Маърифати молиявӣ. 5 роҳи сарфа кардани пул

Маърифати молиявӣ. 5 роҳи сарфа кардани пул

Ҳамарӯза мо барои хариди маҳсулоти рӯзгор вориди мағоза ё бозор мешавем. Оё медонед, ки харид кардан ҳам қоидаҳои худро дорад? Пас, 5 қоидаро бароятон пешниҳод менамоем. Ба назар сода менамоянд, аммо барои сарфаи пулу зиндагии беҳтари шумо кӯмак мекунанд.

 

Якум, харид аз бозор роҳи хуби сарфаи пул аст. Пеш аз бозор рафтан рӯйхати маҳсулоти заруриро тартиб диҳед. Ин ба шумо кӯмак мекунад, ки харидро бо тартиб анҷом диҳед. Яъне, хариди бе нақша ба харҷи нолозим оварда мерасонад.

Дуюм, нархҳоро муқоиса намоед. Дар бозор нархи маҳсулот бештар ба фурӯшанда вобаста аст ва фарқ мекунад. Аз ин рӯ, пеш аз харид, ҳадди ақал дар ду-се дӯкон ё растаҳои бозор нархҳоро пурсед, муқоиса намоед.

Сеюм, шарм надоред, савдо кунед. Зеро савдо кардан як амали муқаррарӣ дар бозор аст. Саволи оддии “Нархи охиринаш чанд аст?”, “Арзонтар намешавад?” метавонад натиҷаи хуб диҳад. Дар натиҷа, нарх паст шуда, маблағи сарфашударо метавонед барои чизҳои дигар истифода баред.

Чорум, барои пешгирӣ аз харҷи зиёдатӣ, бо худ маблағе гиред, ки ба рӯйхати харид мувофиқат кунад. Ҳангоми муқоисаи нархҳо ба сифати маҳсулот низ аҳамият диҳед. Баъзан маҳсулоти арзонтар метавонад бесифат ё муҳлаташ гузашта бошад.

Панҷум, бо фурӯшанда хушмуомила бошед. Эҳтиром дар муошират ба коҳиши нарх мусоидат менамояд.

Хуб, агар ҳар рӯз 10 сомонӣ сарфа намоед, дар 1 моҳ 300 сомонӣ мешавад!

Шумо чӣ гуна сарфа мекунед? Оё рӯйхати харид тартиб медиҳед?

 

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Тарғиби илму дониш дар «Хирадномаи Искандари»-и Абдурраҳмони Ҷоми

Вақте ки дилҳо аз илму дониш шодобу мунаввар мешаванд, муносибатҳои байни одамон, раҳму шафқат бештар мегардад. Ҷомеаи инсонӣ пеш меравад, тараққӣ мекунад, ноадолатӣ, бедодгарӣ оҳиста-оҳиста аз байн меравад.   Мақсаду мароми Абдураҳмони Ҷомӣ ҳамчун инсондўсти бузург таълим додан ва тарбия...


Рӯзи 16-уми ноябр — рӯзи таърихӣ ва муҳим барои миллату кишвар

Тавре ба ҳамагон маълум аст, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» рӯзи 16 ноябр Рӯзи Президент муайян карда шудааст. Мо ҳамасола ин рӯзро ҳамчун рамзи қадршиносӣ аз заҳмату талошҳои Пешвои миллат дар роҳи эъмори давлати миллии тоҷикон — «Рӯзи Президенти...


5 ғизои муфид барои фаъолияти мағзи сар

Мағзи сар яке аз узвҳои асосӣ ва сермасрафи бадан аст ва барои фаъолияти дуруст ба ғизо, об ва микроэлементҳои зарурӣ ниёз дорад. Вақте организм аз ин моддаҳо камбудӣ эҳсос мекунад, инсон зуд хаста мешавад, диққаташ парешон мегардад ва қобилияти хотира метавонад коҳиш ёбад.   Мутахассисони...


Оилаи солим - ҷомеаи солим

Оила яке аз муқаддасотест, ки ҳар шахси соҳибшарофат онро қадр менамояд ва дар пойдории он кӯшиш ба харҷ медиҳад. Чунон ки аҳли фаҳм фармудаанд: “Оилаҳо давлатҳои хурдеанд, ки як давлати мустақилро ташкил медиҳанд”. Агар ба таърихи оиладорӣ назар андозем, мебинем, ки вақте Худованд...


Фоидаҳои ҷигари мурғ

Қаблан дар Тоҷикистон касе ҷигари мурғро намехӯрд, вале ҳоло он дар ҳамаи мағозаҳо фурӯхта мешавад.   Ҷигари мурғ яке аз маҳсулоти серғизо ба шумор меравад. Он аз оҳан, витамини А, витамини В12, фолат ва сафеда бой аст. Маҳз ба ҳамин далел метавонад барои пешгирӣ ё кам кардани хатари баъзе...