад»,- гуфтанд муҳаққиқон.

Ба гуфтаи СУТ, дар баробари олудагии ҳаво, афзоиши аҳолӣ низ ба ин таъсир мерасонад, зеро мизони бемории саратон низ афзоиш меёбад.

– Тамоку ва машруботи спиртӣ аз омилҳое мебошанд, ки саратонро ба вуҷуд меоранд,- хабар медиҳад korrespondent.net.

 

 

(«Пресса.тж»)

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Муҳоҷирон дигар наметавонанд зиёда аз як миллион рублро аз Русия бароранд

Аз Русия бо худ ба Ватан бурдани пули нақд барои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик душвор мегардад. Президенти Русия Владимир Путин фармонеро ба имзо расонидааст, ки тибқи он қоидаҳои аз кишвар баровардани пули нақд сахттар карда мешаванд. Дар ин бора дар сомонаи расмии президенти Русия хабар дода...


Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон — 24 ноябр

24 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил мегардад. Ин сана баъд аз қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (24 ноябри соли 1992) муқаррар шудааст. Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ба шумор меравад ва...


Тоҷикистон бозгардонидани муҳоҷирони тоҷикро аз боздоштгоҳи Русия баррасӣ кардааст

Тоҷикистон бозгардонидани муҳоҷирони тоҷикро аз боздоштгоҳи Русия баррасӣ кардааст Кормандони Хадамоти консулии Сафорати Тоҷикистон дар Русия аз Маркази нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар ноҳияи Гулкевичи минтақаи Краснодар боздид кардаанд. Дар ин марказ шаҳрвандони...


Фоидаҳои ҷигари мурғ

Қаблан дар Тоҷикистон касе ҷигари мурғро намехӯрд, вале ҳоло он дар ҳамаи мағозаҳо фурӯхта мешавад.   Ҷигари мурғ яке аз маҳсулоти серғизо ба шумор меравад. Он аз оҳан, витамини А, витамини В12, фолат ва сафеда бой аст. Маҳз ба ҳамин далел метавонад барои пешгирӣ ё кам кардани хатари баъзе...


Чин дар Тоҷикистон нерӯгоҳҳои офтобӣ месозад

Ширкати «LONGi»-и Чин барои бунёди нерӯгоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ менамояд. Масъалаи бунёди нерӯгоҳҳо ва дигар масоили марбут ба соҳаи энергетика дар мулоқоти вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо намояндагони ширкати «LONGi»-и Чин дар...