Русия сиёсати нави муҳо-ҷиратро қабул мекунад

Русия сиёсати нави муҳо-ҷиратро қабул мекунад

Русия сиёсати нави муҳо-ҷиратро қабул мекунад

Президенти Русия Владимир Путин дар ҷаласаи солонаи Вазорати корҳои дохилӣ изҳор дошт, ки бояд консепсияи навшудаи сиёсати муҳоҷират ҳарчи зудтар қабул карда шавад. Ба гуфтаи ӯ, ин ҳуҷҷат бояд дар ҳамин сол тасдиқ гардад.

 

Путин таъкид кард, ки Вазорати корҳои дохилӣ вазифадор аст, ки роҳҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва ҷиноятҳои марбут ба муҳоҷиратро пешгирӣ намояд. Вай ҳамчунин зикр кард, ки истифодаи кортҳои муҳоҷират дар шакли коғазӣ бояд қатъ шавад.

Тибқи иттилои «Томск-Онлайн», ҳукумати Русия нияти қатъи ҷалби муҳоҷиронро надорад, балки мехоҳад шахсони дорои ихтисос ва маълумоти зарурӣ-ро ҷалб кунад.

Дар баробари ин, Путин зарурати мубориза бо ифротгароӣ, ҷиноятҳои марбут ба маводи мухаддир ва таблиғоти хатарнок дар фазои рақамӣ-ро таъкид намуд.

Нақшаи ҳукумат оид ба сиёсати нави муҳоҷират, ки соли 2023 таҳия шуда буд, бояд имсол ба анҷом расад. Он шаш бахш ва 42 банд-ро дар бар мегирад, аз ҷумла таҳияи курсҳои мутобиқшавӣ барои муҳоҷирон, зиёд кардани донишҷӯёни хориҷӣ дар мактабҳои олӣ ва такмили раводидҳои электронӣ.

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Оши туппа

Маҳсулоти лозима: Гӯшти қимма, пиёз, сабзӣ, равғани растанӣ, зира, нахӯд ва лӯбиёи таркардашуда, хамири бурида.   Тарзи таҳия: Сараввал гӯшти қимма, пиёз ва сабзиро дар каме равғани растанӣ бирён карда, об резед ва зираю намак пошед, сипас нахӯди таркардашуда ва лӯбиёро андозед. Пас аз...


Поянда бод Бахтномаи миллати тоҷик — Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Конститутсия баёнгари иродаи халқи Тоҷикистон ва дастоварди бузурги миллати тоҷик аст. Бо қабули ин санад роҳи рушди давлатдории миллии тоҷикон муайян гардид. Сиёсатшиносони дохилу хориҷӣ онро аз беҳтарин конститутсияҳои ҷаҳон эътироф кардаанд. Конститутсия 6 ноябри соли 1994 бо овоздиҳии...


Фоидаҳои ҷигари мурғ

Қаблан дар Тоҷикистон касе ҷигари мурғро намехӯрд, вале ҳоло он дар ҳамаи мағозаҳо фурӯхта мешавад.   Ҷигари мурғ яке аз маҳсулоти серғизо ба шумор меравад. Он аз оҳан, витамини А, витамини В12, фолат ва сафеда бой аст. Маҳз ба ҳамин далел метавонад барои пешгирӣ ё кам кардани хатари баъзе...


Рӯзи 16-уми ноябр — рӯзи таърихӣ ва муҳим барои миллату кишвар

Тавре ба ҳамагон маълум аст, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» рӯзи 16 ноябр Рӯзи Президент муайян карда шудааст. Мо ҳамасола ин рӯзро ҳамчун рамзи қадршиносӣ аз заҳмату талошҳои Пешвои миллат дар роҳи эъмори давлати миллии тоҷикон — «Рӯзи Президенти...


Оилаи солим - ҷомеаи солим

Оила яке аз муқаддасотест, ки ҳар шахси соҳибшарофат онро қадр менамояд ва дар пойдории он кӯшиш ба харҷ медиҳад. Чунон ки аҳли фаҳм фармудаанд: “Оилаҳо давлатҳои хурдеанд, ки як давлати мустақилро ташкил медиҳанд”. Агар ба таърихи оиладорӣ назар андозем, мебинем, ки вақте Худованд...