Фарзандони муҳоҷирони меҳнатиро ба мактабҳои Россия қабул мекунанд?

Фарзандони муҳоҷирони меҳнатиро ба мактабҳои Россия қабул мекунанд?

Фарзандони муҳоҷирони меҳнатиро ба мактабҳои Россия қабул мекунанд?

Муҳоҷират набояд монеъи таҳсили кӯдакон гардад Кӯдакони муҳоҷир ҳуқуқи таҳсил карданро доранд? Барои таҳсили кӯдак дар мактаб ба куҷо бояд муроҷиат намуд? Ҳуҷҷатҳое, ки волидон бояд пешниҳод созанд Кӯдакро қабул карданд, қадами баъдӣ Нозукиҳои қабули кӯдакони муҳоҷир ба мактабҳои Россия Мӯҳлати қайд (регистрация)- и кӯдакро чи тавр дароз мекунанд? Кӯдаки муҳоҷирро ба мактаб қабул намекунанд, чи бояд кард? Ташкилотҳое, ки ба кӯдакони муҳоҷир ёрӣ мерасонанд... Кӯдакро ба ватанаш бар мегардонанд, агар...

Муҳоҷирати меҳнатӣ яке аз заруриятҳои рӯзгор буда, одамон ба хотири беҳтар кардани шароити зисту зиндагии аҳли оилаашон рӯ ба кишвари дигар меоранд, то кори хубу манбаи даромад дошта бошанд, вале дурӣ аз наздикону пайвандон дили касро мефишорад. Аз ҳамин сабаб солҳои охир қисмати зиёди муҳоҷирони меҳнатии тоҷик зану фарзандонашонро низ бо худ ба Федератсияи Россия ва дигар кишварҳо мебаранд, аммо... Мутаассифона, на ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ дар бораи чӣ тавр дар кишвари дигар ба мактаб додани фарзандони худ маълумот доранд ва ноогоҳии волидон сабаб мешавад, ки кӯдакон як соли дароз ва ҳатто бештар аз ин аз мактаб ва омӯзиши илму дониш дур монанд. Кӯдакони муҳоҷир низ мисли дигар бачаҳо ҳуқуқ ба таҳсил доранд ва муҳоҷират набояд монеи донишандӯзии атфол гардад, аз ҳамин хотир мо дар бораи тартиби қабули кӯдакони муҳоҷир ба мактабҳои Россия каме маълумот медиҳем.

Кӯдакони муҳоҷир ҳуқуқи таҳсил карданро доранд?

Мувофиқи меъёрҳои Конвенсияи байналмиллалии ҳуқуқи кӯдакон, Конститутсияи Федератсияи Россия, Қонуни Федералии Россия дар бораи маориф дар Федератсияи Россия” таҳти №273-ФЗ аз 29.12.2012 ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ тамоми кӯдакони синну соли мактабӣ, аз ҷумла фарзандони шаҳрвандони хориҷӣ ва муҳоҷирони меҳнатие, ки дар қаламрави Россия ба таври қонунӣ кору зиндагӣ мекунанд, ҳуқуқ доранд, ки ба таври ройгон дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии Россия таҳсил намоянд.

Барои таҳсили кӯдак дар мактаб ба куҷо бояд муроҷиат намуд?

Тартиби қабули кӯдакони шаҳрвандони хориҷӣ ба мактабҳои Россия дар Фармони Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия аз 15-уми феврали соли 2012 таҳти № 107 мушаххасан нишон дода шудааст. Мувофиқи фармони мазкур қабули кӯдакони шаҳрвандони хориҷӣ ва муҳоҷирони меҳнатӣ ба мактабҳои Россия ҳамасола дар қатори худи кӯдакони шаҳрвандони Россия аз 1-август оғоз меёбад. Муҳоҷиронро лозим аст, ки барои ба мактаб додани фарзанди худ ба шӯъбаи маорифи макони зисташон, ба маркази бисёрфунксионалии (МФЦ) ва ё ба директор ё маъмурияти мактабе, ки худашон интихоб намудаанд, муроҷиат намоянд. Ҷойи холӣ бошад, маъмурияти мактаб ҳақ надорад, ки қабули кӯдаки муҳоҷирро рад намояд, вале ҷойи холӣ набошад, шуморо ба шӯъбаи маориф мефиристанд. Шӯъбаи маориф барои фарзанди шумо дар мактаби дигар, ки ба макони зистатон наздик бошад, ҷойи холӣ меёбад.

Ҳуҷҷатҳое, ки волидон бояд пешниҳод созанд?

Барои супурдани ҳуҷҷатҳо бо худ ба мактаб бурдани кӯдак ҳатмӣ нест, вале падару модар ё яке аз волидон бояд барои ба мактаб қабул шудани фарзандашон ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод намоянд:

1. Кортҳои муҳоҷиратии кӯдак ва падару модараш ё яке аз волидон Шиносномаи волидон бо нусхааш (ксерокопия).

2. Зодномаи кӯдак бо нусхааш (ҳуҷҷатҳоро бо забони русӣ тарҷума ва дар идораи нотареалӣ тасдиқ намуда, пешкаш кардан лозим).

3. Шиносномаи кӯдак(агар бошад) ва нусхаи он бо тарҷумаи русии тариқи нотареалӣ тасдиқ шудаи ҳуҷҷат. Ҳуҷҷати қайди муҳоҷиратии кӯдак ва волидонаш дар макони зисташон дар Федератсияи Россия (Регистрация).

4. Ариза барои қабули кӯдак ба мактаб. Маъмулан ариза бо забони русӣ дар 2 нусха тартиб дода мешавад. Як нусха дар дасти котиби мактаб мемонад, нусхаи дигар бо рақами воридотӣ ба худи аризадиҳанда бар гардонида мешавад. Дар ариза ному насаб, санаи таваллуд ва шаҳрванди кадом давлат будани кӯдакро ҳатман қайд кардан лозим аст.

Кӯдакро ба мактаб қабул карданд, қадами баъдӣ

Дар мактаб ҷойи холӣ пайдо шуд ва аризаи шуморо барои қабули фарзандатон қабул карданд, пас аз ин чи бояд кард?

Барои он ки фарзанди шуморо ба таҳсил роҳ диҳанд, иловатан ба ҳуҷҷатҳое, ки дар боло зикр намудем, бояд боз як даста ҳуҷҷатҳои дигарро пешниҳод намоед.

Ҳуҷҷати эмгузаронӣ шудани кӯдак (Сертификат о прививках)

Корти тиббии кӯдак, ки вақти гузаштан аз комиссияи тиббӣ дар Федератсияи Россия дода шудааст ё онро аз кишвари худатон овардаед. Полиси суғуртаи тиббии кӯдак.

Кӯдак мактабхон бошад, парвандаи шахсии ӯро аз мактабе, ки пештар таҳсил мекард, бурданатон лозим аст. Дар Тоҷикистон кӯдак дар мактаби русӣ хонда бошад, нусхаи ҳуҷҷатҳои таркиби парвандаро бурдан кифоя аст, худи парвандаро баъди он ки кӯдакро дар Россия ба мактаб қабул карданд, мебаред. Маълумотномаи тиббӣ дар бораи гузаштани кӯдак аз комиссияи тиббӣ дар Россия ва бемориҳои хавфнок надоштанаш.

Диққат!

Фаромӯш накунед, ки барои дар Россия ба мактаб қабул шудан кӯдаки муҳоҷир бояд забони русиро хуб донад ва донишаш ақалан дар сатҳи миёна бошад, бинобар ин, аз фарзанди шумо метавонанд имтиҳон бигиранд. Дар сурати ба талабот ҷавобгӯ набудани сатҳи донишаш кӯдаки муҳоҷирро метавонанд як синф поёнтар қабул кунанд, то ки дар аз худ кардани барномаи дарсӣ азоб накашад. Дар сурати тайёр набудани кӯдак барои таҳсил дар Россия метавонед ба як қатор ташкилоҳои ҷамъиятӣ муроҷиат кунед, то ки ба фарзанди шумо кӯмак расонанд. Волонтёрҳо ба таври ихтиёрӣ ва ройгон ба кӯдакони муҳоҷир дар аз худ кардани забони русӣ ва омӯхтани шеваи муносибат бо дигар кӯдакон дар Россия ёрӣ дода, ҳамроҳи чунин кӯдакон барномаҳои гуногуни фарҳангию омӯзишӣ мегузаронанд..

Фирӯза Сатторӣ

2026-10-01 (Рабиул ахири соли 1448) №10.


Аввалин пайванди ҷигар ва гурда дар вилояти Суғд анҷом ёфт

Дар шаҳри Хуҷанд амалиётҳои пайванди ҷигар ва гурда бори аввал дар вилояти Суғд анҷом дода шуданд. Ҷарроҳиҳо дар Беморхонаи клиникии №1-и шаҳр гузаронида шуда, ҳар ду амалиёт бидуни мушкилот анҷом ёфтаанд. Дар ин бора 2 сентябр дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии...


САВОЛУ ҶАВОБ

Мехоҳам маънои сано, тасбеҳот, тасмеъу таҳмид ва зикру дуоҳоеро, ки дар дохили намоз хонда мешаванд, бидонам. Тарҷумаи зикрҳо ва дуоҳое, ки дар намоз хонда мешаванд, ба сурати зайл аст: Сано: «Субҳонакаллоҳумма ва биҳамдика ва таборакасмука ва таъоло ҷаддука ва ло илоҳа...


Беш аз 23,6 миллион рубл музди меҳнати муҳоҷирон баргардонида шуд

Дар ҳафт моҳи соли 2026 дар натиҷаи фаъолияти Намояндагӣ оид ба масъалаҳои пардохт нашудани музди меҳнати муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, ба муҳоҷирони тоҷик 23 миллиону 655 ҳазору 452 рубл маблағи музди меҳнати пардохтнашуда баргардонида шудааст. Ин маблағ...


Муҳоҷирон ба Русия бештар даромад оварданд

Дар ним сол аз ҳисоби муҳоҷирон ба буҷети Русия 321 миллиард рубл ворид шудааст, ки нисбат ба як соли пеш 30% зиёд мебошад.   Ин нуктаро Андрей Кикот, муовини аввали вазири корҳои дохилии Русия дар вохӯрӣ бо Владимир Путин, президенти Русия зикр кард. Ба гуфтаи ӯ, аз ин маблағ, зиёда аз 60...


Зиндагии Аҳмади Дониш

Ташаккулёбии чаҳонбинии Аҳмади Дониш   Яке аз фозилтарин фарзандони Бухорои Шарифи асри XIX Аҳмад Махдуми Дониш, мулаққаб ба Аҳмади Калла (1826-1897) ба ҳисоб меравад. Ӯ дар шаҳри Бухорои Кӯҳна, дар оилаи Носир ном мулло ба дунё омадааст. Маълумоти ибтидоиро дар мактаби хусусии духтаронаи...