Бозигарони дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар клубҳои хориҷӣ

Бозигарони дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар клубҳои хориҷӣ

Дар равзанаи зимистонии соли 2026 якбора чанд футболбози тоҷик тасмим гирифтанд, ки фаъолияти худро дар клубҳои хориҷӣ идома диҳанд, аммо аксари онҳо дар Осиё бозӣ мекунанд.

 

Пурсарусадотарин трансфери ин мавсим гузаштани ҳамлавари дастаи мунтахаби Тоҷикистон Шериддин Бобоев ба дастаи «Макассар» аз Индонезия буд. Барои Бобоев ин аввалин таҷрибаи бозӣ дар хориҷа нест. Вай пештар дар футболи кишварҳои Малайзия, Қазоқистон ва Эрон бозӣ кардааст.

 

Нимуҳофизатгар Эҳсони Панҷшанбе фаъолияташро дар дастаи «Терангану» аз Малайзия идома медиҳад. Ин нишонаи он аст, ки футболбозони тоҷик ба футболи Осиёи ҷанубу шарқӣ роҳ пайдо кардаанд.

 

Ҳамлавар Шервонӣ Мабатшоев ҳам ба футболи Малайзия рафт. Ӯ ҳам бо дастаи «Терангану» шартнома баст. Ду бозигари дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар як дастаи Малайзия бар нафъи футболи тоҷик аст, зеро футболбозон таҷрибаи муҳити дигарро ба даст меоранд.

 

Ниммуҳофизатгар Алишер Шукуров ба дастаи «Қизилқум»-и Ӯзбекистон гузашт. Ба чемпионати ин кишвар рафтан боис мешавад, ки Шукуров тарҷибаи бештари бозӣ касб кунад.

 

Ҳамлавари дастаи мунтахаб Шаҳром Самиев ба дастаи «Ал-Карма»-и Ироқ гузашт. Шартномаи ӯ то 31-уми декабри соли 2026 баста шудааст.

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


«Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид

«Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум дар таърихи х-уд Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овард. Дар бозии ниҳоии мусобиқаи «Ҷоми Тоҷикистон2026» футболбозони Хуҷанд бар тими «Сардор»-и шаҳри Турсунзода бо...


5 ғизои муфид барои фаъолияти мағзи сар

Мағзи сар яке аз узвҳои асосӣ ва сермасрафи бадан аст ва барои фаъолияти дуруст ба ғизо, об ва микроэлементҳои зарурӣ ниёз дорад. Вақте организм аз ин моддаҳо камбудӣ эҳсос мекунад, инсон зуд хаста мешавад, диққаташ парешон мегардад ва қобилияти хотира метавонад коҳиш ёбад.   Мутахассисони...


Саволу ҷавоб

Ҳамсояамон мегўяд, ки бо тасбеҳ зикри бисёр кардан дуруст нест, чунки он бидъат аст. Оё ин ақида дуруст аст ё на? Худованд дар каломи худ бандагонашро ба бисёр зикр гуфтан амр кардааст, чунонки мефармояд: “Эй мўъминон, Худоро ба ёд кардани бисёр ёд кунед”. (Сураи “Аҳзоб”,...


Дар Санкт-Петербург фаъолияти муҳоҷиронро дар чанд соҳаи корӣ маҳдуд карданд

Мақомоти шаҳри Санкт-Петербург барои шаҳрвандони хориҷие, ки дар асоси патент фаъолият мекунанд, дар як қатор соҳаҳо маҳдудияти кор ҷорӣ намуданд. Ин манъкунӣ соҳаҳои тиб, савдои чакана, сартарошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн, толорҳои варзишӣ ва марказҳои солимгардониро дар бар мегирад. Тибқи қарори...


Фоидаҳои ҷигари мурғ

Қаблан дар Тоҷикистон касе ҷигари мурғро намехӯрд, вале ҳоло он дар ҳамаи мағозаҳо фурӯхта мешавад.   Ҷигари мурғ яке аз маҳсулоти серғизо ба шумор меравад. Он аз оҳан, витамини А, витамини В12, фолат ва сафеда бой аст. Маҳз ба ҳамин далел метавонад барои пешгирӣ ё кам кардани хатари баъзе...