Магар савдо бо забони тоҷикӣ имконнопазир аст?

Магар савдо бо забони тоҷикӣ имконнопазир аст?

Солҳои охир тиҷорат тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ рӯ ба рушд ниҳодааст. Ин навъи тиҷорат дар асл бадие надорад. Он чӣ нороҳаткунанда аст, забони саҳифаҳои тиҷоратист, ки 99 дарсад бо забони русӣ кор мебаранд.

 

Дар Тоҷикистон тоҷирони хурду миёна бештар аз шабакаҳои “Инстаграм” ва “Фейсбук” истифода мебаранд. Ангор бо забони модарӣ тиҷорат кардан имконпазир набошад. Ба кадом саҳифае ворид нашавед, суолу ҷавоб бо забони русӣ радду бадал мешавад. Ҳатто онҳое, ки русӣ балад нестанд, бо забони шикастаи пурхато русӣ мепурсанду русӣ посух медиҳанд.

Бедардоне ҳастанду хоҳанд гуфт, ки мушкил надорад, муҳим тиҷорат пеш равад. Аммо ин нишони беҳувиятии як миллат аст ва беҳувиятӣ миллатро ба шикаст хоҳад овард.

Ин падида, ки беҳувиятӣ унвон кардем, аз эҳсоси худкамбинии миллӣ сарчашма мегирад. Яъне кам шуморидани худ, забони модарии худ ва миллати худ. Ва арҷ қоил набудан ба забону фарҳангу дар умум миллати худ.

Моликони мағозаву фурӯш-гоҳҳои Душанбе агар пештар номҳои русӣ гузоштанро авло мешумориданд, ҳоло номҳои туркиву инглисӣ ниҳоданро расм кардаанд.

Ҳамин эҳсоси худкамбинӣ ва беҳувиятии мост, ки имрӯз дар бозорҳои Русия меваҳои Тоҷикистонро тоҷирони тоҷик меваи Ӯзбекистон гуфта мефурӯшанд.

Дар сафари охире, ки ба Маскав доштаму дар маъракаи ҳамватане даъват шудам, соҳиби рестурон тоҷики ваҳдатӣ, коргарон саросар тоҷик, аммо дар пештоқи дари рестурон навиштаанд: Узбекская кухня.

Омили узбекӣ ном бурдани меваҷоти тоҷикӣ ва ошхонаву рестуронҳои тоҷикӣ дар Русия фаротар аз баҳси ҳувият ҳастанд, ки фурсат даст диҳад, дар замони дигар баён мекунем. Аммо решаи ин падида ҳам боз ба ҳамон надоштани ҳувият бармегардад.

Арз кардем, ки сарчашмаи ин падидаи худбезорӣ беҳувиятист. Ҳоло бояд андешид, ки худи беҳувиятӣ аз куҷо сарчашма мегирад?

Беҳувиятӣ аз тарбия дар хона ва мактаб ба миён меояд. Имрӯз волидон ва муаллимони беҳувияте нашармида ба наврасону ҷавонон талқин мекунанд, ки забони тоҷикӣ то фурудгоҳ ба кор меояд.

Ва муҳимтар аз ҳама, мо дар се даҳсолаи истиқлол мактаби миллӣ ба вуҷуд оварда натавонистем. Мактабе, ки хатмкардааш ҳадди ақал забони худро бидонад ва аз забони модариаш нашармад, балки ифтихор намояд.

Аз ӯзбекӣ шудани забони тоҷикони Ӯзбекистон менолем, аммо русӣ шудани забони худро намебинем. Онҳоро ба беҳувиятӣ айбдор месозем, беҳувиятии худро нодида мегирем. Чорае бояд ёфт!  Беҳувиятӣ бадбахтӣ меорад.

 

 

Азиз Нақибзод

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Оилаи солим - ҷомеаи солим

Оила яке аз муқаддасотест, ки ҳар шахси соҳибшарофат онро қадр менамояд ва дар пойдории он кӯшиш ба харҷ медиҳад. Чунон ки аҳли фаҳм фармудаанд: “Оилаҳо давлатҳои хурдеанд, ки як давлати мустақилро ташкил медиҳанд”. Агар ба таърихи оиладорӣ назар андозем, мебинем, ки вақте Худованд...


«Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид

«Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум дар таърихи х-уд Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овард. Дар бозии ниҳоии мусобиқаи «Ҷоми Тоҷикистон2026» футболбозони Хуҷанд бар тими «Сардор»-и шаҳри Турсунзода бо...


5 ғизои муфид барои фаъолияти мағзи сар

Мағзи сар яке аз узвҳои асосӣ ва сермасрафи бадан аст ва барои фаъолияти дуруст ба ғизо, об ва микроэлементҳои зарурӣ ниёз дорад. Вақте организм аз ин моддаҳо камбудӣ эҳсос мекунад, инсон зуд хаста мешавад, диққаташ парешон мегардад ва қобилияти хотира метавонад коҳиш ёбад.   Мутахассисони...


Оши туппа

Маҳсулоти лозима: Гӯшти қимма, пиёз, сабзӣ, равғани растанӣ, зира, нахӯд ва лӯбиёи таркардашуда, хамири бурида.   Тарзи таҳия: Сараввал гӯшти қимма, пиёз ва сабзиро дар каме равғани растанӣ бирён карда, об резед ва зираю намак пошед, сипас нахӯди таркардашуда ва лӯбиёро андозед. Пас аз...


Чалпак бо ҳасиб

Маҳсулоти лозима: 3 тухм, 200 грамм орд, 400 мл шир, 30 мл равғани офтобпараст, 100 грамм ҳасиб, 100 грамм панир, 2 помидор, кабудӣ мувофиқи табъ, намак.   Тарзи таҳия: Шир, тухм ва намакро хуб лат занед. Сипас орди аз элак гузаронидашударо илова карда, хуб омезиш диҳед. Помидор, кабудӣ...