Барои муҳоҷирати бехатар чиро донистан зарур аст?

Барои муҳоҷирати бехатар чиро донистан зарур аст?

Барои муҳоҷирати бехатар чиро донистан зарур аст?

Муҳоҷирати меҳнатӣ ва хатарҳои он. Муҳоҷирати меҳнатӣ падидаи мусбат буда, имконият медиҳад, ки муҳоҷирон дар кишварҳои дигар кори муносиб ёфта, шароити зисту зиндагии худро беҳтар созанд, аммо паст будани сатҳи дониши ҳуқуқӣ ва беэҳтиётӣ ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ метавонад сабаби пайдоиши як қатор мушкилиҳо гардад.

Хатарҳои асосии муҳоҷират инҳоянд:

Афтодан ба доми фиреб ҳангоми гирифтани ҳуҷҷатҳо

Афтодан ба ғуломии меҳнатӣ

Афтодан ба ғуломии шаҳвонӣ

Фирефта шудан аз ҷониби гурӯҳҳои ифротгаро

Пурра ё қисман гирифта натавонистани ҳаққи меҳнати худ

Гирифтор шудан ба зӯроварии равонӣ ё ҷисмонӣ

Зӯран гирифтани ҳуҷҷатҳои муҳоҷирон ва маҳдуд кардани озодии муҳоҷир аз ҷониби корфармоён ё шахсони дигар

Омодагӣ ба муҳоҷират аз чӣ сар мешавад?

Барои муҳоҷирати меҳнатии бехатар муҳоҷир бояд пешакӣ тайёрии пухта дида, баъдан ба сафар барояд. Барои ин: Корро аз оилаи худ сар кунед. Бом ё девори хонаатон ниёз ба таъмир дошта бошад, онро таъмир кунед. Кӯшиш кунед, ки хӯрду хӯроки аҳли хонаводаатонро ақаллан барои ду-се моҳ захира карда, баъд ба сафар равед. Хароҷотҳои сафаратонро ҳисоб кунед ва бо худ маблағи муайян бигиред, то дар мулки бегона имконияти пардохти иҷорапулӣ, тахт кардани ҳуҷҷатҳо ва харидани маводи ғизоиро дошта бошед. Нияти ба Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан дошта бошед ва ин сафари аввалини шумо набошад, фаҳмед, ки оё вурудатон ба Русия манъ карда нашудааст. Барои фаҳмидани он ки ихроҷ, яъне “депортатсия ” шудаед ё не, ба Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон муроҷиат кунед. Шумо метавонед ин маълумотро инчунин аз шӯъбаҳои минтақавии макони зистатон бигиред. Хадамоти Муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суроғаи зерин ҷойгир шудааст: ш. Душанбе, кӯчаи Айнӣ 121. Почтаи электронӣ: press@migration.tj тел/факс: 992-37-225-05-71

Муҳоҷир бояд чиро донад?

Барои пешгирии хатарҳои муҳоҷират муҳоҷирон бояд бидонанд: Ба пешниҳодҳои ёру дӯстон ва дигар ашхоси шиносу ношинос дар бораи ёфтани кори сердаромад дар хориҷи кишвар бовар накарда, то кадом андоза асоснок будани кори ба шумо пешниҳод шударо тариқи интернет санҷед, яъне дақиқ намоед, ки оё дар асл чунин корхона вуҷуд дорад ё не, музди меҳнат ва шароити кориаш чӣ гуна аст. Ба шахсони тасодуфие, ки ба шумо дар кишварҳои хориҷӣ кори осону пули калон ваъда медиҳанд ва ҳатто омодаанд, ки пули чиптаи ҳавопаймо ва дигар хароҷотҳои сафарро пардохт намоянд, бовар накунед, зеро аксаран чунин афроди ҷиноятпеша бо хариду фурӯши одамон машғул буда, бо ваъдаҳои бардурӯғ муҳоҷирони меҳнатиро ба дом меафкананд ва қарзи калонеро ба гарданашон бор карда, ҳамчун ғуломи меҳнатӣ ё шаҳвонӣ истифода мебаранд. Роҳи аз ҳама хуб ва бехатари пайдо кардани кор дар хориҷи кишвар муроҷиат намудан ба идораҳо ва ташкилоту созмонҳои расмие мебошад, ки бо масоили муҳоҷират машғуланд.

Вақте ба муҳоҷирати меҳнатӣ меравед, ақаллан дар ҳадди гуфтугӯ донистани забони кишваре, ки сафар карданиед, ҳатмист. Барои баланд бардоштани савияи забондониатон ба курсҳои кӯтоҳмуддати забономӯзӣ дохил шуда, дониши худро баланд бардоред.

Донистани ҳуқуқҳои худ шуморо аз бисёр мушкилиҳо дар муҳоҷират наҷот медиҳад. Аз ин рӯ ҳатман қонуну қоидаҳои муҳоҷиратии кишвари қабулкунандаро омӯзед ва риоя намоед.

Ихтисос ва малакаи касбӣ

Барои пайдо кардани кори хуб муҳоҷир бояд касб ё ҳунари муайян дошта бошад. Дар назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон курсҳои махсуси касбомӯзӣ кушода шудааст, ки калонсолон метавонанд муроҷиат намоянд. Шахсоне, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаниянд, имкон доранд, дар муддати кӯтоҳ касбу ҳунарҳои замонавиро дар ин курсҳо омӯзанд ва соҳиби диплом ва сертификат гарданд.

Имтиҳонро дар Тоҷикистон супурдан беҳтар ё дар Русия? Муҳоҷироне, ки дар Русия бо фаъолияти меҳнатӣ машғул шудан мехоҳанд, бояд аз забону адабиёти рус, таърихи Русия ва асосҳои давлат ва ҳуқуқ имтиҳон супоранд. Имтиҳонҳои мазкурро шумо метавонед дар худи Федератсияи Русия ё дар филиалҳои донишгоҳу донишкадаҳои Русия дар Тоҷикистон супоред. Супурдани имтиҳон дар Тоҷикистон арзонтар ва осонтар аст.

Кадом ҳуҷҷатҳо барои муҳоҷир заруранд?

Шумо ба муҳоҷират пурра омода шуда, ба сафар кардан тайёред? Пас ҳуҷҷатҳои зеринро ҷамъоварӣ намоед: Шиносномаи хориҷӣ бигиред. Корти муҳоҷиратӣ. Ба Русия ё Қазоқистон ба муҳоҷирати меҳнатӣ мерафта бошед, ин кортро ба шумо дар дохили тайёра медиҳанд. Дар корти муҳоҷиратӣ ҳатман мақсади сафаратонро “работа”-кор қайд кунед ва онро ҳамеша бо худ нигоҳ доред. Ба хориҷи дур, масалан ба Аврупо ё Туркия сафар карданӣ бошед, аз корфармо талаб намоед, ки бароятон даъватномаи корӣ ва нусхаи шартномаи меҳнатиро равон кунад, чунки бидуни ин ду ҳуҷҷат раводид-Визаи корӣ дода намешавад. Ба хориҷи дур рафтанӣ бошед, ҳатман Раводид-Виза бигиред. Барои гирифтани раводид шумо бояд ба сафорат ё консулгарии кишваре, ки сафар карданиед, муроҷиат намоед. Раводид танҳо дар асоси нусхаи аслии шартномаи меҳнатӣ ва даъватномаи корӣ, ки аз ҷониби кишвари қабулкунанда фиристода шудааст, баъди гузаштан аз сӯҳбат (собиседование) дар муддати ду ҳафта дода мешавад.

Пас аз расидан ба макон

Тамоми ҳуҷҷатҳоятонро нусхабардорӣ карда, нусхаҳоро бо худ нигоҳ доред. Кӯшиш намоед, ки ҳарчи зудтар худро дар қайди муҳоҷиратӣ гузоред. Шаҳрвандони Тоҷикистон бояд дар муддати 15 рӯз баъди ворид шудан ба қаламрави Федератсияи Россия худро дар қайди муҳоҷиратӣ гузоранд. Шумо метавонед дар хонаи иҷора, хобгоҳ ё макони коратон худро дар кайд гузоред. Барои машғул шудан бо фаъолияти меҳнатӣ патент бигиред. Кӯшиш кунед, ки кори муносиб ёбед ва ҳатман бо корфармо шартномаи меҳнатӣ бандед. Урфу одати мардуми маҳаллиро эҳтиром намоед ва хушмуомила бошед.

Фирӯза Сатторӣ, Оила.тж

2026-10-01 (Рабиул ахири соли 1448) №10.


Аритмия. Вайроншавии набзи дил чӣ хатар дорад?

Дил муҳаррики асосии ҷисми инсон буда, саломатии мо пеш аз ҳама ба солимии ин узви ҳаётан муҳим вобастагӣ дорад. Аммо ҳолатҳое мешаванд, ки набзи дил вайрон шуда, иллату нуқсон пайдо мекунад.   Аз ҳамин сабаб мо тасмим гирифтем бо табиби нуқсонҳои дил, аритмологи интервенсионии Маркази...


Маркази нави омӯзишӣ барои муҳоҷирон

Дар шаҳри Душанбе боз як Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ ифтитоҳ шуд.   Дар ифтитоҳи ин марказ вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода ва дигар масъулини дахлдор иштирок карданд. Чунин марказҳо дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд,...


Муштзанҳои тоҷик ба Бозиҳои ХХ-уми Осиё мераванд

Аз 19-уми сентябр то 4-уми октябр дар шаҳрҳои Айтӣ ва Нагояи Ҷопон Бозиҳои XX-уми Осиё баргузор мегардад. Дар мусобиқа варзишгарони 45 кишвари қора барои 217 маҷмуи нишонҳо мубориза мебаранд. Ҳайати Тоҷикистонро дар мусобиқа 117 варзишгар намояндагӣ мекунанд. Аз намуди бокс дар ин мусобиқаи...


Беш аз 23,6 миллион рубл музди меҳнати муҳоҷирон баргардонида шуд

Дар ҳафт моҳи соли 2026 дар натиҷаи фаъолияти Намояндагӣ оид ба масъалаҳои пардохт нашудани музди меҳнати муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, ба муҳоҷирони тоҷик 23 миллиону 655 ҳазору 452 рубл маблағи музди меҳнати пардохтнашуда баргардонида шудааст. Ин маблағ...


Резиши мӯй. Кай бояд ба табиб муроҷиат кард?

Дар як шабонарӯз рехтани 50-100 тори мӯй барои инсон одатан ҳолати муқаррарӣ ба ҳисоб меравад. Аммо агар мӯй назар ба пеш хеле бештар резад, ҷойҳои каммӯй пайдо шаванд ё сохтори мӯй тағйир ёбад, ин метавонад нишонаи мушкилоти саломатӣ бошад.   Рехтани мӯй ҳам мардон ва ҳам занонро дар синну...