5 қоидаи нави вуруд ба Русия, ки муҳоҷирони меҳнатӣ бояд бидонанд

5 қоидаи нави вуруд ба Русия, ки муҳоҷирони меҳнатӣ бояд бидонанд

Шуруъ аз 1-уми декабри соли 2024 қоидаҳои вуруди шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ ба Россия тағйир ёфтанд.

 

Акнун барои ворид гаштан ба қаламрави Федератсияи Россия муҳоҷирони меҳнатӣ бояд аз амалиётҳои муайян гузаранд. Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки азми сафар ба Федератсияи Россия доранд, расонида мешавад, ки дар қонунгузории ин кишвар навгонӣ ворид карда шудааст ва мувофиқи он аз 1-уми декабри соли 2024 шаҳрвандони хориҷие, ки ба Россия ворид мешаванд, дар гузаргоҳи сарҳадӣ аз санҷиши дактилоскопӣ (гирифтани изи ангушт) ба таври ҳатмӣ бояд гузаранд. Мувофиқи қарори Ҳукумати Россия аз 7-уми ноябри соли 2024 таҳти №1510 дар Россия озмоиши ҷамъоварии маълумоти биометрӣ аз шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ ҳангоми ворид шудан ва баромадан аз ин кишвар гузаронида мешавад. Дар марҳилаи аввали озмоиш, аз 1-уми декабри соли 2024 то 30-юми июни соли 2026, шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба фурудгоҳҳои байналмилалии Москва-Домодедово, Шереметево, Внуково ва Жуковский ё тавассути убури марз аз гузаргоҳи автомобилии “Маштаково”-и вилояти Оренбург меоянд, вазифадоранд, ки маълумоти биометрӣ ва тасвири чеҳраҳояшонро ба қайд гиранд.

 

Марҳилаи дуюм

Дар марҳилаи дуюм, аз 30-юми июни соли 2025 то 30-юми июни соли 2026, озмоиш ҳамаи нуқтаҳои гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Россияро фаро мегирад. Дар ин давра барои ҳар як шаҳрванди хориҷии воридшаванда профили рақамӣ ташкил карда мешавад. Профили рақамиро мустақилона дар барномаи “RuID” ташкил намудан имконпазир аст. Он ба хидматрасониҳои рақамии дигар монанд буда, имкони хабар додан дар бораи ташрифот ва гирифтани хидматрасониҳои гуногунро дар қаламрави Россия пешниҳод мекунад, масалан, суғуртаи тиббӣ, барасмиятдарории сим-корти мобилӣ, гирифтани навбат дар идораҳои ВКД ФР оид ба муҳоҷират ва ғайра. Профили рақамӣ ба як қатор системаҳои давлатӣ, аз ҷумла “Госуслуги” ворид карда мешавад.

Шаҳрвандони хориҷие, ки дар марҳилаи дуюм - аз 30.06.2025 то 30.06.2026 нияти сафар ба Россияро доранд, бояд 72 соат қабл аз сафар ба Россия, бо истифода аз барномаи мобилии портали ягона дар системаи ягонаи идентификатсия ва аутентификатсия сабти ном карда шаванд ва бо истифода аз портали ягонаи мобилӣ дар шакли электронӣ ариза бобати ворид шудан ба Россия ва дар Россия будан (зиндагӣ кардан)-ро пешниҳод намоянд. Дар ҳолати пайдо шудани саволҳо муҳоҷирони меҳнатӣ ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо рақамҳои зерин муроҷиат карда метавонанд: 1. Ҳавзаи Федералии Марказӣ, ш. Москва: +7 (495) 967-98-44, +7 (967) 271-02-02, +7 (988) 676-00-00, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (926) 586-03-00 ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” +7 (999) 912-58-68; 2. Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Уфа: +7 (926) 311-52-53; 3. Ҳавзаи Федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69; 4. Ҳавзаи Федералии Ҷанубӣ, ш. Краснодар: +7 (901) 344-77-77; 5. Ҳавзаи Федералии Сибир, ш. Новосибирск: +7 (929) 388-54-11; 6. Ҳавзаи Федералии Шарқи Дур, ш. Хабаровск: +7 (909) 809-55-48

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Пешниҳоди муфтӣ: ҷавонон бояд пеш аз издивоҷ давраи омӯзишӣ гузаранд

Саидмукаррам Абдуқо-дирзода, раиси Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар як суханронии ахири худ аз афзоиши ҷудошавии оилаҳои ҷавон изҳори нигаронӣ карда, пешниҳод намудааст, ки ҷавонон пеш аз издивоҷ дар бораи оиладорӣ китоб хонанд ва ҳатто аз як давраи кӯтоҳи омӯзиши зиндагии муштарак...


5 ғизои муфид барои фаъолияти мағзи сар

Мағзи сар яке аз узвҳои асосӣ ва сермасрафи бадан аст ва барои фаъолияти дуруст ба ғизо, об ва микроэлементҳои зарурӣ ниёз дорад. Вақте организм аз ин моддаҳо камбудӣ эҳсос мекунад, инсон зуд хаста мешавад, диққаташ парешон мегардад ва қобилияти хотира метавонад коҳиш ёбад.   Мутахассисони...


Муҳоҷирон дигар наметавонанд зиёда аз як миллион рублро аз Русия бароранд

Аз Русия бо худ ба Ватан бурдани пули нақд барои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик душвор мегардад. Президенти Русия Владимир Путин фармонеро ба имзо расонидааст, ки тибқи он қоидаҳои аз кишвар баровардани пули нақд сахттар карда мешаванд. Дар ин бора дар сомонаи расмии президенти Русия хабар дода...


«Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид

«Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум дар таърихи х-уд Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овард. Дар бозии ниҳоии мусобиқаи «Ҷоми Тоҷикистон2026» футболбозони Хуҷанд бар тими «Сардор»-и шаҳри Турсунзода бо...


Гули бобуна ба кадом дардҳо давост?

Аксари табибон ҳангоми бемориҳои гуногун ба беморон нӯшидани гиёҳоби бобуна (ромашка)-ро тавсия медиҳанд. Мехоҳам донам, ки бобуна чӣ фоида дорад?   Посух: - Гули бобуна дар ҳақиқат хусусиятҳои табобатии зиёде дорад. Ин гиёҳи мӯъҷизанокро дар саросари Тоҷикистон пайдо кардан мумкин атс,...