ҲАҚИҚАТИ НАФСИ АММОРА

ҲАҚИҚАТИ НАФСИ АММОРА

Чун шутурмурғе шинос ин нафсро,

Не кашад бору на парад бар ҳаво.

Гар бупар гӯияш, гӯяд уштурам,

В-ар ниҳӣ бораш, бигӯяд тоирам.

Чун гиёҳи заҳр рангаш дилкаш аст,

Лек таъмаш талху бӯяш нохуш аст.

Гар ба тоъат хонияш, сустӣ кунад,

Лек андар маъсият ҷусти кунад.

Нафсро он беҳ, ки дар зиндон кунӣ,

Ҳар чи фармояд, хилофи он кунӣ.

Коми нафсатро баровардан хатост,

З-он ки душманро бипарвардан хатост.

Чун шутур андар раҳи ӯ бош каш,

Бори тоъат бар дари ҷаббор каш.

Бори эзидро ба ҷон бояд кашид,

Варна ҳамчун саг забон бояд кашид.

Ҳар кӣ гардан мекашад з-ин борҳо,

Бошад аз нафрин бар ӯ анборҳо.

Чун шутурмурғ ҳар кӣ аз бораш гурехт,

Аз гулистони ҳаёташ пар бирехт.

Ҳар кӣ борашро таҳаммул мекунад.

Дар ҷаҳон ҷонаш таҷаммул мекунад,

Кардаӣ бори амонатро қабул,

Аз кашидан пас набояд шуд малул.

Рӯзи аввал худ фузулӣ кардаӣ,

В-он фузулӣ аз ҷуҳулӣ кардаӣ.

Ҷунбише кун, эй писар, ғофил мабош,

Чун бале гуфтӣба манн танбил мабош.

То нагирӣ тарки молу иззу чоҳ,

Аз ҳама бар сар наёбӣ чун кулоҳ.

Нест мардӣ хештан оростан,

Қасди ҷон кард он кӣ ӯ орост тан.

Нест бар тан беҳтар аз тақво либос,

Дар такаллуф мардро набвад асос.

Ҳар кӣ ӯ дар бандӣ ороиш бувад,

Дар ҷаҳон фарзанди осоиш бувад.

Оқибат ҷуз номуродӣ набвадаш,

Баҳравар аз айшу шодӣ набвадаш.

Худситоӣ пешаи шайтон бувад,

Ҳар кӣ худро кам занад, мард он бавад.

Гуфт шайтон: ” ман зи одам беҳтарам”,

То қиёмат гашт малъун лоҷарам.

Аз тавозӯъ хок мардум мешавад,

Нури нор аз саркашӣ гумм мешавад.

Ронда шуд иблис аз мустакбирӣ,

Гашт мақбул одам аз дасти мустағфирӣ.

Шуд азиз одам чу истиғфор кард,

Хор шуд шайтон чу истикбор кард.

Дона паст афтад, забардасташ кунад,

Хӯшае чун сар кашад, пасташ кунад.

 

(«Чаҳор Китоб»)

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Оши туппа

Маҳсулоти лозима: Гӯшти қимма, пиёз, сабзӣ, равғани растанӣ, зира, нахӯд ва лӯбиёи таркардашуда, хамири бурида.   Тарзи таҳия: Сараввал гӯшти қимма, пиёз ва сабзиро дар каме равғани растанӣ бирён карда, об резед ва зираю намак пошед, сипас нахӯди таркардашуда ва лӯбиёро андозед. Пас аз...


5 ғизои муфид барои фаъолияти мағзи сар

Мағзи сар яке аз узвҳои асосӣ ва сермасрафи бадан аст ва барои фаъолияти дуруст ба ғизо, об ва микроэлементҳои зарурӣ ниёз дорад. Вақте организм аз ин моддаҳо камбудӣ эҳсос мекунад, инсон зуд хаста мешавад, диққаташ парешон мегардад ва қобилияти хотира метавонад коҳиш ёбад.   Мутахассисони...


Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон — 24 ноябр

24 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил мегардад. Ин сана баъд аз қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (24 ноябри соли 1992) муқаррар шудааст. Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ба шумор меравад ва...


«Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид

«Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум дар таърихи х-уд Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овард. Дар бозии ниҳоии мусобиқаи «Ҷоми Тоҷикистон2026» футболбозони Хуҷанд бар тими «Сардор»-и шаҳри Турсунзода бо...


Тарғиби илму дониш дар «Хирадномаи Искандари»-и Абдурраҳмони Ҷоми

Вақте ки дилҳо аз илму дониш шодобу мунаввар мешаванд, муносибатҳои байни одамон, раҳму шафқат бештар мегардад. Ҷомеаи инсонӣ пеш меравад, тараққӣ мекунад, ноадолатӣ, бедодгарӣ оҳиста-оҳиста аз байн меравад.   Мақсаду мароми Абдураҳмони Ҷомӣ ҳамчун инсондўсти бузург таълим додан ва тарбия...