Дуруд бар шумо хонандагони азизи мо!

Дуруд бар шумо хонандагони азизи мо!

Мо бояд пеш аз ҳама, аз нозу неъматҳои бе канори Офаридгор, ки дар ин соли 2024 ба мо ато фармуда буд, шукургузорӣ кунем.

 

Бо мадади Худованди бузург ва таҳти роҳбарии устодони коршиноси хеш, соли гузашта ҳайати эҷодии рӯзномаи «Ас-салом» ба забони тоҷики нашр карда, дар бораи усули маънавият, ахлоқи ҳамида, одаму одамгарӣ ва дигар паҳлуҳои рӯзгори имрӯзаро каме бошад ҳам, шарҳу баён додем. Шоёни зикр аст, ки барои хубтару беҳтар кардани сифати хабарҳои рӯзнома ва ба зудӣ дастраст кардани он талош дорем. Дар ин соли гузашта, нависандагону дӯстони зиёде пайдо кардем, ки атрофи масъалаҳои гуногуни рӯзгор хабару ривоятҳо нависем. Бисёре аз назария ва тавсияҳои Шуморо қабул намуда, барои амалӣ шудани онҳо низ кӯшиш ба харҷ хоҳем дод. Барои алоқамондию бетараф набудан аз Шумо хеле сипосгузорем. Дуруди бепоён бар Офаридгор, ки мададгори мост ва назарбинии хонандаро сол ба сол зиёда карда истодааст. Барои боварӣ ташаккури зиёд. Пурсишу дархости Шумо ҳаргиз дар канор нахоҳад монд. Илова бар ин, нашрияи «Ас-салом» дар роёна (интернет) низ чандин расонаҳои хабарӣ дорад. Шумо метавонед аз сомонаи расмии мо ва дигар саҳифаҳои электронӣ истифода карда, бо хабарҳои мо ошнойӣ пайдо кунед. Ба воситаи телефони дастӣ Шумо метавноед ба рӯзномаи мо овбуна шавед. Акнун, хонанадаи мо метавонад, ки ба расонаҳои электронии мо дохил шуда, хабарҳои барояш писандро ба забони модарӣ бихонад.

Хулоса, дар поёни сухан ба Шумо ва хонаводаи Шумо ва хонандаи азиз дар ин соли нав беҳтарин рӯзгорро орзу дорем. Тансиҳативу осмони софро бароятон хоҳонем. Бигзор соли нав ҳаводиси саропо хушӣ, эҳсосҳои мусбат, бозёфтҳои наву давстовардҳои бисёре биоварад. Бигзор дар хонадони шумо ҳамеша фазои мусбат, ишқ ва самимият ҳукмфармо бошад. Саломату хушҳол бошед.

 

Муҳаммадфарух АЗИМОВ

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Саволу ҷавоб

Ҳамсояамон мегўяд, ки бо тасбеҳ зикри бисёр кардан дуруст нест, чунки он бидъат аст. Оё ин ақида дуруст аст ё на? Худованд дар каломи худ бандагонашро ба бисёр зикр гуфтан амр кардааст, чунонки мефармояд: “Эй мўъминон, Худоро ба ёд кардани бисёр ёд кунед”. (Сураи “Аҳзоб”,...


Фоидаҳои ҷигари мурғ

Қаблан дар Тоҷикистон касе ҷигари мурғро намехӯрд, вале ҳоло он дар ҳамаи мағозаҳо фурӯхта мешавад.   Ҷигари мурғ яке аз маҳсулоти серғизо ба шумор меравад. Он аз оҳан, витамини А, витамини В12, фолат ва сафеда бой аст. Маҳз ба ҳамин далел метавонад барои пешгирӣ ё кам кардани хатари баъзе...


Тоҷикистон бозгардонидани муҳоҷирони тоҷикро аз боздоштгоҳи Русия баррасӣ кардааст

Тоҷикистон бозгардонидани муҳоҷирони тоҷикро аз боздоштгоҳи Русия баррасӣ кардааст Кормандони Хадамоти консулии Сафорати Тоҷикистон дар Русия аз Маркази нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар ноҳияи Гулкевичи минтақаи Краснодар боздид кардаанд. Дар ин марказ шаҳрвандони...


Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон — 24 ноябр

24 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил мегардад. Ин сана баъд аз қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (24 ноябри соли 1992) муқаррар шудааст. Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ба шумор меравад ва...


Дар Санкт-Петербург фаъолияти муҳоҷиронро дар чанд соҳаи корӣ маҳдуд карданд

Мақомоти шаҳри Санкт-Петербург барои шаҳрвандони хориҷие, ки дар асоси патент фаъолият мекунанд, дар як қатор соҳаҳо маҳдудияти кор ҷорӣ намуданд. Ин манъкунӣ соҳаҳои тиб, савдои чакана, сартарошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн, толорҳои варзишӣ ва марказҳои солимгардониро дар бар мегирад. Тибқи қарори...