ШЕЪР

ШЕЪР

Ки бо мардум хорӣ оварад

Ҳашт хислат оварад хори бар ӯй,
Бо ту гӯям, гар ҳамехоҳӣ бигӯй.
Аввал он бошад, ки монанди магас,
Марди нохонда шавад меҳмони кас.
Ҳар кӣ ӯ меҳмони кас нохонда шуд,
Назди мардум хору зору ронда шуд.
Дигар он бошад, ки нодоне равад,
Кадхудои хонаи мардум шавад.
Кор кардан бар ҳадиси он ду мард,
К-аз сари ҷаҳланд доим дар набард.
Ҳар кӣ биншинад забардасти судур,
Гар расад хоре бар рӯяш нест дур.
Нест ҷамъеро чу бар қавли ту гӯш,
Сад сухан гар бошадат як сар бипӯш.
Ҳоҷатӣ худро магӯ бо душманон,
З-ин батар хорӣ набошад дар ҷаҳон.
Аз фурӯмоя муродӣ худ маҷӯй,
То наёяд маар туро хорӣ ба рӯй.
Бар зану кӯдак макун бозӣ ҳало,
То нагардӣ хору зору мубтало. 

Фазилати футувват

Чист мардӣ? Эй писар, некӯ бидон,
Аввалан тарсидан аз ҳақ дар ниҳон.
Узр хоҳад мард пеш аз маъсият,
Бошадаш тоъат беш аз маъсият.
Он кӣ корӣ некмардон мекунад,
Бо заифон лутфу эҳсон мекунад.
Ҳар кӣ ӯ бошад зӣ мардонӣ Худо,
Бошад андар тангдастӣ босахо.
Эй писар, дар сӯҳбати мардон дарой,
То назарҳо ёбӣ аз фазли Худой.
Ҳар кӣ аз мардонӣ ҳақ дорад нишон,
Нагзаронад айби душман бар забон.
Худ нахоҳад мард хасмонро ҳалок,
Аз ғами эшон шавад андӯҳнок.
Менаҷӯяд мард инсоф аз касе,
Гар расад зулму ҷафо бо ӯ басе.
Ҳар кӣ по андар раҳи мадон ниҳод,
Меравад ҳар ҷо зи дунболаш мурод.
Эй писар, тарки муродӣ хеш гир,
В-он гаҳе роҳи саломат пеш гир.

Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим

Ҳамди беҳад маар худои покро,
Он ки ҷон бахшид мушти хокро.
Он ки дар одам дамид ӯ рӯҳро,
Дод аз тӯфон наҷот ӯ Нӯҳро.
Он ки фармон кард қаҳраш бодро,
То сазое дод қавми Одро.
Он ки лутфи хешро изҳор кард,
Бар халилаш норро гулзор кард.
Он худованде ки ҳангоми саҳар,
Кард қавми Лутро зерузабар.
Сӯи ӯ ҳамсе, ки тир андохтӣ,
Пашшае кораш кифоят сохтӣ.
Он ки аъдоро ба дарё даркашид,
Ноқаро аз санги хоро баркашид.
Чун иноят қодири қайюм кард,
Бар кафи Довуд оҳан мум кард.
Бо сулаймон дод мулку сарварӣ,
Шуд мутеи хотамаш деву парӣ.
Он яке пӯшида санҷобу самур,
В-он дигар хуфта бараҳна дар танур.
Он яке бар бистаре кимхобу нах,
Дигаре ба хоку хоре баста ях.
Турфатулайне ҷаҳон барҳам занад,
Касс наметонад, ки он ҷо дам занад.
Он ки бо мурғи ҳаво моҳӣ диҳад,
Бандагонро давлати шоҳи диҳад.
Бе падар фарзанд пайдо ӯ кунад,
Тифлро дар маҳд гӯё ӯ кунад.
Мурдаи садсоларо ҳай мекунад,
Ин ба ҷуз ҳақ дигаре кай мекунад.
Сонее к-аз тийн салотин мекунад,
Наҷмро раҷми шаётин мекунад.
Аз замин хушк рӯёнад гиёҳ,
Осмонро бесутун дорад нигоҳ.
Ҳеҷ кас дар мулки ӯ анбоз не,
Қавли ӯро лаҳн не, овоз не.

МУАЛЛИФ: ЧАҲОР КИТОБ

2026-10-01 (Рабиул ахири соли 1448) №10.


Зиндагии Аҳмади Дониш

Ташаккулёбии чаҳонбинии Аҳмади Дониш   Яке аз фозилтарин фарзандони Бухорои Шарифи асри XIX Аҳмад Махдуми Дониш, мулаққаб ба Аҳмади Калла (1826-1897) ба ҳисоб меравад. Ӯ дар шаҳри Бухорои Кӯҳна, дар оилаи Носир ном мулло ба дунё омадааст. Маълумоти ибтидоиро дар мактаби хусусии духтаронаи...


Аввалин пайванди ҷигар ва гурда дар вилояти Суғд анҷом ёфт

Дар шаҳри Хуҷанд амалиётҳои пайванди ҷигар ва гурда бори аввал дар вилояти Суғд анҷом дода шуданд. Ҷарроҳиҳо дар Беморхонаи клиникии №1-и шаҳр гузаронида шуда, ҳар ду амалиёт бидуни мушкилот анҷом ёфтаанд. Дар ин бора 2 сентябр дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии...


Тиҷорати Тоҷикистону Русия 21% афзуд

Савдои хориҷии Тоҷикистон дар ҳафт моҳи соли равон ба 7 млрду 943,7 млн доллар расидааст, ки дар он Русия ҷойгоҳи хост дорад. Дар ин муддат гардиши мол миёни Тоҷикистону Русия беш аз 1,5 млрд долларро ташкил додааст. Ин дар муқоиса бо январ – июли соли гузашта қариби 21% зиёд мебошад. Дар ин...


Тоҷикистон бо Озарбойҷон, Чин ва Фаластин бозиҳои дӯстона мегузаронад

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 дар рӯзҳои FIFA дар моҳҳои сентябр ва октябр дар сафар се бозии дӯстона баргузор мекунад. 23-юми сентябр дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Озарбойҷон вохӯрӣ анҷом медиҳад. Бозӣ дар варзишгоҳи...


Аритмия. Вайроншавии набзи дил чӣ хатар дорад?

Дил муҳаррики асосии ҷисми инсон буда, саломатии мо пеш аз ҳама ба солимии ин узви ҳаётан муҳим вобастагӣ дорад. Аммо ҳолатҳое мешаванд, ки набзи дил вайрон шуда, иллату нуқсон пайдо мекунад.   Аз ҳамин сабаб мо тасмим гирифтем бо табиби нуқсонҳои дил, аритмологи интервенсионии Маркази...