“Ман кӣ буданам ва аз куҷо буданамро фаромӯш намекунам”

“Ман кӣ буданам ва аз куҷо буданамро фаромӯш намекунам”

“Ман кӣ буданам ва аз куҷо буданамро фаромӯш намекунам”

Марат Муқомович Сафаров. Аслан аз деҳаи Ворухи вилояти Сугди Ҷумҳурии Тоҷикистон. Шаҳрванди Федератсияи Русия, дар Новосибирск зиндагӣ мекунад. Омӯзгор дар ДДХБСТ, ёрдамчии вакили Маҷлиси қонунгузории вилояти Новосибирск, узви Шӯрои ҷамъиятии Маҷлиси қонунгузории вилояти Новосибирск.

Дар кадом ҳолат Шумо ба Русия омадед?

Ба монанди дигар шаҳрвандони Тоҷикистон, дар огози солхои 2000-ум баъди анчоми ҷанги шаҳрвандӣ, оилаи мо бо сабабҳои иқтисодӣ ба Русия муҳочират намуданд. Падарам хонишро дар донишгоҳ катъ намуда соли 1992 муҳоҷират намуданд. Соли 1999 модару хохарам ва соли 2003 манро ҳамроҳи додарам ба назди худ даъват карданд. Ҳамин тариқ мо дар Новосибирск зиндагии худро оғоз намуда муқимӣ гаштем. Дар ин ҷо мактаб ва донишгоҳро хатм намуда, ҳоло дар донишгоҳ ба ҳайси омузгор фаьолият менамоям. Волидайнам дар соҳаи савдои хурд мебошанд.

Бо чи мушкилихо Шумо дучор омадед?

Дар мактаби миёна пайдо намудани дустон барои ман душвор набуд. Дар муддати якчанд сол ман мавкеи худро дар байни омузгорону хонандагон пайдо намудам.

Забони русӣ низ барои ман забони нофаҳм набуд. Чунки дар замони дар Точикистон хондан русиро хеле хуб омухта будам. Дар аввалҳо соҳаи хаттии забони руси каме душвор буд, вале бо кумаки муаллимаи забони русӣ ин мушкилро низ бартараф намудам.

Хушбахтона, дустони хуби зиёде пайдо намудам, ки сабабгори ба муҳити маҳаллӣ одат намудани ман гаштанд ва то кунун дустиамонро идома медихем.

Чаро шумо қарор додед, ки дар Русия бимонед, дар ин ҷо оила барпо кунед, фарзанд тарбия намоед?

Дар Новосибирск ман бо хамсарам вохӯрдам, оиладор гаштам ва ҳоло мо духтар тарбия мекунем.

Оё шумо то ҳол ба рӯйдодҳои Тоҷикистон таваҷҷӯҳ доред?

Бале, ман равандҳоеро, ки дар Тоҷикистон ҷараён доранд, меомузам.

Аввалан, зеро хешовандони ман дар он ҷо монданд. Ва дуввум, азбаски ман бо фаъолияти илмӣ машғулам, дар донишгоҳ дарс медиҳам, рисолаи илмӣ менависам ва кори илмии ман ба масъалаҳои амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ.

Шумо дар донишгоҳ дарс медиҳед ва рисола менависед. Дар бораи корҳои илмии худ ба мо бигӯед?

Мақолаҳои ман дар маҷаллаҳои илмии миқёси Русия ва байналмилалӣ чоп мешаванд. Мақолаи охирин дар маҷаллаи «Вестник Томского государственного университета» дар моҳи сентябр чоп шуда буд.

Дар баробари фаъолияти таълимии худ, Шумо ба сиёсат машғулед ва ёвари вакили Маҷлиси қонунгузории вилояти Новосибирск аз ҳизби «Новые люди» ҳастед. Дар бораи роҳи худ дар сиёсат нақл кунед.

Аввалин дипломи ман бо ихтисоси “Идораи давлатӣ ва мунисипалӣ” буд ва ман мехостам бо сиёсат машғул шавам. Ин имконият танҳо дар соли 2020 пайдо шуд. Вақте ки ҳизби «Новые люди» сабти ном шуд, ба ман пешниҳод карданд, ки дар интихобот ҳамчун номзад ба вакилии Маҷлиси қонунгузории вилояти Новосибирск иштирок кунам. Мутаассифона, ман натавонистам намоянда шавам, аммо фаъолияти ман дар маъракаи интихобот ба инобат гирифта шуд. Роҳбари бахши минтақавии ҳизби « Новые люди», вакили Маҷлиси қонунгузор Карасева Даря Николаевна пешниҳод кард, ки ёвари ӯ гардам ва ба даста ҳамроҳ гардам.

Вазифаи шумо ҳамчун ёрдамчии депутат чист, шумо умуман чӣ кор мекунед?

Кори ман гуногун аст. Ман ҳамчун ёрдамчии депутат мизи мудаввар ташкил мекунам, шаҳрвандонро қабул ва ташаббусҳои қонунгузориро таҳия менамоям. Масалан, мо пешниҳод кардем, ки ба Оинномаи Новосибирск тағйирот ворид карда шавад. Ҳоло мо системаи худидоракунии маҳаллиро ислоҳ карда истодаем, лоиҳаи меъёрҳои арзёбии сарварони муниципалитетҳоро таҳия карда истодаем. Инчунин, дастаи мо лоиҳаи қонунеро таҳия мекунад, ки бояд сиёсати муҳоҷиратро дар Русия танзим кунад. Ман дар саҳифаи инстаграм фаъолона дар бораи фаъолиятҳои худ сӯҳбат мекунам, давра ба давра видео сабт мекунам.

Дар бораи диаспораи тоҷикони Новосибирск ба мо бигӯед, муносибати Шумо бо он чӣ гуна аст?

Пеш аз ҳама, бояд қайд кард, ки диаспораи тоҷикон асосан аз ҷиҳати ҷуғрофӣ хеле пароканда аст. Пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва тақсимоти қудрат дар солҳои 90-ум низ осори худро гузошт.

Ман дар корҳои диаспора фаъолона иштирок намекунам, аммо алоқаро канда наменамоям ва агар имкон бошад, дастгирӣ мекунам.

Диаспора аз одамоне иборат аст, ки дар синни бошуурона муҳоҷират кардаанд ва дар Русия барои дифоъ аз худ ва дастгирии якдигар муттаҳид шудаанд.

Вазъияти ман каме дигар аст. Дар робита ба кӯчонидани барвақти ман ба Русия, раванди ассимилятсия аз хурдӣ оғоз ёфт, ки имкон дод Русияро ҳамчун хонаи худ қабул кунам.

Бо вуҷуди ин, ман кӣ буданам ва аз куҷо буданамро фаромӯш намекунам. Ва ман шодам, ки бисёре аз ҳамватанони ман дар Русия бомуваффақият фаъолият мекунанд, бахусус дар соҳаҳое чун тиҷорат, маориф ва тиб.

Мутаассифона, як тамоюли манфӣ низ қобили зикр аст. Бисёре аз ҳамватанони ман муҳоҷирони маҷбурӣ ҳастанд, пеш аз ҳама бо сабабҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ.

Ба ҳамватанони ҷавони худ, ки ахиран ба Русия кӯч бастаанд, чӣ гуфтан мехоҳед?

Дӯстон, ҳар кӣ набошед, ба чи фаъолияте машгул набошед,, забонро омӯзед, қонунгузории маҳаллиро (русӣ) омӯзед, анъанаҳои маҳаллиро эҳтиром кунед ва мардуми худро бо шаъну шараф муаррифӣ намоед.

Ассалому Алейкум!

СУҲБАТ КАРД

МУҲАММАДФАРУХ АЗИМОВ

2026-04-01 (Шаввали соли 1447) №4.


Дуруд бар шумо хонандагони азизи мо!

Покизагии даромад ва ҳифзи ҷомеа дар замони муосир   Имрӯз, ки бисёре аз бародарону хоҳарони мо дар кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Русия, ба тиҷорат ва кор машғуланд, лозим аст, ки ҳисоби солонаи молии худро ба роҳ монанд ва Закоти моли худро адо кунанд. Закот моро аз бухл ва ҳирс дур месозад ва...


Қаҳрамонии муҳоҷир дар Санкт-Петербург

Губернатори Санкт-Петербург Александр Беглов шахсан ба Хайрулло Ибодуллоев соати губернаторӣ ва медали шуҷоат тақдим кард. Маросими расмӣ дар бинои таърихии “Смольный” баргузор шуд. Ибодуллоев рӯзи 22 феврал ҷони як кӯдаки ҳафтсоларо, ки аз ошёнаи ҳафтуми бино афтоданӣ буд, наҷот дод....


Вохӯрии Давлаталӣ Саид бо тоҷикони бурунмарзӣ дар Қазон

Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия бо роҳбарону намояндагони диаспораи тоҷик, соҳибкорон ва ҳамватаноне, ки дар ин кишвар кору зиндагӣ мекунанд, мулоқот анҷом дод. Дар мулоқот таъкид гардид, ки муносибатҳои дуҷонибаи...


Беҳтарин суханон дар васфи модар

Модар - сарчашмаи ҷӯшони ҳаётест, ки ҳастии моро аз файзи худ шодоб мегардонад.   Модар - сарчашмаи меҳру муҳаббат, шавкати беканор, нури ҳар як хонадон аст. Модар - туӣ он моҳи дурахшоне, ки бо нури меҳрборат шабҳои тираю торики моро равшан месозӣ. Модар - ту офтобӣ дар зиндагӣ, ки моро...


Ширкати муштзанҳои ҷавони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонӣ

Дар шаҳри Бангкоки Тайланд аз 8-уми март Ҷоми ҷаҳонии бокс (U-19) оғоз шуд, ки то 15-уми март идома мекунад. Тоҷикистонро дар мусобиқа 10 муштзани ҷавон (8 писар, 2 духтар) намояндагӣ мекунанд.   Ҳайати Тоҷикистонро дар мусобиқаи мазкур Аъзамҷон Ҳасанов (50 кг), Аъзам Одилзода (55 кг),...