Қоидаҳои нави қабули кӯдакони муҳоҷир ба мактабҳои Русия

Қоидаҳои нави қабули кӯдакони муҳоҷир ба мактабҳои Русия

Қоидаҳои нави қабули кӯдакони муҳоҷир ба мактабҳои Русия

Шуруъ аз 1-уми апрели соли 2025 барои қабули кӯдакони шаҳрвандони хориҷӣ ба мактабҳои Русия аз онҳо имтиҳони тестӣ гирифта мешавад.

 

Тавре расонаҳои русӣ дар такя ба Хадамоти назорат дар соҳаи маорифи Русия (Рособрнадзор) навиштаанд, барои он ки дар Русия кӯдакро ба мактаб қабул кунанд, аз имтиҳони забони русӣ бояд ҳадди ақал баҳои 3 бигирад. Барои баҳои 3 гирифтан зимни санҷиш кӯдакони муҳоҷир бояд на камтар аз 30%-и балли ниҳоиро ба даст меоварданд, вале пешниҳоди мазкур дар Думаи давлатӣ зери танқид гирифта шуд ва Рособрнадзор лоиҳаро хориҷ карда, нашри онро “иштибоҳи техникӣ” номида, баъд лоиҳаи навро интишор намуда, 30% балли ҳадди ақалро ба 3 (аз 5 балл) иваз кард. Ин тарзи пешниҳод аз ҷониби вакилони парлумон пазируфта шуд. Ёдрас мешавем, ки ҳанӯз моҳи декабри соли гузашта Думаи давлатӣ қонуни манъи қабули кӯдакони муҳоҷиронро, ки аз санҷиши забони русӣ нагузаштаанд, қабул карда буд, вале тағйироти ба қонун “Дар бораи маориф” воридшуда аз 1-уми апрели соли 2025 мавриди амал қарор мегирад. 15-уми марти соли ҷорӣ Вазорати маориф ва илми Русия хабар дод, ки имтиҳон барои онҳое, ки барои қабул ба синфҳои 2-11 ҳуҷҷат месупоранд, дар шакли шифоҳӣ ва хаттӣ гузаронида мешавад. Барои қабул ба синфи 1-ум гузаштан аз санҷиши шифоҳӣ кифоя аст. Дар сурати муваффақона аз санҷиш гузаштан, кӯдакро ба мактаб қабул мекунанд. Дар сурати аз уҳдаи иҷрои вазифаҳо набаромадани кӯдак машғулияти иловагии забони русӣ тавсия дода мешавад. Кӯдаконе, ки аз имтиҳон намегузаранд, ба онҳо барои такроран супурдани имтиҳон пас аз се моҳ иҷоза дода мешавад.

 

 

«Фирӯза Саттори»

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Гули бобуна ба кадом дардҳо давост?

Аксари табибон ҳангоми бемориҳои гуногун ба беморон нӯшидани гиёҳоби бобуна (ромашка)-ро тавсия медиҳанд. Мехоҳам донам, ки бобуна чӣ фоида дорад?   Посух: - Гули бобуна дар ҳақиқат хусусиятҳои табобатии зиёде дорад. Ин гиёҳи мӯъҷизанокро дар саросари Тоҷикистон пайдо кардан мумкин атс,...


Намояндагии вазорат аз муҳоҷирон хост ба ҳисобҳои ношинос пул нафиристанд

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия аз муҳоҷирони тоҷик даъват кардааст, ки ба корт ва суратҳисобҳои шахсони номаълум ва созмону фондҳои ношинос маблағ интиқол надиҳанд. Намояндагӣ рӯзи 22-юми сентябр ҳушдор додааст, ки гурӯҳҳои манфиатҷӯ ва фондҳои қалбакӣ...


Оши туппа

Маҳсулоти лозима: Гӯшти қимма, пиёз, сабзӣ, равғани растанӣ, зира, нахӯд ва лӯбиёи таркардашуда, хамири бурида.   Тарзи таҳия: Сараввал гӯшти қимма, пиёз ва сабзиро дар каме равғани растанӣ бирён карда, об резед ва зираю намак пошед, сипас нахӯди таркардашуда ва лӯбиёро андозед. Пас аз...


Муҳоҷирон дигар наметавонанд зиёда аз як миллион рублро аз Русия бароранд

Аз Русия бо худ ба Ватан бурдани пули нақд барои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик душвор мегардад. Президенти Русия Владимир Путин фармонеро ба имзо расонидааст, ки тибқи он қоидаҳои аз кишвар баровардани пули нақд сахттар карда мешаванд. Дар ин бора дар сомонаи расмии президенти Русия хабар дода...


Фоидаҳои ҷигари мурғ

Қаблан дар Тоҷикистон касе ҷигари мурғро намехӯрд, вале ҳоло он дар ҳамаи мағозаҳо фурӯхта мешавад.   Ҷигари мурғ яке аз маҳсулоти серғизо ба шумор меравад. Он аз оҳан, витамини А, витамини В12, фолат ва сафеда бой аст. Маҳз ба ҳамин далел метавонад барои пешгирӣ ё кам кардани хатари баъзе...