Мактаби “Расул Боқиев” дар Москва

Ин хоки Ватан Расули Боқӣ дорад. Саидмуъмин Раҳими номӣ дорад. Бонуи азиз Зебонисойи Рустамаш, Бо кишвари мо ҷаҳон шодӣ дорад.
Рӯзи 29 сентябри соли 1982 дар ноҳияи “Ленин”, ҳозираи ба номи “Рӯдакӣ” дар оилаи яке аз паҳлавони номдори Ҷумҳурии Тоҷикистон, устоди варзиши СССР шодравон Худойназар Боқиев писаре ба дунё омад, ки Расул номаш ниҳоданд.
Дар таърихи навини Тоҷикистон Расул Боқиев яке аз се паҳлавонест, ки дар бузургтарин Бозиҳои олимпии ҷаҳон сазовори ҷоизаи баланди варзиш шуда, номи шуҳратбораш дар саҳифаи варзишгарони олам сабт шудааст.
Соли 2008 дар бозиҳои олимпӣ, ки дар шаҳри Пекини Чин баргузор шуда дар вазни 73 кг. баромад кард. Варзишгар Элнур Мамедлӣ аз Ҷумҳурии Озарбойҷон медали тилло, Ван Ги Чхун аз Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ медали нуқра, Леонарду Гилейру аз Ҷумҳурии Барзилия ва Расул Боқиеви мо сазовори ҷоизаи биринҷӣ шуда, парчами Ватани хешро пеши мардуми саёра боло карданд. Дар мусобиқаи Ҷоми ҷаҳон, соли 2007, ки дар шаҳри Рио-деЖенейро баргузор шуда, ҷойи сеюмро сазовор гардид. Ҳамчунин солҳои 2007, 2010, 2011 ва 2012 дар Ҷоми ҷаҳон дастболо шуда, ки чунин нишондиҳандаро ягон гуштингири тарзи дзюдои тоҷик нишон надода буд. Паҳлавони чандинкарата, устоди хизматнишондодаи варзиши Тоҷикистон аст.
Варзиш дар Москва
Соли 2004 дар рӯзи таваллудам бародари қадрдонам Муродулоҳ Хидирови соҳибкор ба Москва даъват карда, тамоми лавозимоти варзиш, мактаб, либос ва манзилро хеле хуб таъмин кард. Сипоси бепоён ба эшон. Баъди 1 соли машқу баромадҳои зиёд, бинобар сабаби бад шудани соҳибкории ин бародари азиз, аз пайи мустақилона кушодани мактаби дзюдо шудам. Натиҷаҳои баланди варзишии маро дида, раиси Кумитаи варзиши онвақтаи Ҷумҳурӣ бародари азизи мо Маликшоҳ Неъматов собиқ сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон, ҳозир раиси шаҳри Норак, дастгирӣ кард. Ташаккур ба ин бародари қадрдон.
Замони кушодашавии 30-мин бозиҳои олимпии соли 2012, ки дар шаҳри Лондон баргузор шуда буд, ба раиси Кумитаи олимпии Ҷумҳурӣ муҳтарам Аҳтам Абдулозада пешниҳоди кушодани мактаби дзюдоро карда будем. Мақасд он буд, ки барои беҳтар тайёр кардани варзишгарон ба бозиҳои 31-уми олимпӣ, ки соли 2016 дар шаҳри Рио-де-Женейрои Ҷумҳурии Федеративии Бразилияи Америкаи Ҷанубӣ баргузор мешуд, мактаби махсуси дзюдо ва самбои ватаниро дар поитахти азизамон кушода, таёрии хеле ҷиддӣ бинем. Он замон шароити иқтисодии кишвар он қадар хуб набуд. Кушодани мактаби дзюдо ва самбо ба муҳлати дигар гузошта шуд. Умедворам, ки дар ояндаи наздик ин кори хеле муҳими шарафовар аз ҷониби Кумитаи олимпии кишвар пайдо хоҳад шуд. Ба ҳама мушкилиҳо нигоҳ накарда, дар ноҳияи “Рӯдакӣ” мактаби варзишии бузургвор падарамон Боқиевро ба номи фарзанди ин паҳлавон “Рустам Боқиев”-ро кушодем, ки ҷавонони хеле зиёдро таълиму тарбия дорем, ки дар мусобиқаҳои ватанӣ, ва берун аз он бомувафаққият баромад карда истодаанд.
Орзуи деринаи ман ва тамоми варзишгарони кишвар он аст, ки поитахти азизамон шаҳри Душанбе мактаби олимпии дзюдо ва самборо дошта бошад. Хуб, ин тақозои замон аст. Руҳафтода нашуда, варзишро дар шаҳри Москва идома додам. Чанд сол аст, ки бо муовини Президенти дзюдои шаҳри Москва Кузнетсов Дмитрий Валерич дӯсту бародарем. Бо кумаку дастгирии ин марди наҷиб, рӯзи 8-уми марти соли 2008- ум мактаби худро дар бинои 150 м² кушада, 100-ҳо писарону наврасони миллатҳои гуногун аз мактаби устоди варзиш шодравон падари бузургворам дарс гирифта, дар чандин мусобиқаҳо дастболо низ шудааем. Рӯз аз рӯз мактаби боқиевҳо шуҳрат пайдо кард, ки шогирдон аз атрофи Москва зиёд гашт. Зарурати васеъ кардани толори варзиш пайдо шуд. Барои ҳамин сардори Москва ва кумитаи олимии он ба мо толори 650 м²-ро дар наздикии метрои “Академическая”, кӯчаи Новочерёмушкинская хонаи 25 ба истифода дод, ки аз 200 то 300 ҷавон кори варзиш дорад. Боз ҳам, ба Кумитаи олимпии шаҳри Москва пешниҳод ва нақшаи маҷмаъа (комплекс)-и варзишии навро дар масоҳати 850 м²-ӣ бо усули варзишкории замонавӣ тарҳрезӣ карда, пешниҳод намудаам, ки ба наздикӣ ба истифода хоҳем дод. Бо сари баланд ва ифтихормандӣ гуфтаниям, ки зёда аз 30 миллату халқияти бузургшҳари Москва шогирдони мактаби боқиевҳо шуда, оҳиста-оҳиста бо таърихи бостонии тоҷикони куҳанбунёд ошнойӣ пайдо карда, бениҳоят эҳтиром доранд.
Баробари кори ташкиливу кушодани мактаби варзиш аз соли 2004 то соли 2015 дар бузургтарин Маркази варзишу омӯзиши “Само-70”-и шаҳри Москва ҳунари варзишии худро сайқал дода, соҳиби чандин ҷоизаҳои ҷаҳон шудаам. Дар ин 10 сол бо директори генералии ин Марказ устоди хизматнишондодаи Россия, доктори илми педагогӣ муҳтарам Вайшев Ренат Алексеевич ва устоди варзиш Елчанинов Дмитрий Николаев ҳамкорӣ карда, дӯсту бародару қадрдон шуда, то ҳол дастгиру муътабари якдигарем. “Самбо-70” соли 1970 таъсис дода шуда, ҳоло наздики 17 000 ҷавон аз рӯйи 26 навъи варзиш дарс мегиранд, ки 100-ҳо тарбия гирифтагонаш дар мусобиқаҳои гуногуни ҷаҳонӣ дастболо шудаанд.
ТАБРИКНОМА
Аввалан сипоси бепоён ба мардуми муҳтарами Тоҷикистон. Ба бузугртарин дӯстдори варзиши инсон. Ташаккур барои мухлисиву дастгирии содиқон. Садои мухлисии Шумо беҳтарин туҳфа барои ҳар як варзишгар буда, замони набард қуввату тавонийии бепоён медиҳад. Зиёда аз 20 сол дар саҳнаи варзиши Ватан ва берун аз он бо чанд тан аз сахтбозувону тавонотарини ҷавонпаҳлавони олимақоми замони хеш, танҳо барои пеши мардуми олам баланд бардоштани унвони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва парчами давлати соҳибистиқлоли азизам дар мубориза будам, ҳастам ва ҳамчун омӯзгор ҳоҳам монд. Медонам, ки аз ман умеди зиёдтар доштед, лекин тавонойии бандаи Шумо ҳамин буд, ки дигар дар майдон далерони ҷавони Ватанро мехоҳам дид. Чунин аст достони варзишгарон.
Имсол мардуми шарафманди Тоҷикистони азиз 30-юми солгарди Рӯзи истиқлолияти хешро ҷашн хоҳад гирифт. Дар шахсияти мубораки сарвари давлат, асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, муҳтарам Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, муаллиму ҳамсинфон, устоду ҳамсабақон, бародару хоҳарон, хешу наздикон, ёру дӯстон, умуман мухлисони варзишро аз самими дил таҳният мегӯям. Хонаободу тансиҳату шарафманд бошед!
Бо камоли эҳтиром
ва арзу сипоси бепоён,
Расул Боқиеви Шумо
Поёни суҳбат
Достони ин ҷавонмарди ҷаҳонпаҳлавони номдор лоиқи гуфтану навиштанҳост. Ҳини суҳбат медидам, ки ин ҳама кору заҳмат дар тули умри кутоҳи хеш танҳо барои нигаҳ доштани шарофати ин сарзамин, бузургвориҳош ва ҳиссияти миллии ӯст. Сиголиш (дуъо) дорем, ки бо кумаки сойири хайрхоҳони тоҷики бурунмарзӣ ва дӯстони хориҷӣ мактаби ҳамвтани мо бузургтару шуҳратманд хоҳад шуд. Бо ифтихори баланд мебинем, ки Расул Боқиев дар хориҷи кишвар ягона мактаби хусусии тоҷиконро кушода, ба болои варзиш омӯзиш низ доранд, ки ин шарафи мост.
ШАМСИДДИНИ МУҚИМ