Муҳоҷирони меҳнатӣ ҳуҷҷатҳояшонро дар Тоҷикистон тахт карда, баъд ба Русия мераванд

Муҳоҷирони меҳнатӣ ҳуҷҷатҳояшонро дар Тоҷикистон тахт карда, баъд ба Русия мераванд

Муҳоҷирони тоҷик ҳуқуқ пайдо карданд, ки тамоми ҳуҷҷатҳояшонро дар Тоҷикистон тахт намуда, баъдан ба Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ раванд.

 

Байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Федератсияи Русия “Созишнома дар бораи ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор дар ҳудуди Русия” ба имзо расида, парлумони Тоҷикистон рӯзи 8-уми апрел ин ҳуҷҷатро мавриди баррасӣ қарор дод ва тасдиқ намуд. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар минбаъд дар асоси ҳамин ҳуҷҷат расмиёти пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатиро дар дохили кишвар анҷом дода, ҳуҷҷатҳои лозимаро тахт мекунад ва онҳоро ба таври муташаккилона барои кор ба Русия мефиристад. Тавре вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон хонум Солеҳа Холмаҳмадзода гуфтааст, мақсад аз таҳияи ин ҳуҷҷат ҳимояи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик мебошад. Вазир таъкид кардааст, ки дар асоси протоколи мазкур минбаъд шахсоне, ки нияти ба Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтанро доранд, метавонанд дар Тоҷикистон аз муоинаи тиббӣ гузашта, маълумотнома бигиранд, ташхиси изи ангуштонро анҷом диҳанд, имтиҳонҳои забони русӣ ва таъриху қонунгузории Русияро дар Ватан супурда, баъдан ба таври муташаккилона ба дилхоҳ минтақаи Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ раванд. Дар ин сурат, муҳоҷирони меҳнатии тоҷик баъди вориди Русия гаштан танҳо иҷозатномаи корӣ, яъне патент гирифта, ба кор оғоз менамоянд. Ногуфта намонад, ки дар доираи созишномаи мазкур муҳоҷирон пеш аз сафар ба касбомӯзӣ ҷалб карда шуда, касбҳои заруриро меомӯзанд ва сатҳи тахассусашон ба талаботи бозори меҳнати Русия мутобиқ кунонида мешавад.

 

(«Фирӯза Саттори»)

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Пешниҳоди муфтӣ: ҷавонон бояд пеш аз издивоҷ давраи омӯзишӣ гузаранд

Саидмукаррам Абдуқо-дирзода, раиси Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар як суханронии ахири худ аз афзоиши ҷудошавии оилаҳои ҷавон изҳори нигаронӣ карда, пешниҳод намудааст, ки ҷавонон пеш аз издивоҷ дар бораи оиладорӣ китоб хонанд ва ҳатто аз як давраи кӯтоҳи омӯзиши зиндагии муштарак...


Тарғиби илму дониш дар «Хирадномаи Искандари»-и Абдурраҳмони Ҷоми

Вақте ки дилҳо аз илму дониш шодобу мунаввар мешаванд, муносибатҳои байни одамон, раҳму шафқат бештар мегардад. Ҷомеаи инсонӣ пеш меравад, тараққӣ мекунад, ноадолатӣ, бедодгарӣ оҳиста-оҳиста аз байн меравад.   Мақсаду мароми Абдураҳмони Ҷомӣ ҳамчун инсондўсти бузург таълим додан ва тарбия...


5 ғизои муфид барои фаъолияти мағзи сар

Мағзи сар яке аз узвҳои асосӣ ва сермасрафи бадан аст ва барои фаъолияти дуруст ба ғизо, об ва микроэлементҳои зарурӣ ниёз дорад. Вақте организм аз ин моддаҳо камбудӣ эҳсос мекунад, инсон зуд хаста мешавад, диққаташ парешон мегардад ва қобилияти хотира метавонад коҳиш ёбад.   Мутахассисони...


Чин дар Тоҷикистон нерӯгоҳҳои офтобӣ месозад

Ширкати «LONGi»-и Чин барои бунёди нерӯгоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ менамояд. Масъалаи бунёди нерӯгоҳҳо ва дигар масоили марбут ба соҳаи энергетика дар мулоқоти вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо намояндагони ширкати «LONGi»-и Чин дар...


Оилаи солим - ҷомеаи солим

Оила яке аз муқаддасотест, ки ҳар шахси соҳибшарофат онро қадр менамояд ва дар пойдории он кӯшиш ба харҷ медиҳад. Чунон ки аҳли фаҳм фармудаанд: “Оилаҳо давлатҳои хурдеанд, ки як давлати мустақилро ташкил медиҳанд”. Агар ба таърихи оиладорӣ назар андозем, мебинем, ки вақте Худованд...