Русия хариди ангур ва сабзавоти Тоҷикистонро афзоиш медиҳад

Русия хариди ангур ва сабзавоти Тоҷикистонро афзоиш медиҳад

Русия ният дорад хариди ангур, мева ва сабзавоти Тоҷикистонро афзоиш диҳад. Ин масъала дар мулоқоти вазири рушди иқтисоди Русия Максим Решетников бо вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода дар ҳошияи Форуми байналмилалии иқтисодии Петербург баррасӣ шудааст.

 

Ба иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, ҷонибҳо дар ин мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, афзоиши гардиши мол, тавсеаи номгӯйи маҳсулоти соди-ротӣ ва беҳтар кардани сифати молҳои таҳвилшавандаро баррасӣ кардаанд.

Таваҷҷуҳи махсус ба идомаи татбиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба зиёд намудани ҳаҷми тиҷорати мутақобила байни Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030 равона шудааст.

Тибқи иттилои Раёсати кишоварзии вилояти Суғд, то 10-уми май аз Тоҷикистон ба Русия ва Қазоқистон дар маҷмуъ 78 тонна зардолу ва 10 тонна гелос содир шудааст.

Коршиносон мегӯянд, ки афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба Русия метавонад барои деҳқонон ва соҳибкорони Тоҷикистон имкониятҳои нав фароҳам созад. Бо вуҷуди ин, барои истифодаи пурраи ин имконият беҳтар кардани бастабандӣ, нигоҳдорӣ, логистика ва мутобиқати маҳсулот ба талаботи бозори Русия муҳим арзёбӣ мешавад.

 

 

(“Пресса.тҷ”)

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Оилаи солим - ҷомеаи солим

Оила яке аз муқаддасотест, ки ҳар шахси соҳибшарофат онро қадр менамояд ва дар пойдории он кӯшиш ба харҷ медиҳад. Чунон ки аҳли фаҳм фармудаанд: “Оилаҳо давлатҳои хурдеанд, ки як давлати мустақилро ташкил медиҳанд”. Агар ба таърихи оиладорӣ назар андозем, мебинем, ки вақте Худованд...


Чин дар Тоҷикистон нерӯгоҳҳои офтобӣ месозад

Ширкати «LONGi»-и Чин барои бунёди нерӯгоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ менамояд. Масъалаи бунёди нерӯгоҳҳо ва дигар масоили марбут ба соҳаи энергетика дар мулоқоти вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо намояндагони ширкати «LONGi»-и Чин дар...


5 ғизои муфид барои фаъолияти мағзи сар

Мағзи сар яке аз узвҳои асосӣ ва сермасрафи бадан аст ва барои фаъолияти дуруст ба ғизо, об ва микроэлементҳои зарурӣ ниёз дорад. Вақте организм аз ин моддаҳо камбудӣ эҳсос мекунад, инсон зуд хаста мешавад, диққаташ парешон мегардад ва қобилияти хотира метавонад коҳиш ёбад.   Мутахассисони...


Гули бобуна ба кадом дардҳо давост?

Аксари табибон ҳангоми бемориҳои гуногун ба беморон нӯшидани гиёҳоби бобуна (ромашка)-ро тавсия медиҳанд. Мехоҳам донам, ки бобуна чӣ фоида дорад?   Посух: - Гули бобуна дар ҳақиқат хусусиятҳои табобатии зиёде дорад. Ин гиёҳи мӯъҷизанокро дар саросари Тоҷикистон пайдо кардан мумкин атс,...


Фоидаҳои ҷигари мурғ

Қаблан дар Тоҷикистон касе ҷигари мурғро намехӯрд, вале ҳоло он дар ҳамаи мағозаҳо фурӯхта мешавад.   Ҷигари мурғ яке аз маҳсулоти серғизо ба шумор меравад. Он аз оҳан, витамини А, витамини В12, фолат ва сафеда бой аст. Маҳз ба ҳамин далел метавонад барои пешгирӣ ё кам кардани хатари баъзе...