Мулоқоти Далер Ҷумъа бо Раиси Ҷумҳурии Тотористон

Мулоқоти Далер Ҷумъа бо Раиси Ҷумҳурии Тотористон

Дар шаҳри Қазон мулоқоти Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Раиси Ҷумҳурии Тотористон Рустам Минниханов доир шуд.

Тибқи иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, мулоқот дар ҳошияи Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» баргузор гардид.

Далер Ҷумъа ба Рустам Минниханов барои истиқболи самимӣ ва меҳмоннавозӣ изҳори сипос намудааст. Зимнан, сатҳи баланди ташкил ва баргузории Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» махсус таъкид шудааст.

Гуфта шуд, ки имрӯз барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Ҷумҳурии Тотористон ҳамчун яке аз минтақаҳои пешрафтаи саноатии Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон имконоти фаровон мавҷуданд.

Ҷонибҳо ба густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои электроэнергетика, нафту газ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак, ҷалби сармоя, табодули таҷриба ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Саволу ҷавоб

Ҳамсояамон мегўяд, ки бо тасбеҳ зикри бисёр кардан дуруст нест, чунки он бидъат аст. Оё ин ақида дуруст аст ё на? Худованд дар каломи худ бандагонашро ба бисёр зикр гуфтан амр кардааст, чунонки мефармояд: “Эй мўъминон, Худоро ба ёд кардани бисёр ёд кунед”. (Сураи “Аҳзоб”,...


Намояндагии вазорат аз муҳоҷирон хост ба ҳисобҳои ношинос пул нафиристанд

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия аз муҳоҷирони тоҷик даъват кардааст, ки ба корт ва суратҳисобҳои шахсони номаълум ва созмону фондҳои ношинос маблағ интиқол надиҳанд. Намояндагӣ рӯзи 22-юми сентябр ҳушдор додааст, ки гурӯҳҳои манфиатҷӯ ва фондҳои қалбакӣ...


Рӯзи 16-уми ноябр — рӯзи таърихӣ ва муҳим барои миллату кишвар

Тавре ба ҳамагон маълум аст, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» рӯзи 16 ноябр Рӯзи Президент муайян карда шудааст. Мо ҳамасола ин рӯзро ҳамчун рамзи қадршиносӣ аз заҳмату талошҳои Пешвои миллат дар роҳи эъмори давлати миллии тоҷикон — «Рӯзи Президенти...


Оилаи солим - ҷомеаи солим

Оила яке аз муқаддасотест, ки ҳар шахси соҳибшарофат онро қадр менамояд ва дар пойдории он кӯшиш ба харҷ медиҳад. Чунон ки аҳли фаҳм фармудаанд: “Оилаҳо давлатҳои хурдеанд, ки як давлати мустақилро ташкил медиҳанд”. Агар ба таърихи оиладорӣ назар андозем, мебинем, ки вақте Худованд...


Тоҷикистон бозгардонидани муҳоҷирони тоҷикро аз боздоштгоҳи Русия баррасӣ кардааст

Тоҷикистон бозгардонидани муҳоҷирони тоҷикро аз боздоштгоҳи Русия баррасӣ кардааст Кормандони Хадамоти консулии Сафорати Тоҷикистон дар Русия аз Маркази нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар ноҳияи Гулкевичи минтақаи Краснодар боздид кардаанд. Дар ин марказ шаҳрвандони...