Чӣ бояд кард, то зиндагии мо беҳтар шавад?

Чӣ бояд кард, то зиндагии мо беҳтар шавад?

Чӣ бояд кард, то зиндагии мо беҳтар шавад?

Мардуми сайёра дар интизори хуб шудани вазъияти душвор ҳастанд. Ба андешаи мо, дар ин лаҳзаҳо мунтазир нишастан ҷуз зарба задан ба буҷаи оила таъсири дигаре надорад. Бояд аз ҷой бархосту бо кӯшишҳои хастагинопазир кор карда, дар фикри пайдо кардани бурдаи ноне барои худу азизон шуд. Агар ҷуз ин амал кунем, моро чӣ рӯзҳое интизор аст, онро хуб медонем.

 Ҳар нафаре, ки дорои фаҳмиши баланд асту масъулияти хонаводаеро ба зимма дорад, баробари хондани ин сатрҳо бо нерӯи қавиву руҳияи шикастанопазир аз рӯйи он амал мекунад. Ӯ ҳеҷ гоҳ ноумед намешавад, зеро медонад, ки шаб чӣ қадар дилгиркунандаву сарду дароз бошад, субҳ низ дораду ӯ ин ҳама азобро ба хотири азизонаш таҳаммул мекунад. Ҳаргиз, дар ҳеҷ замон набояд аз по афтоданамонро ба дигаре нишон диҳем. Зиндагӣ монанди имтиҳон аст, ки агар аз он боре афтодӣ, танҳо худат метавонӣ интихоб кунӣ, ки боз идома медиҳӣ ё на. Оре, интихоби фардо дар дасти мост ва танҳо барои хушбахтӣ бояд талош кард.

 

Муҳаммадфарух Азимов

 

 

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Намояндагии вазорат аз муҳоҷирон хост ба ҳисобҳои ношинос пул нафиристанд

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия аз муҳоҷирони тоҷик даъват кардааст, ки ба корт ва суратҳисобҳои шахсони номаълум ва созмону фондҳои ношинос маблағ интиқол надиҳанд. Намояндагӣ рӯзи 22-юми сентябр ҳушдор додааст, ки гурӯҳҳои манфиатҷӯ ва фондҳои қалбакӣ...


Пешниҳоди муфтӣ: ҷавонон бояд пеш аз издивоҷ давраи омӯзишӣ гузаранд

Саидмукаррам Абдуқо-дирзода, раиси Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар як суханронии ахири худ аз афзоиши ҷудошавии оилаҳои ҷавон изҳори нигаронӣ карда, пешниҳод намудааст, ки ҷавонон пеш аз издивоҷ дар бораи оиладорӣ китоб хонанд ва ҳатто аз як давраи кӯтоҳи омӯзиши зиндагии муштарак...


Поянда бод Бахтномаи миллати тоҷик — Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Конститутсия баёнгари иродаи халқи Тоҷикистон ва дастоварди бузурги миллати тоҷик аст. Бо қабули ин санад роҳи рушди давлатдории миллии тоҷикон муайян гардид. Сиёсатшиносони дохилу хориҷӣ онро аз беҳтарин конститутсияҳои ҷаҳон эътироф кардаанд. Конститутсия 6 ноябри соли 1994 бо овоздиҳии...


Чин дар Тоҷикистон нерӯгоҳҳои офтобӣ месозад

Ширкати «LONGi»-и Чин барои бунёди нерӯгоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ менамояд. Масъалаи бунёди нерӯгоҳҳо ва дигар масоили марбут ба соҳаи энергетика дар мулоқоти вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо намояндагони ширкати «LONGi»-и Чин дар...


Гули бобуна ба кадом дардҳо давост?

Аксари табибон ҳангоми бемориҳои гуногун ба беморон нӯшидани гиёҳоби бобуна (ромашка)-ро тавсия медиҳанд. Мехоҳам донам, ки бобуна чӣ фоида дорад?   Посух: - Гули бобуна дар ҳақиқат хусусиятҳои табобатии зиёде дорад. Ин гиёҳи мӯъҷизанокро дар саросари Тоҷикистон пайдо кардан мумкин атс,...