Соли гузашта

Соли гузашта

Соли гузашта

Хонандаи азизу меҳрубони мо!

Соли нави мелодии 2024 ҳам фаро расид. Пеш аз ҳама, аз файзу баракати дар ин соли 2023 ба мо дода, аз Парвардигори бузургвор сипосгузории беназир дорем. Афсӯс, ки баъзе аз дӯстон дигар дар сафи мо нестанд. Ба эшон раҳмати Пародировать хоҳонем.

Дар ин соли гузашта, дӯстони зиёде низ пайдо кардем, ки бо эшон атрофи масъалаҳои гуногуни рӯзгор хабару ривояти ҷолибро ба Шумои хонандаи меҳрубон дар саҳифаи рӯзномаи «Бо дуруд» бо камоли нек пешкаш кардем. Бисёре аз назар ва тавсияҳои Шуморо қабул фармуда, барои амалӣ шудани онҳо низ кӯшиш ба харҷ додем. Барои дар оянд бартараф набудани ин камиҳо аз Шумо хеле сипосгузорем. Низ ба боварие, ки Шумо бо мо изҳор кардаед, ташаккури хеле зиёд. Ҳар гуна пурсишу дархости ба мо ирсол кардаи Шумо ҳаргиз дар канор нахоҳад монд. Ба воситаи телефони дастӣ, Шумо метавонед ба рӯзномаи мо овбуна шуда, аз хабару рӯйдоди соли оянд ҳамроҳ бохабар шавем.

Хулоса, дар поёни сухан ба Шумо ва хонаводаи Шумо, ки хонандаи пешқадами мо ҳастед, дар ин соли нави 2024-ум рӯзгори хуши бобаракатро орзу дорем. Тансиҳативу оромии рӯзгорро бароятон хоҳонем. Бигузор дили Шумо доимо ҳамоҳанги меҳр бо Ҷонофарин бошад. Сулҳу амонӣ бо Шумо бод!

 

Муҳаммадфарух Азимов

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Пешниҳоди муфтӣ: ҷавонон бояд пеш аз издивоҷ давраи омӯзишӣ гузаранд

Саидмукаррам Абдуқо-дирзода, раиси Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар як суханронии ахири худ аз афзоиши ҷудошавии оилаҳои ҷавон изҳори нигаронӣ карда, пешниҳод намудааст, ки ҷавонон пеш аз издивоҷ дар бораи оиладорӣ китоб хонанд ва ҳатто аз як давраи кӯтоҳи омӯзиши зиндагии муштарак...


Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон — 24 ноябр

24 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил мегардад. Ин сана баъд аз қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (24 ноябри соли 1992) муқаррар шудааст. Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ба шумор меравад ва...


Тоҷикистон бозгардонидани муҳоҷирони тоҷикро аз боздоштгоҳи Русия баррасӣ кардааст

Тоҷикистон бозгардонидани муҳоҷирони тоҷикро аз боздоштгоҳи Русия баррасӣ кардааст Кормандони Хадамоти консулии Сафорати Тоҷикистон дар Русия аз Маркази нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар ноҳияи Гулкевичи минтақаи Краснодар боздид кардаанд. Дар ин марказ шаҳрвандони...


Фоидаҳои ҷигари мурғ

Қаблан дар Тоҷикистон касе ҷигари мурғро намехӯрд, вале ҳоло он дар ҳамаи мағозаҳо фурӯхта мешавад.   Ҷигари мурғ яке аз маҳсулоти серғизо ба шумор меравад. Он аз оҳан, витамини А, витамини В12, фолат ва сафеда бой аст. Маҳз ба ҳамин далел метавонад барои пешгирӣ ё кам кардани хатари баъзе...


Муҳоҷирон дигар наметавонанд зиёда аз як миллион рублро аз Русия бароранд

Аз Русия бо худ ба Ватан бурдани пули нақд барои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик душвор мегардад. Президенти Русия Владимир Путин фармонеро ба имзо расонидааст, ки тибқи он қоидаҳои аз кишвар баровардани пули нақд сахттар карда мешаванд. Дар ин бора дар сомонаи расмии президенти Русия хабар дода...