Ҳамеша қадрдон бошед!

Ҳамеша қадрдон бошед!

Чаҳ-чаҳи паранда, ҳавойи тоза, хоби ширин, оби тозаи нӯшокӣ, хӯроки бомазза, дӯстони азиз ва ғайраҳо оромиши кӯдаконанд. Бисёр вақт фаромӯш мекунем, ки Офарандаи ҳастӣ кист. Кӣ моро неъмати бепоён бахшидааст. Кӣ ин зебозаминро барои мо офаридааст.

Мумкин аст, чунин шавад, ки дар 1 рӯзи махсус лаҳзае омада, дили мо равшан шуда, аз қудрату тавоноии Бузургвор сипосгузорӣ кунем. Ҳаёту ҷаҳонро мо наофаридаем. Асри XXI дар кори пешрафти технологияи нав он қадар пешравӣ карда бошем ҳам, касе қудрати офаридани 1 пашаро надорад. Ҳар он чӣ ки мо дорем, меҳрубонии Ҷонофаринест, ки моликияти хешро ҳастӣ дорад. Вазифаи мо аз он иборат аст, ки офаридаи Бузургворро имрӯз, ҳоли ҳозир қадрдонӣ кунем. Интизори замони дигар нашавем, ки ҳолате моро маҷбур созад. Барои мисол, замони паҳншавии пандемия беморони зарардида гуфтанд, ки акнун ба қадри ҳавову нафаси тоза расидем. Ҳар 1 нафаси мо ҳадя аз Офаридгор аст. Ҳамаи ҳастии мо низ чунин буда. Дар Ислом 3 сатҳи қадрдонӣ вуҷуд дорад:

1. Аз таҳти дил эътироф ва қадрдонӣ кардани ҳама гуна ҳадияи Худованд.

2. Ба забон овардани сипосгузорӣ.

3. Қадрдонӣ аз амалҳои солеҳ. Ба ибораи дигар, сатҳи аввали қадрдонӣ, ин эътироф кардани он чӣ, ки дили мо эҳсос мекунад. Баъдан онро ба забон оварда, сидқан такрор кунем. Дар сатҳи 3-юм бо кори хеш исбот созем, ки дар ҳақиқат аз Офаридгор сипосгузор ҳастем. Маъмулан, ҳар рӯзи мо аз сипосгузорӣ оғоз мешавад. Баъди кушодани чашмон, бедор шуда, бояд гуфт, ки: “Алҳамдулиллоҳ”, яъне сипоси ба ту Офаридгор”. Баъдан, дар давоми рӯз ин суханро пас аз ғизо хӯрдан бояд гуфт. Бо ҳамин, умри инсон атрофи меҳрубонии Ҷонофарин давр мезанад. Мо аз он баҳра мегирем, ки Офтоб, Моҳтоб, абр, борон, ҳаво, ҷонвар, растанӣ, баҳру дарёҳои беҳисоби офаридаи Худованд мавҷуд карда.

Ин миқдор неъмати бузургро одами солим метавонад, ки сипосгузорӣ аз Офаридгор накунад. Биёед аз таҳти дил сипосгузори Худованд бошем, ба забон орем, бо кирдори нек нагузорем, то хатое аз мо гузарад. Баръакс, пеши қудрати Ӯ саҷдагузорӣ кунем. Аз эшон ва аҳли мусалмон хоҳиш дорам, ки аз бандагони содиқаш бошем. Омин!

САИДА ИБРОҲИМОВА

Тарҷумаи Шамсиддини Муқим

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Рӯзи 16-уми ноябр — рӯзи таърихӣ ва муҳим барои миллату кишвар

Тавре ба ҳамагон маълум аст, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» рӯзи 16 ноябр Рӯзи Президент муайян карда шудааст. Мо ҳамасола ин рӯзро ҳамчун рамзи қадршиносӣ аз заҳмату талошҳои Пешвои миллат дар роҳи эъмори давлати миллии тоҷикон — «Рӯзи Президенти...


Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон — 24 ноябр

24 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил мегардад. Ин сана баъд аз қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (24 ноябри соли 1992) муқаррар шудааст. Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ба шумор меравад ва...


Саволу ҷавоб

Ҳамсояамон мегўяд, ки бо тасбеҳ зикри бисёр кардан дуруст нест, чунки он бидъат аст. Оё ин ақида дуруст аст ё на? Худованд дар каломи худ бандагонашро ба бисёр зикр гуфтан амр кардааст, чунонки мефармояд: “Эй мўъминон, Худоро ба ёд кардани бисёр ёд кунед”. (Сураи “Аҳзоб”,...


Оилаи солим - ҷомеаи солим

Оила яке аз муқаддасотест, ки ҳар шахси соҳибшарофат онро қадр менамояд ва дар пойдории он кӯшиш ба харҷ медиҳад. Чунон ки аҳли фаҳм фармудаанд: “Оилаҳо давлатҳои хурдеанд, ки як давлати мустақилро ташкил медиҳанд”. Агар ба таърихи оиладорӣ назар андозем, мебинем, ки вақте Худованд...


Фоидаҳои ҷигари мурғ

Қаблан дар Тоҷикистон касе ҷигари мурғро намехӯрд, вале ҳоло он дар ҳамаи мағозаҳо фурӯхта мешавад.   Ҷигари мурғ яке аз маҳсулоти серғизо ба шумор меравад. Он аз оҳан, витамини А, витамини В12, фолат ва сафеда бой аст. Маҳз ба ҳамин далел метавонад барои пешгирӣ ё кам кардани хатари баъзе...