Муҳоҷирон чиро бояд бидонанд?

Муҳоҷирон чиро бояд бидонанд?

Бо сабаби ворид гаштани тағйироти зиёд ба қонунгузории муҳоҷиратии Россия имрӯзҳо аксари муҳоҷирони тоҷик дар ҷустуҷӯйи роҳҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ба давлатҳои Аврупо ва кишварҳои дигари хориҷӣ ҳастанд. Ба хотири он ки ҳамватанонамон бо умеди дарёти кори сердаромад хуб дар хориҷи кишвар ба доми қаллобон наафтанд, имрӯз мо дар бораи баъзе қоидаҳои муҳими муҳоҷират ба ин кишварҳо маълумот медиҳем.

 

  1. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари Россия ҳамчунин бо чандин давлатҳои хориҷӣ, аз ҷумла Куриёи Ҷанубӣ, Британияи Кабир, Олмон, Ҷопон, Аморати Муттаҳидаи Араб, Миср, Қатар, Туркия, Литва, Латвия, Болгария, Черногория ва ғайра барои интиқоли қувваи корӣ ба ин давлатҳо шартномаи дуҷониба дорад. Шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд тариқи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар ва зерсохторҳои он, аз ҷумла Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирон ва ва Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа ба ин давлатҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ раванд.
  2. Дар баробари идораҳои давлатӣ ҳамчунин як қатор ширкатҳо барои интиқоли қувваи корӣ ба хориҷи кишвар иҷозатнома доранд.
  3. Муҳоҷироне, ки тариқи ин ё он ширкат ба давлатҳои хориҷӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаниянд, пеш аз супурдани маблағ литсензия доштан ё надоштани ширкатро бояд ҳатман санҷанд. Ширкат литсензия надошта бошад, донед, ки ин танҳо макру фиреб аст, зеро ширкате, ки иҷозатнома надорад, наметавонад касеро ба муҳоҷирати меҳнатӣ фиристад.
  4. Ба Аврупо ва давлатҳои дигари хориҷӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан тартиби муайяни худро дорад. Ширкати хориҷие, ки муҳоҷири меҳнатиро ба кор гирифтан мехоҳад, бояд ба номи он шахс даъватномаи корӣ фиристад.
  5. Пас аз гузаштан аз суҳбати онлайнӣ ё рӯ ба рӯ бо корфармо дар асоси даъватномаи корӣ ба муҳоҷири меҳнатӣ раводид-визаи корӣ дода мешавад, ки он муҳлати муайян дорад. Маъмулан визаи кориро ба муҳлати 3 моҳ, 6 моҳ ва баъзан 12 моҳ медиҳанд.
  6. Муҳоҷир метавонад баъди гирифтани визаи корӣ ба он кишвар сафар карда, дар ширкате, ки ӯро ба кор даъват намудааст, бо фаъолияти меҳнатӣ машғул шавад, вале қабл аз сар кардан ба кор бояд ҳатман бо корфармои хориҷиаш шартномаи меҳнатӣ бандад. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои тарафҳо дар шартнома ба таври возеҳ нишон дода мешаванд. Дар сурати сар задани ягон нофаҳмӣ байни коргар ва корфармо муҳоҷир метавонад бо кумаки шартномаи меҳнатӣ ҳақи худро талаб карда гирад.
  7. Шахсоне, ки нияти ба хориҷи кишвар ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан доранд, бояд ҳатман забони англисӣ, немисӣ, арабӣ ё забони дигареро, ки дар кишвари қабулкунанда бо он забон суҳбат мекунанд, омӯзанд. Доштани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи касбият - диплом ё сертификат барои кор дар хориҷа ҳатмист.

 

«Фирӯза Саттори»

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


«Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид

«Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум дар таърихи х-уд Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овард. Дар бозии ниҳоии мусобиқаи «Ҷоми Тоҷикистон2026» футболбозони Хуҷанд бар тими «Сардор»-и шаҳри Турсунзода бо...


Гули бобуна ба кадом дардҳо давост?

Аксари табибон ҳангоми бемориҳои гуногун ба беморон нӯшидани гиёҳоби бобуна (ромашка)-ро тавсия медиҳанд. Мехоҳам донам, ки бобуна чӣ фоида дорад?   Посух: - Гули бобуна дар ҳақиқат хусусиятҳои табобатии зиёде дорад. Ин гиёҳи мӯъҷизанокро дар саросари Тоҷикистон пайдо кардан мумкин атс,...


Саволу ҷавоб

Ҳамсояамон мегўяд, ки бо тасбеҳ зикри бисёр кардан дуруст нест, чунки он бидъат аст. Оё ин ақида дуруст аст ё на? Худованд дар каломи худ бандагонашро ба бисёр зикр гуфтан амр кардааст, чунонки мефармояд: “Эй мўъминон, Худоро ба ёд кардани бисёр ёд кунед”. (Сураи “Аҳзоб”,...


Намояндагии вазорат аз муҳоҷирон хост ба ҳисобҳои ношинос пул нафиристанд

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия аз муҳоҷирони тоҷик даъват кардааст, ки ба корт ва суратҳисобҳои шахсони номаълум ва созмону фондҳои ношинос маблағ интиқол надиҳанд. Намояндагӣ рӯзи 22-юми сентябр ҳушдор додааст, ки гурӯҳҳои манфиатҷӯ ва фондҳои қалбакӣ...


Тарғиби илму дониш дар «Хирадномаи Искандари»-и Абдурраҳмони Ҷоми

Вақте ки дилҳо аз илму дониш шодобу мунаввар мешаванд, муносибатҳои байни одамон, раҳму шафқат бештар мегардад. Ҷомеаи инсонӣ пеш меравад, тараққӣ мекунад, ноадолатӣ, бедодгарӣ оҳиста-оҳиста аз байн меравад.   Мақсаду мароми Абдураҳмони Ҷомӣ ҳамчун инсондўсти бузург таълим додан ва тарбия...