Муҳоҷирон дар Тоҷикистон аз ташхиси тиббӣ гузашта, баъд ба Русия мераванд

Муҳоҷирон дар Тоҷикистон аз ташхиси тиббӣ гузашта, баъд ба Русия мераванд

Акнун муҳоҷирони меҳнатии тоҷик метавонанд қабл аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз ташхиси тиббӣ гузаранд. Дар ин бора расонаҳои русӣ хабар додаанд.

 

Созишнома дар ин боб санаи 9-уми октябри соли 2025 дар Душанбе имзо шуда, ҳафтаи гузашта барои тасдиқ ба Думаи давлатии Русия фиристода шудааст. Дар асоси ин ҳуҷҷат Ҳукумати Русия ба муҳоҷирони тоҷик имкон медиҳад, ки барои гирифтани иҷозаи кор ё патент қабл аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон дар маркази тиббие, ки тибқи қонунгузории Русия фаъолият менамояд, аз ташхисҳои зарурии тиббӣ гузашта, маълумотномаро пешниҳод намоянд. Кормандони ин марказ ба махзани маълумотҳо дар бораи гирифторони бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла ВИЧ, гепатит ва сил дастрасӣ хоҳанд дошт, аммо ҳанӯз маълум нест, ки маркази мазкур дар кадом муассисаи тиббии Душанбе фаъол мешавад. Қобили зикр аст, ки бо супоридани ташхис дар ватан, муҳоҷирони тоҷик баъдан дар Русия ташхиси такрорӣ намесупоранд ва ин кори онҳоро осону арзонтар месозад.

 

(«Фирӯза Саттори»)

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Дар Санкт-Петербург фаъолияти муҳоҷиронро дар чанд соҳаи корӣ маҳдуд карданд

Мақомоти шаҳри Санкт-Петербург барои шаҳрвандони хориҷие, ки дар асоси патент фаъолият мекунанд, дар як қатор соҳаҳо маҳдудияти кор ҷорӣ намуданд. Ин манъкунӣ соҳаҳои тиб, савдои чакана, сартарошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн, толорҳои варзишӣ ва марказҳои солимгардониро дар бар мегирад. Тибқи қарори...


«Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид

«Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум дар таърихи х-уд Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овард. Дар бозии ниҳоии мусобиқаи «Ҷоми Тоҷикистон2026» футболбозони Хуҷанд бар тими «Сардор»-и шаҳри Турсунзода бо...


Оилаи солим - ҷомеаи солим

Оила яке аз муқаддасотест, ки ҳар шахси соҳибшарофат онро қадр менамояд ва дар пойдории он кӯшиш ба харҷ медиҳад. Чунон ки аҳли фаҳм фармудаанд: “Оилаҳо давлатҳои хурдеанд, ки як давлати мустақилро ташкил медиҳанд”. Агар ба таърихи оиладорӣ назар андозем, мебинем, ки вақте Худованд...


Чин дар Тоҷикистон нерӯгоҳҳои офтобӣ месозад

Ширкати «LONGi»-и Чин барои бунёди нерӯгоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ менамояд. Масъалаи бунёди нерӯгоҳҳо ва дигар масоили марбут ба соҳаи энергетика дар мулоқоти вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо намояндагони ширкати «LONGi»-и Чин дар...


Фоидаҳои ҷигари мурғ

Қаблан дар Тоҷикистон касе ҷигари мурғро намехӯрд, вале ҳоло он дар ҳамаи мағозаҳо фурӯхта мешавад.   Ҷигари мурғ яке аз маҳсулоти серғизо ба шумор меравад. Он аз оҳан, витамини А, витамини В12, фолат ва сафеда бой аст. Маҳз ба ҳамин далел метавонад барои пешгирӣ ё кам кардани хатари баъзе...