Тоҷикистон бозгардонидани муҳоҷирони тоҷикро аз боздоштгоҳи Русия баррасӣ кардааст

Тоҷикистон бозгардонидани муҳоҷирони тоҷикро аз боздоштгоҳи Русия баррасӣ кардааст

Тоҷикистон бозгардонидани муҳоҷирони тоҷикро аз боздоштгоҳи Русия баррасӣ кардааст Кормандони Хадамоти консулии Сафорати Тоҷикистон дар Русия аз Маркази нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар ноҳияи Гулкевичи минтақаи Краснодар боздид кардаанд. Дар ин марказ шаҳрвандони Тоҷикистон низ нигоҳдорӣ мешаванд.

Тибқи иттилои расмии Сафорати Тоҷикистон, боздид рӯзи 8 октябр баргузор шуда, намояндагони консулӣ бо шаҳрвандони тоҷик мулоқот кардаанд. Зимни суҳбат вазъи саломатӣ, ҳолати ҳуқуқӣ ва чораҳои консулии барои бозгардонидани онҳо ба Ватан андешидашуда баррасӣ гардидаанд.

Ҳамчунин, намояндагони сафорат бо роҳбарияти марказ масъалаи шароити нигоҳдории шаҳрвандони Тоҷикистон ва раванди бозпас фиристодани онҳоро ба кишвар муҳокима кардаанд.

Бо вуҷуди ин, сафорат шумораи шаҳрвандони тоҷикеро, ки дар ин боздоштгоҳ қарор доранд, эълон накардааст. Ҳамчунин, маълум нест, ки онҳо кай ба Тоҷикистон баргардонида мешаванд.

 

(Оила.тж)

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Рӯзи 16-уми ноябр — рӯзи таърихӣ ва муҳим барои миллату кишвар

Тавре ба ҳамагон маълум аст, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» рӯзи 16 ноябр Рӯзи Президент муайян карда шудааст. Мо ҳамасола ин рӯзро ҳамчун рамзи қадршиносӣ аз заҳмату талошҳои Пешвои миллат дар роҳи эъмори давлати миллии тоҷикон — «Рӯзи Президенти...


Поянда бод Бахтномаи миллати тоҷик — Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Конститутсия баёнгари иродаи халқи Тоҷикистон ва дастоварди бузурги миллати тоҷик аст. Бо қабули ин санад роҳи рушди давлатдории миллии тоҷикон муайян гардид. Сиёсатшиносони дохилу хориҷӣ онро аз беҳтарин конститутсияҳои ҷаҳон эътироф кардаанд. Конститутсия 6 ноябри соли 1994 бо овоздиҳии...


Оилаи солим - ҷомеаи солим

Оила яке аз муқаддасотест, ки ҳар шахси соҳибшарофат онро қадр менамояд ва дар пойдории он кӯшиш ба харҷ медиҳад. Чунон ки аҳли фаҳм фармудаанд: “Оилаҳо давлатҳои хурдеанд, ки як давлати мустақилро ташкил медиҳанд”. Агар ба таърихи оиладорӣ назар андозем, мебинем, ки вақте Худованд...


Чин дар Тоҷикистон нерӯгоҳҳои офтобӣ месозад

Ширкати «LONGi»-и Чин барои бунёди нерӯгоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ менамояд. Масъалаи бунёди нерӯгоҳҳо ва дигар масоили марбут ба соҳаи энергетика дар мулоқоти вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо намояндагони ширкати «LONGi»-и Чин дар...


Тоҷикистон бозгардонидани муҳоҷирони тоҷикро аз боздоштгоҳи Русия баррасӣ кардааст

Тоҷикистон бозгардонидани муҳоҷирони тоҷикро аз боздоштгоҳи Русия баррасӣ кардааст Кормандони Хадамоти консулии Сафорати Тоҷикистон дар Русия аз Маркази нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар ноҳияи Гулкевичи минтақаи Краснодар боздид кардаанд. Дар ин марказ шаҳрвандони...