Соли нави хониш муборак!

Соли нави хониш муборак!

Соли нави хониш муборак!

Моҳи охири тобистони имсола низ ба поён мерасад. Муассисаҳои омӯзишӣ дарҳои худро барои талабагон боз хоҳанд кард. Албатта кӯдаке аввалин бор ба дарс хоҳад рафт. Барои ӯ ҷаҳони нав, муҳити дигар, мутобиқшавӣ ба атроф кушода хаҳад шуд. Барпо кардани чунин шароити мусоид барои кӯдак масъулияти падару модар аст. Ба ҳамин хотир, мо 4 нуқтаи муҳимро барои падару модарон интихоб карда, пешниҳод дорем, ки онҳоро ба назар гирифта, барои ба ҷаҳони нав қадам гузоштани кӯдак истифода кунанд.

1. Вақтро ба дурустӣ истифода кунед. Ин вазифаи шумо (падару модар) аст. Кушиш кунед, ки субҳ кӯдакро ба оромӣ аз хоби гарон бедор карда, шитобкорӣ накунед. Дар хона тайёр кардани кӯдакро маҷбурӣ ба анҷом надиҳед. Баъди бедор кардан, кӯдакро ҳушманд сохта, бурдборӣ орзу кунед. Сухану рафтори неки шумо барои кӯдаки ба синфи 1-ум мерафта, хеле зарур аст.

2. Хастагии кудак кори маъмулист. Рӯзҳои аввал кӯдак хаста хоҳад шуд. Тартиби нав, вазифаи хонагӣ, ҷамъияти барояш нав ва ғайра, кори ғайриоддӣ нест. Рафти азхудкунӣ оҳистаоҳиста оғоз хоҳад шуд. Аз рафти рӯзи дар мактаб будан аз кӯдак бипурсед, ки ягон дӯсти нав пайдо кард, ё не. Ҳатман барои истироҳаташ вақти заруриро ҷудо карда, барои иҷрои кори хонагӣ маҷбур накунед. Ҳаргиз фишору зӯроварӣ ба кӯдак нашавад.

3. Дар ҳама кори кӯдак бодиққат бошед. Барои дар муҳити нав қадам гузоштан, ҳолати руҳии кӯдакро доимо зери назорат бигиред. Афсӯс, ки на ҳама вақт муҳити нав таъсири хуб мекунад, барои он, ки кӯдак зудбовар аст. Доимо дар суҳбат шуда, бодиққат ӯро гӯш карда, бубинед, ки замони дар мактаб буданаш, чӣ мегӯяд, ба кадом кор шавқ дорад, кадом бозиро дӯст медорад.

4. Масъулияти падару модар ба кӯдак ҳатмист. Оҳиста-оҳиста кӯдакро ба масъулиятшиносӣ даъват кунед. Акнун барои ӯ вазифае пойдо шуда, ки пештар надошт. Ин масъулиятҳоро бояд хеле хуб иҷро кунад, ки мақсади асосӣ низ ҳамин аст. Кӯдакро шахсият, инсони мустақиле бояд кард, ки дар иҷрои кор ва қарори қабул кардааш ҷавобгӯй бошад.

Ҳар хел ҷашнҳои хонаводагиро ҳафтае 1 бор барои кӯдак ташкил кунед. Гирди дастархон сарҷамъ оварда, барои хониши аълояш туҳфа диҳед, ки руҳи кӯдакро болида сохта, барои давом додани хониш руҳбалан бигардад.

САМИЯ УМАРОВА.

Тарҷумаи Шамсиддини Муқим

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Фоидаҳои ҷигари мурғ

Қаблан дар Тоҷикистон касе ҷигари мурғро намехӯрд, вале ҳоло он дар ҳамаи мағозаҳо фурӯхта мешавад.   Ҷигари мурғ яке аз маҳсулоти серғизо ба шумор меравад. Он аз оҳан, витамини А, витамини В12, фолат ва сафеда бой аст. Маҳз ба ҳамин далел метавонад барои пешгирӣ ё кам кардани хатари баъзе...


Оши туппа

Маҳсулоти лозима: Гӯшти қимма, пиёз, сабзӣ, равғани растанӣ, зира, нахӯд ва лӯбиёи таркардашуда, хамири бурида.   Тарзи таҳия: Сараввал гӯшти қимма, пиёз ва сабзиро дар каме равғани растанӣ бирён карда, об резед ва зираю намак пошед, сипас нахӯди таркардашуда ва лӯбиёро андозед. Пас аз...


5 ғизои муфид барои фаъолияти мағзи сар

Мағзи сар яке аз узвҳои асосӣ ва сермасрафи бадан аст ва барои фаъолияти дуруст ба ғизо, об ва микроэлементҳои зарурӣ ниёз дорад. Вақте организм аз ин моддаҳо камбудӣ эҳсос мекунад, инсон зуд хаста мешавад, диққаташ парешон мегардад ва қобилияти хотира метавонад коҳиш ёбад.   Мутахассисони...


Чин дар Тоҷикистон нерӯгоҳҳои офтобӣ месозад

Ширкати «LONGi»-и Чин барои бунёди нерӯгоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ менамояд. Масъалаи бунёди нерӯгоҳҳо ва дигар масоили марбут ба соҳаи энергетика дар мулоқоти вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо намояндагони ширкати «LONGi»-и Чин дар...


Гули бобуна ба кадом дардҳо давост?

Аксари табибон ҳангоми бемориҳои гуногун ба беморон нӯшидани гиёҳоби бобуна (ромашка)-ро тавсия медиҳанд. Мехоҳам донам, ки бобуна чӣ фоида дорад?   Посух: - Гули бобуна дар ҳақиқат хусусиятҳои табобатии зиёде дорад. Ин гиёҳи мӯъҷизанокро дар саросари Тоҷикистон пайдо кардан мумкин атс,...