Дӯғоб-нӯшобаи фоиданок дар фасли тобистон

Дӯғоб-нӯшобаи фоиданок дар фасли тобистон

Бо фаро расидани фасли тобистон ва гармшавии ҳаво талабот ба нӯшокиҳои ташнагишикан меафзояд. Аз кадом нӯшокиҳо истифода барем, ки ҳам ташнагиро шиканад ва ҳам ба саломатиамон зарар нарасонад?

 

Мутахассисон дар ин маврид нӯшидани дӯғобро, ки дар байни мардум бо номи «чолоб» маъмул аст, бештар тавсия медиҳанд.

Дӯғоб нӯшокии миллӣ буда, аз чакка ва дигар сабзавоту гиёҳҳои шифобахш омода карда мешавад. Нӯшидани дӯғоб дар фасли гармо неруро дар бадан барқарор мекунад. Инчунин барои нафароне, ки дар ин фасл майли истеъмоли таом надоранд, хело муфид аст, зеро он иштиҳоовар буда, меъдаро нарм ва раванди ҳазмро осон намуда, кори рӯдаро беҳтар мекунад.

Дӯғоб аз чакка, об, намак, бодиринг, помидор, қаламфур, ҷаъфарӣ, шибит, пӯдина, райҳон ва дигар кабудиҳо омода мешавад.

Дӯғоб барои рӯдаҳо хеле муфид аст. Он дар ҳоли мушкилиҳои меъда метавонад кумак кунад. Дар таркиби он витаминҳои B ва C низ мавҷуд аст, ки барои масуният муҳиманд.

Ба тавсияи ғизошиносон, дӯғобро барои он дар фасли тобистон нӯшиданаш маъмул ва фоидаовар аст, ки дар рӯзҳои гармӣ ё баъди машқҳои ҷисмонӣ дӯғоб оби бадан ва неруро барқарор мекунад. Намак ва моеъи он аз беҳтарин тарзҳои барқарорсозии неру дар гармо аст.

Табибони бемориҳои дил тавсия медиҳанд, ки нафароне, ки дар рӯзҳои ҳарорати баланди тобистон фишорашон баланд мешавад, дӯғоб истеъмол намоянд. Зеро дӯғоб ба паст кардани фишори хун ва холестерин кумак мекунад. Инчунин дар баъзе тадқиқотҳо дӯғоб барои коҳиши хатари бемориҳои дил низ муфид мебошад.

Ба нафароне, ки аз таъсири офтоб ба бемории гармозадагӣ гирифтор мешаванд, нӯшидани дӯғоб тавсия дода мешавад. Инчунин нафароне, ки аз таъсири ҳарорати баланди ҳаво сарчархзанӣ ва беҳолӣ дар худ мушоҳида намоянд, бояд дӯғоб нӯшанд. Зеро он бо намак ва оби худ метавонад ин ҳолатҳоро пешгирӣ кунад.

(Пресса.тж)

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Саволу ҷавоб

Ҳамсояамон мегўяд, ки бо тасбеҳ зикри бисёр кардан дуруст нест, чунки он бидъат аст. Оё ин ақида дуруст аст ё на? Худованд дар каломи худ бандагонашро ба бисёр зикр гуфтан амр кардааст, чунонки мефармояд: “Эй мўъминон, Худоро ба ёд кардани бисёр ёд кунед”. (Сураи “Аҳзоб”,...


Намояндагии вазорат аз муҳоҷирон хост ба ҳисобҳои ношинос пул нафиристанд

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия аз муҳоҷирони тоҷик даъват кардааст, ки ба корт ва суратҳисобҳои шахсони номаълум ва созмону фондҳои ношинос маблағ интиқол надиҳанд. Намояндагӣ рӯзи 22-юми сентябр ҳушдор додааст, ки гурӯҳҳои манфиатҷӯ ва фондҳои қалбакӣ...


Рӯзи 16-уми ноябр — рӯзи таърихӣ ва муҳим барои миллату кишвар

Тавре ба ҳамагон маълум аст, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» рӯзи 16 ноябр Рӯзи Президент муайян карда шудааст. Мо ҳамасола ин рӯзро ҳамчун рамзи қадршиносӣ аз заҳмату талошҳои Пешвои миллат дар роҳи эъмори давлати миллии тоҷикон — «Рӯзи Президенти...


Муҳоҷирон дигар наметавонанд зиёда аз як миллион рублро аз Русия бароранд

Аз Русия бо худ ба Ватан бурдани пули нақд барои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик душвор мегардад. Президенти Русия Владимир Путин фармонеро ба имзо расонидааст, ки тибқи он қоидаҳои аз кишвар баровардани пули нақд сахттар карда мешаванд. Дар ин бора дар сомонаи расмии президенти Русия хабар дода...


Гули бобуна ба кадом дардҳо давост?

Аксари табибон ҳангоми бемориҳои гуногун ба беморон нӯшидани гиёҳоби бобуна (ромашка)-ро тавсия медиҳанд. Мехоҳам донам, ки бобуна чӣ фоида дорад?   Посух: - Гули бобуна дар ҳақиқат хусусиятҳои табобатии зиёде дорад. Ин гиёҳи мӯъҷизанокро дар саросари Тоҷикистон пайдо кардан мумкин атс,...