Муҳоҷири тоҷикро аз Русия 100 сол депорт карданд

Муҳоҷири тоҷикро аз Русия 100 сол депорт карданд

Мақомоти Русия шаҳрванди Тоҷикистон Алиҷон Раҳмоновро ихроҷ карда, барои 100 соли оянда аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум кардаанд.

 

Бар асоси ҳушдоре, ки Алиҷон Раҳмонов қабл аз ихроҷаш аз қаламрави Русия дар хати марзи фурудгоҳи шаҳри Минералние Води дар минтақаи Қафқози шимолӣ имзо кардааст ва онро ҳомии шинохтаи ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик Каримҷон Ёров нашр кард, ин муҳоҷири тоҷик аз санаи ихроҷаш, яъне 3-юми апрели соли 2023 то 3-юми апрели соли 2123 ҳақ надорад марзи Русияро убур кунад.

Каримҷон Ёров менависад, ки ин муҳоҷири тоҷикро танҳо барои он чунин ҷазо додаанд, ки санади сабти номи харидааш, ба бахти бади ӯ, дар базаи ВКД будааст.

Каримҷон Ёров мегӯяд, ин бори аввал аст, ки як муҳоҷири тоҷикро барои 100 сол аз Русия депортатсия мекунанд ва он ҳам барои як қонуншикании маъмурӣ, ки аз нигоҳи қонунгузории ҷиноятӣ, қонуншикании чандон ҷиддие ба шумор намеравад. Ин ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон гуфт, дар гузашта мавридҳои барои 30, 40 ва ҳатто барои 99 сол ихроҷ шудани муҳоҷирони тоҷик аз Русияро шоҳид шуда буд, вале барои 100 сол рондани як муҳоҷирро бори аввал мешунавад.

Ба Алиҷон Раҳмонов дар фурудгоҳи Минералние Води ҳамчунин фаҳмонидаанд, ки агар то 3-юми апрели соли 2123 ба Русия баргаштанӣ шавад, бар асоси қисми дуюми моддаи 322-и Кодекси ҷиноятии Русия барои ин амалаш ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад. Қисми дуюми моддаи 322 барои убури марзи давлатии Русия аз тарафи шахсе, ки аз ҳаққи убури марзи ин кишвар маҳрум карда шудааст, ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи то 300 ҳазор рубл, ё то 4 сол корҳои ислоҳӣ ва ё 4 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Солҳои пеш ихроҷи муҳоҷирон ҳатто барои қонуншиканиҳои хурду резае, чун вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ё насупурдани пули барқу телефон хеле зиёд шуда, шумораи танҳо шаҳрвандони тоҷике, ки аз ҳаққи сафар ба Русия маҳрум шуда буданд, аз 300 ҳазор нафар гузашта буд. Солҳои охир ин тамоюл рӯ ба коҳиш овард, вале боз ҳам ҳар сол даҳҳо ҳазор муҳоҷирро аз Русия берун мекунанд.

Барои кишварҳое чун Тоҷикистон, ки манбаи асосии таъмини рӯзгори аксари хонаводаҳояшон пули аз Русия фиристодаи азизони муҳоҷири онҳост, аз ҳаққи сафар ба Русия маҳрум шудани ҳар муҳоҷир ба маънои аз як манбаи асосии даромадаш маҳрум шудани дастикам як хонавода аст.

 

Пресса.тж

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Рӯзи 16-уми ноябр — рӯзи таърихӣ ва муҳим барои миллату кишвар

Тавре ба ҳамагон маълум аст, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» рӯзи 16 ноябр Рӯзи Президент муайян карда шудааст. Мо ҳамасола ин рӯзро ҳамчун рамзи қадршиносӣ аз заҳмату талошҳои Пешвои миллат дар роҳи эъмори давлати миллии тоҷикон — «Рӯзи Президенти...


Пешниҳоди муфтӣ: ҷавонон бояд пеш аз издивоҷ давраи омӯзишӣ гузаранд

Саидмукаррам Абдуқо-дирзода, раиси Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар як суханронии ахири худ аз афзоиши ҷудошавии оилаҳои ҷавон изҳори нигаронӣ карда, пешниҳод намудааст, ки ҷавонон пеш аз издивоҷ дар бораи оиладорӣ китоб хонанд ва ҳатто аз як давраи кӯтоҳи омӯзиши зиндагии муштарак...


Гули бобуна ба кадом дардҳо давост?

Аксари табибон ҳангоми бемориҳои гуногун ба беморон нӯшидани гиёҳоби бобуна (ромашка)-ро тавсия медиҳанд. Мехоҳам донам, ки бобуна чӣ фоида дорад?   Посух: - Гули бобуна дар ҳақиқат хусусиятҳои табобатии зиёде дорад. Ин гиёҳи мӯъҷизанокро дар саросари Тоҷикистон пайдо кардан мумкин атс,...


«Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид

«Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум дар таърихи х-уд Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овард. Дар бозии ниҳоии мусобиқаи «Ҷоми Тоҷикистон2026» футболбозони Хуҷанд бар тими «Сардор»-и шаҳри Турсунзода бо...


Саволу ҷавоб

Ҳамсояамон мегўяд, ки бо тасбеҳ зикри бисёр кардан дуруст нест, чунки он бидъат аст. Оё ин ақида дуруст аст ё на? Худованд дар каломи худ бандагонашро ба бисёр зикр гуфтан амр кардааст, чунонки мефармояд: “Эй мўъминон, Худоро ба ёд кардани бисёр ёд кунед”. (Сураи “Аҳзоб”,...