Нархи Ҳаҷ барои соли 2026 арзон шуд

Нархи Ҳаҷ барои соли 2026 арзон шуд

Арзиши Ҳаҷҷи фарзӣ барои зоирини тоҷик имсол 53 ҳазор сомонӣ муқарар шуд. Дар ин бора Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим хабар додааст.

 

Ин арзиш нисбат ба соли гузашта 3800 сомонӣ арзонтар мебошад.

Барои сафар ба Ҳаҷ дар соли 2025-ум 56 ҳазору 800 сомонӣ пардохт карда мешуд.

Таъкид шуд, ки маблағи сафари Ҳаҷ тавассути “Ориёнбонк” пардохт карда мешавад. Оқои Афшин ҳамзамон гуфт, ки Кумита аз ҳоло озмун барои дарёфти роҳбаладонро низ оғоз кардааст.

Ёдовар мешавем, ки хоҳишмандони сафар ба Ҳаҷ дар Тоҷикистон сол ба сол зиёд мешавад. Шаҳрвандон барои анҷомдодани маносики динӣ барои сафар ба Арабистони Саудӣ аз кишварҳои ҳамсоя аз ҷумла Ӯзбекистон истифода мекунанд, зеро арзиши сафар дар ин кишвари ҳамсоя нисбат ба Тоҷикистон арзонтар мебошад. Ба иттилои сарчашмаҳои ғайри расмӣ арзиши сафари Ҳаҷ наздик ба ҳазор доллар баробар аст, ки гоҳе ба доми қаллобон меафтанд. Чанд маротиба чунин ҳолати фиреби ширкатҳои ӯзбекистонӣ расонаи шуда буд.

Аз ҷумла мақомоти Ӯзбекистон ҳафтаи гузашта аз ошкор шудани як ширкати қалобӣ бо номи “Жалолқудуқ Авиатранс” хабар дод, ки наздик ба 20 ҳазор шаҳвандро фиреб додааст.

(«Пресса.тж»)

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Оилаи солим - ҷомеаи солим

Оила яке аз муқаддасотест, ки ҳар шахси соҳибшарофат онро қадр менамояд ва дар пойдории он кӯшиш ба харҷ медиҳад. Чунон ки аҳли фаҳм фармудаанд: “Оилаҳо давлатҳои хурдеанд, ки як давлати мустақилро ташкил медиҳанд”. Агар ба таърихи оиладорӣ назар андозем, мебинем, ки вақте Худованд...


Тоҷикистон бозгардонидани муҳоҷирони тоҷикро аз боздоштгоҳи Русия баррасӣ кардааст

Тоҷикистон бозгардонидани муҳоҷирони тоҷикро аз боздоштгоҳи Русия баррасӣ кардааст Кормандони Хадамоти консулии Сафорати Тоҷикистон дар Русия аз Маркази нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар ноҳияи Гулкевичи минтақаи Краснодар боздид кардаанд. Дар ин марказ шаҳрвандони...


Чин дар Тоҷикистон нерӯгоҳҳои офтобӣ месозад

Ширкати «LONGi»-и Чин барои бунёди нерӯгоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ менамояд. Масъалаи бунёди нерӯгоҳҳо ва дигар масоили марбут ба соҳаи энергетика дар мулоқоти вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо намояндагони ширкати «LONGi»-и Чин дар...


Саволу ҷавоб

Ҳамсояамон мегўяд, ки бо тасбеҳ зикри бисёр кардан дуруст нест, чунки он бидъат аст. Оё ин ақида дуруст аст ё на? Худованд дар каломи худ бандагонашро ба бисёр зикр гуфтан амр кардааст, чунонки мефармояд: “Эй мўъминон, Худоро ба ёд кардани бисёр ёд кунед”. (Сураи “Аҳзоб”,...


Поянда бод Бахтномаи миллати тоҷик — Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Конститутсия баёнгари иродаи халқи Тоҷикистон ва дастоварди бузурги миллати тоҷик аст. Бо қабули ин санад роҳи рушди давлатдории миллии тоҷикон муайян гардид. Сиёсатшиносони дохилу хориҷӣ онро аз беҳтарин конститутсияҳои ҷаҳон эътироф кардаанд. Конститутсия 6 ноябри соли 1994 бо овоздиҳии...