Беш аз 500 ҳазор ҷаҳонгард ба Хатлон омаданд

Беш аз 500 ҳазор ҷаҳонгард ба Хатлон омаданд

Аз шуъбаи рушди сайёҳии вилояти Хатлон ба Pressa.tj гуфтанд, ки дар шаш моҳи соли равон, аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 554 ҳазору 498 ҷаҳонгард дидан кардаанд.

Ба иттилои расида, аз ин шумора, 45 ҳазору 970 нафараш ҷаҳонгардони хориҷӣ мебошанд.

Афзоиши ҷаҳонгардон дар вилояти Хатлон назар ба солҳои қаблӣ бесобиқа будааст. Рушди инфрасохтори сайёҳӣ, дастгирии ҳукумати кишвар, ташкили фестивалу чорабиниҳои фарҳангӣ ва таблиғи васеи имкониятҳои сайёҳии Хатлон дар афзоиши шумораи меҳмонон нақши муҳим бозидааст.

Ёдовар мешавем, ки вилояти Хатлон дорои беш аз 940 мавзеъи табиӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ буда, ҳамасола ҳазорон нафарро аз дохил ва хориҷи кишвар аз онҳо дидан мекунанд. (Пресса.тж)

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Саволу ҷавоб

Ҳамсояамон мегўяд, ки бо тасбеҳ зикри бисёр кардан дуруст нест, чунки он бидъат аст. Оё ин ақида дуруст аст ё на? Худованд дар каломи худ бандагонашро ба бисёр зикр гуфтан амр кардааст, чунонки мефармояд: “Эй мўъминон, Худоро ба ёд кардани бисёр ёд кунед”. (Сураи “Аҳзоб”,...


Фоидаҳои ҷигари мурғ

Қаблан дар Тоҷикистон касе ҷигари мурғро намехӯрд, вале ҳоло он дар ҳамаи мағозаҳо фурӯхта мешавад.   Ҷигари мурғ яке аз маҳсулоти серғизо ба шумор меравад. Он аз оҳан, витамини А, витамини В12, фолат ва сафеда бой аст. Маҳз ба ҳамин далел метавонад барои пешгирӣ ё кам кардани хатари баъзе...


Чин дар Тоҷикистон нерӯгоҳҳои офтобӣ месозад

Ширкати «LONGi»-и Чин барои бунёди нерӯгоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ менамояд. Масъалаи бунёди нерӯгоҳҳо ва дигар масоили марбут ба соҳаи энергетика дар мулоқоти вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо намояндагони ширкати «LONGi»-и Чин дар...


Оилаи солим - ҷомеаи солим

Оила яке аз муқаддасотест, ки ҳар шахси соҳибшарофат онро қадр менамояд ва дар пойдории он кӯшиш ба харҷ медиҳад. Чунон ки аҳли фаҳм фармудаанд: “Оилаҳо давлатҳои хурдеанд, ки як давлати мустақилро ташкил медиҳанд”. Агар ба таърихи оиладорӣ назар андозем, мебинем, ки вақте Худованд...


Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон — 24 ноябр

24 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил мегардад. Ин сана баъд аз қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (24 ноябри соли 1992) муқаррар шудааст. Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ба шумор меравад ва...