Ҳушдор ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия

Ҳушдор ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия

Мақомоти Тоҷикистон аз муҳоҷирони тоҷик, ки дар Русия фаъолият мекунанд, даъват намуд, то пеш аз оғози кор бо корфармо ҳатман шартномаи меҳнатӣ ба имзо расонанд.

 

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия хабар медиҳад, ки дар давоми соли 2025 музди меҳнати пардохтнашудаи шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳаҷми беш аз 33 миллион рубл (муодили зиёда аз 426 ҳазор доллар) ба муҳоҷирони меҳнатӣ баргардонида шудааст.

Ба иттилои манбаъ, ин маблағҳо бо роҳи муколама бо корфармоён ва бо мусоидати мақомоти дахлдори Русия барқарор гардидаанд.

Дар ҳамин замина, Намояндагӣ аз муҳоҷирони меҳнатӣ хоҳиш мекунад, ки тибқи қонунгузории Федератсияи Русия пеш аз оғози фаъолияти меҳнатӣ бо корфармо шартномаи расмии меҳнатӣ ба имзо расонанд.

Муҳоҷирон бояд як нусхаи аслии шартномаро дар худ нигоҳ дошта, дар ҳолати риоя нагардидани талаботи шартномаи меҳнатӣ ба мақомоти дахлдори давлатӣ муроҷиат намоянд.

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Оилаи солим - ҷомеаи солим

Оила яке аз муқаддасотест, ки ҳар шахси соҳибшарофат онро қадр менамояд ва дар пойдории он кӯшиш ба харҷ медиҳад. Чунон ки аҳли фаҳм фармудаанд: “Оилаҳо давлатҳои хурдеанд, ки як давлати мустақилро ташкил медиҳанд”. Агар ба таърихи оиладорӣ назар андозем, мебинем, ки вақте Худованд...


Намояндагии вазорат аз муҳоҷирон хост ба ҳисобҳои ношинос пул нафиристанд

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия аз муҳоҷирони тоҷик даъват кардааст, ки ба корт ва суратҳисобҳои шахсони номаълум ва созмону фондҳои ношинос маблағ интиқол надиҳанд. Намояндагӣ рӯзи 22-юми сентябр ҳушдор додааст, ки гурӯҳҳои манфиатҷӯ ва фондҳои қалбакӣ...


Оши туппа

Маҳсулоти лозима: Гӯшти қимма, пиёз, сабзӣ, равғани растанӣ, зира, нахӯд ва лӯбиёи таркардашуда, хамири бурида.   Тарзи таҳия: Сараввал гӯшти қимма, пиёз ва сабзиро дар каме равғани растанӣ бирён карда, об резед ва зираю намак пошед, сипас нахӯди таркардашуда ва лӯбиёро андозед. Пас аз...


Фоидаҳои ҷигари мурғ

Қаблан дар Тоҷикистон касе ҷигари мурғро намехӯрд, вале ҳоло он дар ҳамаи мағозаҳо фурӯхта мешавад.   Ҷигари мурғ яке аз маҳсулоти серғизо ба шумор меравад. Он аз оҳан, витамини А, витамини В12, фолат ва сафеда бой аст. Маҳз ба ҳамин далел метавонад барои пешгирӣ ё кам кардани хатари баъзе...


Рӯзи 16-уми ноябр — рӯзи таърихӣ ва муҳим барои миллату кишвар

Тавре ба ҳамагон маълум аст, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» рӯзи 16 ноябр Рӯзи Президент муайян карда шудааст. Мо ҳамасола ин рӯзро ҳамчун рамзи қадршиносӣ аз заҳмату талошҳои Пешвои миллат дар роҳи эъмори давлати миллии тоҷикон — «Рӯзи Президенти...