Роҳҳои осони ба иҷора гирифтани хона дар Россия
Роҳҳои осони ба иҷора гирифтани хона дар Россия
Ҷустуҷӯйи хона дар мулки ғурбат-мушкили №1-и муҳоҷирон. Аслан ҷустуҷӯи манзили иҷора ба сари худ кори хеле мушкил ва асабхаробкунанда аст, агар шумо ғариб ва муҳоҷири меҳнатӣ бошед, мушкилатон дучанд мегардад. Барои муҳоҷир ёфтани иҷорахонае, ки ҳам аз лиҳози нарх ва ҳам аз назари шароит хуб бошад, кори саҳл нест ва баъзан танҳо ранги дигар доштани мӯю чашмони иҷораҷӯянда боис мешавад, ки соҳибхонаҳо аз иҷора додани манзилашон ба ин шахс худдорӣ намоянд. Аз ҳамин хотир мо қарор додем дар бораи роҳҳои осон ва бехатари ёфтани иҷорахона дар Федератсияи Россия маълумот диҳем.
Иҷорахонаи ба ҷойи коратон наздик ҷӯед, агар...
Муҳоҷир бояд пеш аз ҳама андеша намояд, ки маҳз дар кадом ноҳия ва чи гуна хонаро ба иҷора гирифтан мехоҳад ва оё имконияти иқтисодии пардохти маблағи иҷораро дорад. Бояд қайд кард, ки аксари муҳоҷирон то нимаҳои шаб кор мекунанд, агар шумо ҳам аз ҳамон тоифа бошед, беҳтараш хонаи ба ҷойи коратон наздиктарро ба иҷора бигиред, чунки дар аксари шаҳрҳои Россия мушкилоти танбашавии роҳҳо вуҷуд дорад ва агар иҷорахона дур бошад, ба кор дер монда, шумо натанҳо гап мешунавед, балки зарари иқтисодӣ низ мебинед.
Мушкили дигар афтидан ба доми қаллобон ҳангоми ҷустуҷӯйи хона аст
Аз содагию зудбоварии муҳоҷирони меҳнатӣ истифода бурда, баъзе мардумфиребон бо ваъдаҳои хом дар бораи ёфтани иҷорахонаи арзон пули онҳоро кашида мегиранду баъд бе ному нишон ғайб мезананд. Барои он ки ба доми қаллобон наафтед, беҳтараш аз роҳҳои санҷидашудаи ҷустуҷӯи манзили иҷора истифода баред.
Мушкили дигар он аст, ки хонаҳои бе миёнарав ба иҷора дода шаванда дар байни эълонҳои бисёр гум мешаванд, аниқтараш чунин хонаҳоро дар чанд соати аввал дарҳол ба иҷора мегиранд ва бештар хонаҳое мемонанд, ки риэлторҳо аз соҳибони аслиашон ба иҷора гирифта, бо зам кардани ҳиссаи худ дубора ба иҷора медиҳанд. Табиист, ки нархи хонаи иҷора дар ин ҳолат хеле боло меравад.
Барои фиреб нахӯрдан: Назари дигаронро дар интернет доир ба фаъолияти ширкати риэлторӣ ҷустуҷӯ намоед ва аниқ кунед, ки ин ширкат расман ба қайд гирифта шудааст ё не. Ҳангоми вохӯрӣ бо риэлтор ба гуфтору рафтораш диққат диҳед, агар дар ҳақиқат бо масъалаи иҷораи хона сару кор дошта бошад, риэлтор ҳатман мепурсад, ки шумо-иҷорагирандагон чанд нафар ҳастед ва оё кӯдакони хурдсолу ҳайвонҳои хонагӣ доред ё не. Риэлтори ҳақиқӣ тартиби ба иҷора гирифтани хонаро хуб медонад ва масъаларо ба зудӣ ҳал карда, барои ин хизматаш аз шумо маблағи муайян мегирад, вале пеш аз бастани шартномаи иҷораи хона бо соҳибмулк аз шумо маблағ пул намекунад.
Нозукиҳои иҷора гирифтани хона дар Россия
Шумо хонаи ба худатон муносибро тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ё сомонаҳои рекламавӣ пайдо кардед? Кӯшиш кунед фаҳмед, ки оё дар асл чунин хона вуҷуд дорад ё ин танҳо доми фиреб аст. Чанд аломате ҳаст, ки ба “фейк”будани эълон ва доми фиреб буданаш ишорат мекунад: Арзон бе иллат нест! Шумо садҳо эълонро дида фаҳмидед, ки нархи иҷораи хона тахминан 18-25 ҳазор рубл аст, вале якбора чашматон ба эълони хонае меафтад, ки ҳамагӣ бар ивази 7-8 ҳазор рубл иҷора дода мешавад. Хурсанд нашавед, зеро шояд дар асл чунин хона вуҷуд надошта бошад ва танҳо ба хотири аҳмақ кардани иҷораҷӯёндагон ва кор кардани пули муфт ин эълонро ҷой кардаанд ё ин хона ба дараҷае вайрона аст, ки дар он аслан зиндагӣ карда намешавад.
Талаб кардани пешпардохт, қабл аз дидани хона
Талаби соҳибхона дар бораи пешпардохт кардани иҷорапулӣ барои “банд” кардани хона, қабл аз бастани шартномаи иҷора шубҳаовар аст, зеро аксаран маҳз шахсони ҳанноте, ки дар асл ба хонаи дар эълон нишон дода шуда ягон робита надоранд, чунин эълонҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои рекламавӣ ҷойгир мекунанд ва баъди он ки иҷораҷӯяндаи содадилу зудбовар пулро ба суратҳисоби зикршуда гузаронд, телефонашонро хомӯш карда, ғайб мезананд.
Мавҷуд набудани сурати хонаи ба иҷора дода шаванда дар эълон. Аксари хонаҳое, ки эълонашон сурат надорад, дар асл вуҷуд надоранд. Бештар чунин эълонҳоро танҳо ба хотири ба дом афкандани иҷораҷӯён ва кор кардани пули муфт ҷой мекунанд.
Шартномаи иҷораи манзил чӣ тавр баста мешавад?
Бо соҳибхона шартнома набаста манзилеро ба иҷора гирифтан ҳам барои иҷорагиранда ва ҳам барои шахсе, ки хонаашро ба иҷора медиҳад, хавфнок аст. Дар ин ҳолат шаҳрванди хориҷӣ-муҳоҷир наметавонад худро дар манзили ба иҷора гирифтааш дар қайд гузорад ва маҷбур мешавад, ки роҳҳои дигари ҳалли ин масъаларо ҷустуҷӯ намояд, ба соҳибхона бошад, ҷарима таҳдид менамояд. Аз ҳамин хотир кӯшиш кунед, ки бо соҳибхона шартномаи хаттӣ баста, хонаро бо роҳи қонунӣ ба иҷора бигиред. Дар шартномаи иҷораи манзил бояд масъалаҳои зерин ҳатман зикр карда шаванд: Мӯҳлати амали шартномаи иҷораи хона. Маблағи моҳонаи иҷораи манзил ва санаи пардохти иҷорапулӣ. Маблағи гарав-залог. Тартиби кӯчидан ё кӯчонидан аз иҷорахона (Соҳибхона бояд чанд рӯз пеш иҷоранишинро огоҳ кунад, ки хонаашро ба каси дигар иҷора медиҳад, иҷорашинин дар навбати худ чанд рӯз пеш дар бораи ба манзили дигар кӯчиданаш бояд ба соҳибхона хабар диҳад).
Диққат! Пеш аз ворид шудан ба манзили иҷора масъалаҳои зеринро ҳал кардан лозим аст: Тамоми ҷиҳози дар хона бударо, ки моликияти соҳибхона ҳастанд, ба рӯйхат гирифта, аксашонро дар телефони худ бигиред, то дар кадом ҳолат қарор доштанашон маълум бошад. Ин кор ба он хотир зарур аст, ки баъдан соҳибхона бо баҳонаи вайрон кардани ин ё он ҷиҳози рӯзгор аз шумо маблағи иловагӣ талаб накунад. Нишондодҳои ҳисобкунаки барқ ва обро дар телефони худ чунон сурат бигиред, то рақамҳояш маълум бошанд. Соҳибхона бояд қарзи барқ ва оби истифода бурдаашро худаш пардохт намояд ва вақти ҳисобу китоб ин нишондодҳо ба шумо зарур мешаванд. Хона таъмир надошта бошад, пешакӣ бо соҳибхона маслиҳат кунед, ки агар шумо хонаро аз пули худатон таъмир намоед, маблағи сарф кардаатонро ҳамчун иҷорапулӣ ҳисоб мекунед ё не ва дар сурати розигӣ доданаш забонхаташро бигиред. Вақте ба соҳибхона пул медиҳед, ҳатман забонхаташро бигиред. Маблағро тариқи электронӣ ба суратҳисоби соҳибхона мегузаронида бошед, расид-чеки пардохти маблағро нигоҳ доред. Фаромӯш накунед, ки ба шартномаи иҷораи манзил ҳам соҳибхона ва ҳам иҷоранишин бояд имзо гузошта, розигии худро ба шартҳои иҷора тасдиқ намоянд.