Шеър

Шеър

Бесуботии чор чиз

Чор чиз, эй хоҷа, кам дорад бақо,

Гӯш дор, эй мӯмини маймунлиқо.

Ҷаври султонро бақо камтар бувад,

Пас итоби асдиқо камтар бувад.

Бо раият чун кунад султон ситам,

Мардро бошад бақо дар мулк кам.

Гар туро аз дӯстон ояд шитоб,

Камбақо бошад чу хат дар рӯи об.

Гарчи бошад зан замоне меҳрубон,

Чун кам ояд баҳра, бикшояд забон.

Чун ба ноҷинсон нишинад одаме,

Камтарак бинад аз эшон ҳамдаме.

Зоғ чун фориғ зи бӯи гул бувад,

Нафраташ аз сӯҳбати булбул бувад.

Сӯҳбати ноҷинс ҷолнкоҳӣ бувад,

Ҷумларо з-ин ҳол огоҳӣ бувад.

Чун туро ноҷинс ояд дар назар,

Эй писар, чун бод аз вай даргузар.

 

Ақлу оқилон

Ҳар киро ақл аст, дониш, эй азиз,

Дур бояд буданаш аз чор чиз.

Кори худ бо носазо накунад раҳо,

Мард мекунад ба ҷои носазо.

Ақл дорӣ, майли бекори макун,

З-ин чу бигзаштӣ, сабуксори макун.

Ҳар киро аз ҳилм дио равшан бувад,

Дар замона бо салоҳи тан бувад.

То шавӣ пеш аз ҳама дар рӯзгор,

Даст бар нону намак бикшода дор.

То ту боши дар замона додгар,

Зердастонро накӯ дорӣ асар.

Ҳар кӣ ӯ аз аз ҳирс дунё дор шуд,

Бегумон, аз вай худо безор шуд.

Баҳри зар мастоӣ дунёдорро,

То чӣ хоҳи кардан ин мурдорро.

Мурдагонанд ағниёни рӯзгор,

Эй писар , бо мурдагон сӯҳбат мадор.

Молу зар беҳад ба даст оварда гар,

Баъд аз он дар гӯри ҳасрат бурда гар.

 

 

Чаҳор Китоб

 

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Саволу ҷавоб

Ҳамсояамон мегўяд, ки бо тасбеҳ зикри бисёр кардан дуруст нест, чунки он бидъат аст. Оё ин ақида дуруст аст ё на? Худованд дар каломи худ бандагонашро ба бисёр зикр гуфтан амр кардааст, чунонки мефармояд: “Эй мўъминон, Худоро ба ёд кардани бисёр ёд кунед”. (Сураи “Аҳзоб”,...


Оилаи солим - ҷомеаи солим

Оила яке аз муқаддасотест, ки ҳар шахси соҳибшарофат онро қадр менамояд ва дар пойдории он кӯшиш ба харҷ медиҳад. Чунон ки аҳли фаҳм фармудаанд: “Оилаҳо давлатҳои хурдеанд, ки як давлати мустақилро ташкил медиҳанд”. Агар ба таърихи оиладорӣ назар андозем, мебинем, ки вақте Худованд...


Намояндагии вазорат аз муҳоҷирон хост ба ҳисобҳои ношинос пул нафиристанд

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия аз муҳоҷирони тоҷик даъват кардааст, ки ба корт ва суратҳисобҳои шахсони номаълум ва созмону фондҳои ношинос маблағ интиқол надиҳанд. Намояндагӣ рӯзи 22-юми сентябр ҳушдор додааст, ки гурӯҳҳои манфиатҷӯ ва фондҳои қалбакӣ...


5 ғизои муфид барои фаъолияти мағзи сар

Мағзи сар яке аз узвҳои асосӣ ва сермасрафи бадан аст ва барои фаъолияти дуруст ба ғизо, об ва микроэлементҳои зарурӣ ниёз дорад. Вақте организм аз ин моддаҳо камбудӣ эҳсос мекунад, инсон зуд хаста мешавад, диққаташ парешон мегардад ва қобилияти хотира метавонад коҳиш ёбад.   Мутахассисони...


Оши туппа

Маҳсулоти лозима: Гӯшти қимма, пиёз, сабзӣ, равғани растанӣ, зира, нахӯд ва лӯбиёи таркардашуда, хамири бурида.   Тарзи таҳия: Сараввал гӯшти қимма, пиёз ва сабзиро дар каме равғани растанӣ бирён карда, об резед ва зираю намак пошед, сипас нахӯди таркардашуда ва лӯбиёро андозед. Пас аз...