10 - тағйирот дар ҳаёти муҳоҷирони тоҷик

10 - тағйирот дар ҳаёти муҳоҷирони тоҷик

Соле, ки сипарӣ шуд, барои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик соли пур аз санҷишу имтиҳон ва душвориҳо буд. Имрӯз, мо дар бораи 10 навигарие маълумот медиҳем, ки аз соли 2024 то соли 2025 дар ҳаёти муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба вуқуъ пайвастанд.

 

1. Профили рақамии шаҳрвандони хориҷӣ

Аз 1-уми декабри соли 2024 дар Россия ҷамъоварии маълумотҳо барои созмон додани профили рақамии шаҳрвандони хориҷӣ оғоз ёфта, аз 30 июни соли 2025 фаъол мегардад, ки дар он оид ба шаҳрвандони хориҷӣ ва муҳоҷири меҳнатӣ тамоми маълумотҳо гирд оварда шудаанд. Мақсади ташкили профили рақамӣ зери назорат гирифтани шаҳрвандони хориҷӣ дар Россия мебошад.

 

2. Реестри шахсони назоратшаванда

Россия “Реести шахсони назоратшаванда”-ро тартиб дода, дар қатори шаҳрвандони хориҷӣ номи 120 000 шаҳрванди Тоҷикистонро низ, ба он ворид кард. Ба шахсоне, ки номашон ба ин реест афтидааст, мӯҳлат дода шуд, ки ихтиёрӣ қаламрави Россияро тарк кунанд, ё ҳуҷҷатҳои худро ба тартиб дароварда, будубошашонро қонунӣ гардонанд, дар акси ҳол аз кишвар ихроҷ мешаванд.

 

3. Маҳдуд кардани ҳуқуқҳои муҳоҷирон

Россия ҳуқуқҳои шаҳрвандони хориҷиеро, ки ба Реестр афтидаанд, маҳдуд кард. Суратҳисобҳои бонкии ин шахсон баста шуда, наметавонанд амалиётҳои бонкӣ гузаронанд. Ба чунин шахсон мошин рондан, бастани ақди никоҳ, харидани хона, ё дигар амвол ва иваз кардани ҷойи зисти худ бе розигии ВКД ФР манъ аст.

 

4. Кормандони ВКД-и Россия метавонанд бидуни санади судӣ муҳоҷиронро ихроҷ кунанд

Аз 5-уми феврали соли 2025 бо мақсади фавран берун кардани кардани шаҳрвандони хориҷие, ки буданашон барои мардуми ФР хатар дорад, ба мансабдорони Вазорати корҳои дохилии Россия ҳуқуқ дода шудааст, ки бидуни санади судӣ онҳоро аз қаламрави Россия ихроҷ-депортатсия кунанд.

 

5. Тағйир ёфтани қоидаҳои будубош дар Россия

Аз 5-уми феврали соли 2025 шаҳрвандони хориҷӣ ӯҳдадоранд аз анҷом додани ҳама гуна амалҳое, ки боиси халалдор гаштани манфиатҳои Россия мегарданд, худдорӣ намоянд.

 

6. Мӯҳлати будубош дар Россия аз 180 ба 90 рӯз расид

Аз 1-уми январи соли 2025 муҳлати будубоши шаҳрвандони хориҷие, ки тибқи қонун бидуни раводид — виза дар ФР метавонанд бошанд, кӯтоҳ карда, аз 180 рӯз ба 90 рӯз дар як сол расид. Акнун, ғайр аз шахсоне, ки тибқи шартномаи меҳнатӣ кор, ё таҳсил мекунанд, дигар шаҳрвандони хориҷӣ бештар аз 90 рӯз дар як сол дар Россия монда наметавонанд.

 

7. Мӯҳлати дар қайди муҳо-ҷиратӣ гузоштан кӯтоҳ шуд

Аз 5 феврали соли 2025 мӯҳлати дар қайди муҳоҷиратӣ гузоштани шаҳрвандони хориҷӣ кӯтоҳ гашта, ба як сол расид. Қаблан, мӯҳлати қайди муҳоҷиратӣ ба мӯҳлати шартномаи меҳнатӣ, иҷораи амвол, ё мӯҳлати раводид вобастагӣ дошт.

 

8. СИМ-корти ба муҳоҷирон бо маълумотҳои биометрӣ дода мешавад

Тибқи Қонуни Федералии Россия “Дар бораи алоқа” акнун барои гирифтани симкорт шаҳравандони хориҷӣ бояд то 1-уми июни соли 2025 маълумотҳои биометрии худро пешниҳод кунад. Ба шахсоне, ки аз додани маълумотҳои биометрии худ саркашӣ мекунанд, симкорти телефон дода намешавад.

 

9. Ҳуҷҷати ронандагии шаҳрвандони хориҷие, ки иҷозати зист, ё шаҳрвандии ФР-ро гирифтаанд

Ҳуҷҷатҳои ронандагии байналмилалӣ ва миллии шаҳрвандони хориҷие, ки баъди 1-уми апрели соли 2024 иҷозаи зист дар Россия-ВНЖ ва ё шаҳрвандии Федератсияи Россия гирифтаанд, бекор карда мешавад. Шахсони номбаршуда, агар то 1 апрели соли 2025 барои иваз кардани ҳуҷҷати ронандагӣ ба ҳуҷҷати ронандагии россиягӣ муроҷиат кунанд, бе имтиҳон иваз карда мешаванд, агар муҳлати ҳуҷҷат ба охир нарасида бошад.

 

10. Корти электронӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ

Дар Москва лоиҳаи санҷишии додани корти электронӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ ҷорӣ шудааст. Корти электронӣ ба онҳое дода мешавад, ки муввақатӣ дар Россия зиндагӣ мекунанд. Корти электронӣ дар ҳолате дода мешавад, ки шаҳрванди хориҷӣ барои гирифтани маълумотномаи тиббӣ муроҷиат кунад, вале дигар барои гирифтанаш намеояд. Ин кортҳо 6 моҳ ба таври электронӣ нигоҳ дошта мешаванд.

Умедворем, ки ҳаёти муҳоҷирони тоҷик дар Россия оромтар гашта, онҳо метавонанд бидуни мушкилот ва хараҷи зиёд бо осудагӣ кор кунанд, ва ризқу рӯзии худро ба даст биёранд.

 

 

Фирӯза Сатторӣ

2026-08-01 (Сафари соли 1448) №8.


7 маслиҳати муфид ба ҷавонон дар боби интихоби арӯс

Ҳар як ҷавонмард мехоҳад бо духтари покдомон ва ҳунарманде оила барпо намояд, ки як умр ҳамсафари вафодори ҳаёташ гардад ва дар тамоми пастию баландиҳои зиндагӣ ӯро ҳамдаму ҳамроз ва ғамхору меҳрубон бошад. Ба хотири кумак ба ҷавонон дар интихоби дурусти арӯс мо чанд маслиҳати муфиди психологиро...


Саволу ҷавоб

Агар ягон хешованд аз дунё гузарад, барои мотами ў то як сол куртаи кабуд пўшидан чӣ ҳукм дорад? Ин амал дуруст нест, фақат барои зане, ки шавҳараш аз олам гузаштааст, муддати 4 моҳу 10 рўз мотам гирифтан ҳатмӣ аст, яъне аз пўшидани либосҳои сурху абрешимӣ ва истеъмоли хушбўӣ худдорӣ мекунад. Агар...


ЭЪТИМОДЕРО НАШОЯД

Кас наёбад ҳеҷ чиз аз чор чиз, Ёд гир аз носеҳ, эй соҳибтамиз. Нест аввал дӯстӣ андар мулук, Ин сухан бовар кунад аҳли сулук. Сифлаеро бо мурувват нангарӣ, Ҳеҷ бадхӯе наёбад меҳтарӣ. Ҳар кӣ бо моли касон дорад ҳасад, Бӯи раҳмат бар димоғаш кай расад. Он кӣ каззоб аст, мегӯяд дурӯғ, Нест...


Беҳном Разоқӣ Шаҳидӣ: Бисёр чизро метавон иваз кард, аммо Ватанро ҳаргиз!

Беҳном Разоқӣ Шаҳидӣ бо ҷиу-ҷитсу Тоҷикистон дар ҷаҳон муаррифӣ мекунад   Моҳи майи соли 2026 дар шаҳри Абузабии Амороти Муттаҳидаи Араб мусобиқаи бонуфузи Abu Dhabi Grand Slam аз рӯи ҷиу-ҷитсу баргузор гардид. Дар ин мусобиқа варзишгари 20-сола Беҳном Разоқӣ Шаҳидӣ (вазни то 77 кг), ки дар...


Дин ва арзишҳои милли

Худованд дар Қуръон сураи Ҳуҷурот ояти 13 ба одамон чунин хитоб кардааст: «Эй мардумон, ба дурустӣ ки шуморо аз як марду як зан офаридем ва шуморо ҷамоатҳо ва қабила сохтем, то ин, ки якдигарро шиносед». Ин ояти карима аз мардум даъват ба амал овардааст, ки одамон якдигарро шиносанду...