Шарифхӯҷаи деҳқон дар Волгоград

Шарифхӯҷаи деҳқон дар Волгоград

Мусоҳиба бо бародари тоҷики мо, ки 7 сол ин ҷониб дар шаҳри Волгоград кор карда, ба парвариши сабзӣ, лаблабӯ ва шалғам машғул аст. Имсол ният дорад, ки дар майдони 30 гектар замин сабзавоти тару тозае рӯёнда, ба бозор барорад. Ин мард Шарифхӯҷа Сафаров буда, зодаи ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон мебошад.

– Аз кадом сол кишоварзӣ доред?

– Аз соли 2015 ба кишоварзӣ машғул шудам, ки он замон дар ин ҷода маводи лозимаи хубе низ надоштам. Дар ибтидо маблағ ҷамоварӣ карда, баъд одамони дар замин деҳқонӣ кардаро даъват намудам. Чунин гуруҳ ташкил карда, ба коридани сабзӣ шурӯ кардем. Соли аввал, ки дар 4 гектар замин сабзӣ коридем, ҳосили хеле баланд гирифта будем.

– Замони ҳозир соҳаи кишоварзӣ аз ҷиҳати техникӣ ва илмӣ хеле пеш рафтааст. Барои Шумо мутахассиси кадом соҳа лозим аст?

– Ба ин масъала ба таври ҷиддӣ назар кардам. Барои он, ки аз коргар ҳама чиз вобастагӣ дорад. Барои ҳамин фикр карда, коргаронро аз шаҳри Хӯҷанд даъват кардам. То имрӯз дар замин аз рӯйи виҷдони пок кор карда истодаанд. Аввали баҳор омада, то тирамоҳ кишоварзӣ карда, барои нигоҳу бинӣ хонавода ризқе пайдо карда, боз ба ватан бармегарданд. Яъне онҳо моро ва мо онҳоро дастгирӣ мекунем. Ҳама вақт корро он хел ба роҳ мемонем, ки барои коргар аз ҳама ҷиҳат манфиат зиёдтар гардад.

– Танҳо сабзӣ парвариш мекунед?

Асосан сабзикорӣ дорем, лекин кам– кам турбу шалғам низ мекорем.

– Нақшаи кории Шумо дар ин сол чӣ хел аст? Даромад солҳои пештар чӣ тавр буд? Мешавад, ки замин соле ҳосил надиҳад?

– Тавре гуфтем, имсол дар 30 гектар замини корам маҳсулот хоҳем корид. Ёд дорам, ки соли 2019 бо ҳамроҳи бародарам Зафар 810 ҳазор рубл зарар дидем. Ин барои мо дар 4 соли охир зарбаи хеле сахти иқтисодӣ зад.

– Аз ин ноомади кор дилшикаста шудед?

– Албатта не. Ин як навъ таҷрибаи рӯзгоре буд, ки мо дидем ва оҳиста ба сӯйи пеш қадами устувортар гузоштем. Зери ҳар як мушкилӣ сеҳрест, ки бояд хубтар фаҳмид.

– Кадоме аз расмҳои хешро дар ин шаҳр мегузаронед, ки аз Ватан дур нашавед?

– Он чӣ, ки маро ёди Ватан мекунад, ин ҳам бошад таъомҳои миллии мо мебошанд. Дар хонавода, оши палав, қурутоб, шакароб мепазем, ки якҷоя сари дастархон ҷамъ шуда, нӯшидаву хӯрда, аз ин неъмати ба мо додаи Худованд сипосгузорӣ мекунем.

– Дар бораи кӯдаконатон нақл кунед?

– Фарзанди калонам 18 сола шуд, ки дар оянда нияти зироатшинос (агроном) шудан дорад, ки кори кишоварзии падарро давом хоҳад кард.

– Дар зодгоҳ кишоварзӣ мекардед?

– Дар зодгоҳ заминкорӣ намекардам ва дар хаёлам ҳам набуд. Бо амри Худованд дар Россия қимати кишоварзиро хуб дарк кардам.

– Ба кишоварзони ҷавон чӣ тавсия доданӣ ҳастет?

– Ҳеҷ гоҳ худро кишоварзи баландмартаба намешуморам, лекин мефаҳмам, ки дар замин кор кардан шарафи хеле бузург буда, чӣ қадар мушкилие пеш ояд, ҳаргиз заминро партофтан даркор нест. Аз пайдо шудани аввалин вазнинӣ ба таҳлука афтода, аз замин дур шудан лозим нест. Агар иродаи қавӣ дошта бошед, ризқу рӯзии ҳалол шуморо интизор аст. Офаридгор ба мо Замини нозанин дода, ки аз ӯ истифода карда, луқмаи хешро ба тозагӣ гирифта, бо хонавода ва наздикон истеъмол кунем. Маҳз чунин вазъи иқтисодии имрӯза нишон медиҳад, ки кишоварзӣ кордастӣ (ремесло)– и хеле муҳим гаштааст.

– Лутфан бигӯед, ки Шумо маълумоти олӣ доред?

– Бале. Соҳиби 2 дипломи мактаби олӣ ҳастам. Баъди хатми мактаби миёна, ба факултаи мехмати Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб дохил шуда, тамом кардам. Дигар, дуюм дипломам ин ҳисобдорӣ (бухучёт) аст.

– Чӣ Шуморо маҷбур сохт, ки ба кишоварзӣ машғул шавед? Дар ҳолате, ки ду касби олӣ низ доред? Метавонистед, ки дар дигар соҳае кор кунед?

– Пеш аз ин ба тиҷорат– савдо машғул шудам, ки тавре мехостам барорам нашуд. Пиёзу сабзӣ, турбу шалғамро аз дигар кас мехаридаму ба савдо мегузоштам. Баъд ба хулосае омадам, ки барои чӣ аз касе харида, бозоршинӣ кард? Дар ҳоле, ки замин дар ин ҷо зиёдаст ва худам метавонам ҳар чӣ хоҳам парвариш карда, бе харҷи зиёд ба бозор барорам. Баъди кор дар замин кардан, фаҳмидам, ки баракати Худованд дар замин хеле зиёд будааст.

– Ба шахсони кабизоъат ва эҳтиёҷманд дасти ёрӣ дароз мекунед?

– Боз ҳам шукри бепоён аз Офаридгор, ки маро шахси бо дасту бозу кардааст. Ҳаргиз касеро, миллатеро аз якдигар ҷудо намешуморам, то ҳадди имкони дошта, дастгири ҳар як зарурманди ноҳияи хеш ҳастам. Хеле хушҳолам, ки аз кори банда одамон ҳаловату фоида дида, шукронаву сипосгузорӣ мекунанд.

– Аввалан ба хонавода ва деҳқонони гуруҳи Шумо тансиҳатӣ орзу дорем. Баъдан, дар кори кишоварзӣ ба Шумо ҳосилхезиву баракати зиёдеро хоҳонем. Аз кори деҳқонӣ бо Шумо дар шумораҳои оянд низ суҳбат хоҳем кард. Барои суҳбат ташаккур.

Суҳбат гузаронд Муҳаммадфарух Азимов

2026-10-01 (Рабиул ахири соли 1448) №10.


Зиндагии Аҳмади Дониш

Ташаккулёбии чаҳонбинии Аҳмади Дониш   Яке аз фозилтарин фарзандони Бухорои Шарифи асри XIX Аҳмад Махдуми Дониш, мулаққаб ба Аҳмади Калла (1826-1897) ба ҳисоб меравад. Ӯ дар шаҳри Бухорои Кӯҳна, дар оилаи Носир ном мулло ба дунё омадааст. Маълумоти ибтидоиро дар мактаби хусусии духтаронаи...


Резиши мӯй. Кай бояд ба табиб муроҷиат кард?

Дар як шабонарӯз рехтани 50-100 тори мӯй барои инсон одатан ҳолати муқаррарӣ ба ҳисоб меравад. Аммо агар мӯй назар ба пеш хеле бештар резад, ҷойҳои каммӯй пайдо шаванд ё сохтори мӯй тағйир ёбад, ин метавонад нишонаи мушкилоти саломатӣ бошад.   Рехтани мӯй ҳам мардон ва ҳам занонро дар синну...


Тоҷикистон бо Озарбойҷон, Чин ва Фаластин бозиҳои дӯстона мегузаронад

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 дар рӯзҳои FIFA дар моҳҳои сентябр ва октябр дар сафар се бозии дӯстона баргузор мекунад. 23-юми сентябр дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Озарбойҷон вохӯрӣ анҷом медиҳад. Бозӣ дар варзишгоҳи...


Беш аз 23,6 миллион рубл музди меҳнати муҳоҷирон баргардонида шуд

Дар ҳафт моҳи соли 2026 дар натиҷаи фаъолияти Намояндагӣ оид ба масъалаҳои пардохт нашудани музди меҳнати муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, ба муҳоҷирони тоҷик 23 миллиону 655 ҳазору 452 рубл маблағи музди меҳнати пардохтнашуда баргардонида шудааст. Ин маблағ...


Аввалин пайванди ҷигар ва гурда дар вилояти Суғд анҷом ёфт

Дар шаҳри Хуҷанд амалиётҳои пайванди ҷигар ва гурда бори аввал дар вилояти Суғд анҷом дода шуданд. Ҷарроҳиҳо дар Беморхонаи клиникии №1-и шаҳр гузаронида шуда, ҳар ду амалиёт бидуни мушкилот анҷом ёфтаанд. Дар ин бора 2 сентябр дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии...