Ба шарқи Тоҷикистон меравем. Дар ВМКБ чиро дидан мумкин аст?

Ба шарқи Тоҷикистон меравем. Дар ВМКБ чиро дидан мумкин аст?

Ба шарқи Тоҷикистон меравем.  Дар ВМКБ чиро дидан мумкин аст?

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – ин кӯҳҳои Помир, манзараҳои зебою дилфиреб, мероси ғании фарҳангӣ мебошад. Масири беҳтарин барои хатсайрҳои тирамоҳӣ! Якчанд маконеро хотирнишон месозем, ки ҳангоми сафар ба ВМКБ метавон аз онҳо дидан кард.

 

Ҷелондӣ

Гармчашмаҳое, ки дар баландии 3 600 метр аз сатҳи баҳр воқеъ буда, яке аз сарватҳои ВМКБ маҳсуб меёбанд. Онҳо дар наздикии деҳаи Ҷелондӣ дар 130-километрии шимолу шарқи Хоруғ ҷойгир шудаанд. Ин макон диққати ҳам дӯстдорони истироҳати фаъол ва ҳам онҳоеро, ки дар ҷустуҷӯи танҳоӣ буда, мехоҳанд аз ташвишҳои шаҳр истироҳат кунанд, ҷалб месозад. Дар ҳар сурат, хоҳ хоҳиши фатҳи қуллаҳоро дошта бошед ё хоҳ ғӯта задан ба обе, ки аз намакҳои минералӣ бой аст, метавонед таассуроти худро ба дигарон расонед — ҳатто дар ин мавзеи дурдаст алоқа аз ширкати «МегаФон Тоҷикистон» вуҷуд дорад.

 

Гармчашма

Боз як чашмаи минералии гарми дорои оби шифобахш, ки дар қисмати шарқӣ, 40 километр дуртар аз Хоруғ воқеъ аст. Дар атрофи чашма шиногоҳҳо ва истироҳатгоҳҳои хурде мавҷуданд, ки дар онҳо метавон аз ваннаҳои табобатӣ истифода бурд. Дар омади гап, ҳамзамон метавонед ба наздикон занг зада, тавассути шабакаи 4G ба онҳо аксҳоро ирсол намоед.

 

Бибифотимаи Заҳро

Макони муқаддас дар водии хушманзара, дар наздикии деҳаи Ямчуни ноҳияи Ишкошими ВМКБ воқеъ аст. Дар ривоят омадааст, ки Бибифотимаи Заҳро зани порсое буд, ки бо хирадмандиаш машҳур гардид. Ӯ беморонро шифо мебахшид ва онҳоеро, ки ба дастгирии маънавӣ ниёз доштанд, тасаллӣ медод. Оромгоҳи ӯ ба зиёратгоҳе табдил ёфтааст, ки дар он диндорон барои сиҳатию саломатӣ дуо мекунанд. Харобаи маҷмааи бостонӣ, ки ба Бибифотимаи Заҳро бахшида шудааст, дар баландие ҷойгир гардидааст, ки аз ин макон манзараи ҳайратангез ба самти кӯҳҳои атроф намудор мешавад. Гузоштани аксҳои онҳо тавассути телефон ягон мушкилӣ надорад – дар наздикӣ пойгоҳи базавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” мавҷуд аст.

 

Шаймак

Деҳаи баландкӯҳе воқеъ дар шоҳроҳи Помир дар наздикии марз бо Чин бо зебоии шадид фарқ мекунад. Дар ин ҷо ҳам қуллаҳои барфпӯш ва ҳам водиҳои васеъро дидан мумкин аст — тазоди таъсирбахш! Ин яке аз дурдасттарин мавзеъҳои ВМКБ мебошад, аммо танҳоӣ онҳоеро ҷалб мекунад, ки дар ҷустуҷӯи саргузаштҳои воқеӣ ҳастанд. Ҳол он ки, шумо дар ин ҷо комилан танҳо намемонед: алоқаи мобилӣ ҳаст, дар дилхоҳ вақт метавонед ба наздикон занг занед.

 

Карон

Шаҳри бостоние, ки чанде пеш аз ҷониби олимон пайдо карда шуд, аллакай яке аз бозёфтҳои муҳими ВМКБ эътироф шудааст. Карон дар водие дар наздикии деҳаи Сайёд, дар 30-километрии шимоли Хоруғ воқеъ буда, дар миёнаҳои ҳазораи якуми пеш аз милод бунёд ёфтааст. Дар замонҳои қадим он як маркази муҳими савдо ва ҳунармандӣ буд, ки тамаддунҳои Осиёи Миёнаро ба ҳам муттаҳид мекард. Бостоншиносон боқимондаҳои деворҳои қалъа, қасрҳо ва маъбадҳоро дарёфт карданд. Барои сайёҳони муосир, Карон иимконияти ворид шудан ба таърихи қадим ва ҳаловат бурдан аз манзараҳои аҷибу дилфиреб мебошад. Бемалолу озодона онҳоро ба дигарон ирсол кунед — МегаФон Тоҷикистон дар ин ҷо интернети баландсуръати 4G-ро роҳандозӣ кардааст.

 

Боғи ботаникӣ дар Хоруғ

2 320 метр аз сатҳи баҳр — ин яке аз баландтарин боғҳои ботаникии ҷаҳон ба ҳисоб меравад! Он дар канори қисмати ҷанубу ғарби шаҳри Хоруғ беш аз 580 гектар майдонро ишғол карда, дар он беш аз 4 000 намуди растанӣ мавҷуд аст. Баъзе навъҳои эндемии Помирро танҳо Дар ин ҷо дидан мумкин аст. Аммо шабакаи 4G-и ширкати «МегаФон Тоҷикистон»-ро метавон дар тамоми қаламрави Хоруғ ва дар деҳоти хурди атрофи маркази маъмурии ВМКБ пайдо кард.

“Табиати Помир қудрату зебоист, ин эҳсосотест, ки мехоҳед дарҳол онҳоро ба дигарон расонед. Аз ин рӯ, мо аксар мавзеъҳоеро, ки миёни сайёҳон машҳуранд, бо алоқа таъмин кардем. Дар дурдасттарин ноҳияҳо шумо метавонед дар бораи таассуротатон ҳарф занед, ё агар лозим бошад, кӯмак дархост намоед. Аз кӯҳҳои Помир ва ёдгориҳои таърихӣ ҳаловат баред ва ҳамеша дар алоқа бошед!” – мегӯяд директори раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар ВМКБ.

 

Раим Саданшоев

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Коҳиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 шаҳрвандони Тоҷикистон бо мақсади кор 494,5 ҳазор маротиба ба Русия ворид шудаанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 18 дарсад камтар аст. Тавре нашрияи «Ведомости» хабар медиҳад, Тоҷикистон аз рӯйи шумораи сафарҳои корӣ миёни...


Се медали Тоҷикистон дар қаҳрамонии каратеи Осиёи Марказӣ

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар 11-умин қаҳрамонии каратеи WKF-и Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Актауи Қазоқистон баргузор шуд, соҳиби се медал, ду тилло ва як нуқра гардид. Ба иттилои тими мунтахаби каратеи Тоҷикистон, Муҳаммад Мирзозода дар вазни то 55 кг ва Алишер Султонов дар вазни то 60 кг...


Чин дар Зарафшон ду нерӯгоҳ месозад

Як ширкати чинӣ дар Тоҷикистон ду нерӯгоҳи барқӣ-обӣ месозад. Ин нерӯгоҳҳо дар ҳавзаи дарёи Зарафшон бунёд хоҳанд шуд. Қаблан гуфта мешуд, ки ин нерӯгоҳҳоро Тоҷикистону Ӯзбекистон муштарак бунёд мекунанд. Тибқи иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, ширкати чинии China Gezhouba...


5 ғизои солим барои майнаи сар

Майнаи сари инсон яке аз фаъолтарин узвҳои бадан ба шумор меравад. Бо вуҷуди он ки ҳамагӣ тақрибан ду фоизи вазни баданро ташкил медиҳад, барои фаъолияти муътадили худ 20-30 фоизи нерӯеро, ки организм истеҳсол мекунад, истифода мебарад. Агар майна ба миқдори кофӣ моддаҳои ғизоӣ ва об нагирад, инсон...


7 ҷудокор. Чаро федератсия онҳоро аз муҳориба маҳрум кард?

Комиссияи интизомии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон 7 паҳлавони маъруфи кишварро барои 4 моҳ аз ширкат дар тамоми мусобиқаҳо маҳрум кард. Инҳо Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Темур Раҳимов (+100 кг), Обид Ҷебов (-66 кг), Абдуллои Ориф (-73 кг), Умедҷон Раҷабов (-90 кг), Виктория Киселёва (+78 кг) ва...