Русия назорати муҳоҷиронро сахттар мекунад

Русия назорати муҳоҷиронро сахттар мекунад

Ҳукумати Русия ба Думаи давлатӣ пешниҳод кард, ки асосҳо барои рад кардани иҷозатномаи кор ё патент барои муҳоҷирон бештар карда шаванд. Лоиҳаи қонун, ки дар сомонаи Думаи давлатӣ нашр шудааст, пешниҳод мекунад, ки мақомоти андоз ба таври худкор (автоматӣ) маълумот дар бораи даромади шаҳрвандони хориҷӣ ба Вазорати корҳои дохилии Русия ирсол кунанд.

 

Агар маълумот пешниҳод нашавад, мақомоти Русия метавонанд ба муҳоҷир патент надиҳанд ё иҷозатномаи кории ӯро, ки пештар гирифта буд, бекор кунанд. Ғайр аз ин, дар сурати кам будани даромад аз маоши ҳадди ақал, патенти муҳоҷир низ метавонад бекор гардад. Барои онҳое, ки бори аввал ҳуҷҷат барои патент супоридаанд, ин талабот татбиқ намешавад.

 

Инчунин, қонуни пешниҳодшуда тартиби гирифтани ҳаққи иқоматро тағйир медиҳад. Шаҳрвандони хориҷӣ бояд маълумот дар бораи даромадро ҳар семоҳа пешниҳод кунанд, ва дар ҳолати кам будани даромад дар давоми 10 моҳ, ҳаққи иқомат бекор мешавад.

 

Ҳанӯз маълум нест, ки Дума кай ин қонунро баррасӣ хоҳад кард. Аммо мансабдорони Русия бо қабули даҳҳо қонун ва тағйиру иловаҳо дар соли 2025 назоратро қариб дар тамоми соҳаҳо ва кори муҳоҷирон – аз истифодаи замимаву паёмрасонҳои мобилӣ то қоидаҳои убури марз тақвият додаанд.

(«Пресса.тж»)

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Чин дар Тоҷикистон нерӯгоҳҳои офтобӣ месозад

Ширкати «LONGi»-и Чин барои бунёди нерӯгоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ менамояд. Масъалаи бунёди нерӯгоҳҳо ва дигар масоили марбут ба соҳаи энергетика дар мулоқоти вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо намояндагони ширкати «LONGi»-и Чин дар...


Рӯзи 16-уми ноябр — рӯзи таърихӣ ва муҳим барои миллату кишвар

Тавре ба ҳамагон маълум аст, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» рӯзи 16 ноябр Рӯзи Президент муайян карда шудааст. Мо ҳамасола ин рӯзро ҳамчун рамзи қадршиносӣ аз заҳмату талошҳои Пешвои миллат дар роҳи эъмори давлати миллии тоҷикон — «Рӯзи Президенти...


Саволу ҷавоб

Ҳамсояамон мегўяд, ки бо тасбеҳ зикри бисёр кардан дуруст нест, чунки он бидъат аст. Оё ин ақида дуруст аст ё на? Худованд дар каломи худ бандагонашро ба бисёр зикр гуфтан амр кардааст, чунонки мефармояд: “Эй мўъминон, Худоро ба ёд кардани бисёр ёд кунед”. (Сураи “Аҳзоб”,...


«Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид

«Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум дар таърихи х-уд Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овард. Дар бозии ниҳоии мусобиқаи «Ҷоми Тоҷикистон2026» футболбозони Хуҷанд бар тими «Сардор»-и шаҳри Турсунзода бо...


Оилаи солим - ҷомеаи солим

Оила яке аз муқаддасотест, ки ҳар шахси соҳибшарофат онро қадр менамояд ва дар пойдории он кӯшиш ба харҷ медиҳад. Чунон ки аҳли фаҳм фармудаанд: “Оилаҳо давлатҳои хурдеанд, ки як давлати мустақилро ташкил медиҳанд”. Агар ба таърихи оиладорӣ назар андозем, мебинем, ки вақте Худованд...