Эҳтиёт кунед: смартфон!

Эҳтиёт кунед: смартфон!

Даҳ тавсияе, ки аз хатари дастгоҳи телефони дастӣ, Шуморо нигоҳ медорад

Қисми зиёди вақти худро дар гуфтугӯйи телефонӣ, тамошойи синамо дар “Инстаграм”, ё мукотиба дар “Вотсап” мегузаронем, лекин фикр намекунем, ки телефони мобилӣ ба организми мо чӣ зарар мерасонад?

Аз замони пайдо шудани алоқаи мобилӣ олимон кӯшиш доранд фаҳманд, ки ягон хатар ба бадани мо дорад, ё не. Афсӯс, ки фикри ягона дар ин суол то ҳол нест. Ба ҳар ҳол, олимон ба хулосае омаданд, ки аз ҳад зиёд истифода бурдани асбоби мобилӣ ба организми инсон таъсир мекунад. Сабаб дар пахш шудани нурҳои барқиқаҳрабойӣ (электромагнитӣ) мебошад. Ақидаи кордон, пажӯҳишгаронро омӯхта, ба Шумо 10 тавсияеро пешниҳод мекунем, ки ҳангоми истифодабарии смартфон таъсир камтар хоҳад шуд.

1. То ҳадди имкони дошта, бо телефон кам гап занед.

Мумкин аст, ки барои касе мушкил ва ғайриимкон намояд. Агар Шумо коргари маркази алоқа набошед, иҷрои чунин тавсия он қадар мушкил нест. Сабаб он аст, ки телефони мобилӣ ба мағзи сари инсон таъсир мерасонад. Чи қадаре, ки зиёд суҳбат кунед, дастгоҳ ҳамон миқдор мағзи сарро таъсир мерасонад. Аз ҷумла, нервохирурги швед, профессор Лейф Селфорд маълум кард, ки 2 дақиқа суҳбати телефонӣ хатари он дорад, ки гардиши хун дар мағзи сар суст гардад.

2.Кӯшиш намоед, ки ҷойи алоқаи бад дошта, дар (лифт, нақлиёт ва ғ.) аз телефон истифода накунед.

Аз рӯйи гуфти коршиносони Оҷонсии ҳифзи саломатии ТММ, дар ин ҳолат дастгоҳи мобилиро кӯшиш мекунанд, ки мавҷгираки пурзӯрро ёбад, ки дар натиҷа таъсири мавҷ чанд маротиба зиёд хоҳад шуд.

3. Агар зарурат набошад, пеш аз хоб телефонро истифода накунед.

Смартфон қобилияти паст кардани хобро дорад. Дар ин бора ҳамаи табибон бо як овоз гуфта истодаанд. Масалан шуъбаи беҳдошти тандурустии ҷамъятии штати Калифорния баъди соати 22:00 истифодабарии телефонро тавсия намедиҳад. Дар ин ҳолат хоби одам кам шуда, оқибат ба бемориҳои вазнини сил ва дил дучор хоҳад шуд.

4. Аз баландгӯяк ва шунавояки гӯшӣ истифода баред.

Роҳбари шӯъбаи беҳдошти тандурустии ҷамъиятии штати Калифорния Карен Смитдар дар пажӯҳиши хеш иброз кардааст,ки замони занг задан гӯшро болои телефон гузоштан мумкин нест. Маҳз дар ҳамин ҳолат мавҷи зиёди қаҳрабои барқӣ ҳосил мешавад. Ҷорҷ Батчер, пажӯҳишгар аз ИМА тавсия медиҳад, ки телефонро аз гӯш дар масофаи 1 см нигоҳ дошт. Аз рӯйи ақидаи ӯ дар ин ҳолат таъсири мавҷ бо мағзи сар маротибаҳо кам хоҳад шуд.

5.Смартфонро дар киса нею дар киф (сумка) бояд гузошт.

Доимо ба тани одам наздик будани телефон ба бемории безурётии зану мард хоҳад овард. Ин ҳолатро пажӯҳишгар Имон Фейесом аз Донишгоҳи Маҷористон ҳини санҷиш исбот карда буд.

6. Смартфонро ба кӯдак надиҳед

Албатта ин вазифаи вазнин бошад ҳам, лекин иҷрои он хеле зарур аст. Гурӯҳи пажӯҳишгарон аз донишгоҳи кимиё физикии ба номи Н.М.тӯли 14 сол ин масъалаи таъсири мавҷи қаҳраборро ба мактаббачагон зери мӯзиш қарор додааст. Анҷоми пажӯҳиш нишон дод, ки дар кӯдаки истифодабаранда ин воситаҳо бинниш ва шунавойиро суст хоҳанд кард. Ба болои ин, ҳолати бодиққатшавӣ низ дар кӯдак заъиф хоҳад гашт.

7. Ҳини ҳомила истифодаи телефонро кам кунед.

Пажӯҳиши дар Донишгоҳи шаҳри Орхуси Дания нишон дод, ки зани ҳомилаи истифодабарандаи смартфон дар оянда ба бемориҳои таъсиррасон барои кӯдак дучор ояд. Ба чунин бемориҳо баландфаъолӣ, мушкилӣ дар ҳолати руҳӣ, мушкили дар ҳолати бо касе дар суҳбат шудан ва ғайра дохиланд.

8. Вақти истифодабарии смартфонро кам кунед.

Олимони амрикоӣ исбот карданд, ки доимо дар васоити иҷтимойӣ тамошо кардани наворе, ки заррае барои омӯзишу фаҳмиш надошта, зарари хеле зиёд ба асаби инсон хоҳад расонд. Мо эҳтиёҷманд ба телефон шуда, нохоҳ даст сӯйяш дароз мешавад. Аз рӯйи нигоҳи коршиносон, чунин рафтор ба ҳоли ногуворе оварада, ҷамъиятро ба мушкилиҳои хеле зиёд дучор хоҳад кард. Олимон бонги хатар бардоштаанд. Имрӯз мо паҳншавии марази воситаҳои электрониро мебинем. Ин табақа олами дохилии инсонро намебинанд. Одам барои онҳо ивазшаванда буда, ягон қимате дар шахсияти алоҳида дида намешавад. Мутахассисон аз ИМА дар соли 2008 ба хулосае омаданд, ки агар ҳар рӯз 2,5-3 соат вақт сарф кунӣ, фикри ғазаболуду назари ҷаҳолӣ якбора зиёд шудан мегирад. Як пажӯҳиши дигаре ҳаст, ки соли 2017 аз ҷониби олимони Исроил гузаронида шуда буд, хулосааш моро дар ҳайрат меорад. Ба сифати пажӯҳиш 3 гуруҳи донишҷӯён санҷида шуд, ки масъалаҳои гуногуни санҷишӣ дода шуд. Аз гуруҳи 1 хоҳиш карда шуд, ки телефонро берун аз синфхона гузошта, санҷишро нависанд. Намояндагони гуруҳи 2-юм бошад, метавонанд телефонро дар даст, ё бағал дошта, санҷишро нависанд. Иштирокдорони гуруҳи 3-юм бошад, метановнад телефонро рӯй болои миз, пеши худ гузоранд. Дар анҷоб бармеояд, ки ҷойи гузоштанни телефон ба ҳолати фикронӣ таъсир мерасонад. Хотира хуб мешавад, агар телефон набошад ва баръакс телефон бо шумо бошад, зеҳн кунд мешавад.

9. Смартфонеро харед, ки боҳат истифода кунед.

Доим бо телефон будан оқибати зарари сахт ба монанди карахтшавии мушак, дарди миён, гардан ва ғайраро дорад. Эрна Фариза Мохд Пут, ходими илмии Донишгоҳи Парданаи Малайзия маслиҳат медиҳад, ки телефоне харид, ки дар даст ба роҳат дошта тавонӣ. Ҳамчунин агар барои навиштани матн бо ду даст ҳарфчинӣ кардан, ба панҷаҳо кам таъсир хоҳад расид. Агар аз одати бо 1 даст чиндани ҳарфро дур шуда натавонед, ҳарфто бо мулоимии чилик чинадан гиред беҳтар аст.

10. Смартфоне харед, ки хатари қаҳрабои барқияш ХҚБ-яш кам бошад

Агар чунин нишондодҳо дар смартфон набошад, ин аз он шаҳодат медиҳад, ки сатҳи ХҚБ-и асбоб ба организми одам хатарнок аст. Чунин нишондодҳо дар дастурамали телефон бояд навишта бошад. Ҳини харидани сматфон ба чунин ҳолат аҳамияти ҷиддӣ дод. Дар охир, аз телефони мобилӣ оқилона истифода бурда, фаромӯш накунед, ки ҷаҳони пушти экрани монитор хеле зебою дилкаш аст.

САМИЯ УМАРОВА

Аз русӣ тарҷумаи

Шамсиддини Муқим

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


7 ҷудокор. Чаро федератсия онҳоро аз муҳориба маҳрум кард?

Комиссияи интизомии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон 7 паҳлавони маъруфи кишварро барои 4 моҳ аз ширкат дар тамоми мусобиқаҳо маҳрум кард. Инҳо Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Темур Раҳимов (+100 кг), Обид Ҷебов (-66 кг), Абдуллои Ориф (-73 кг), Умедҷон Раҷабов (-90 кг), Виктория Киселёва (+78 кг) ва...


Коҳиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 шаҳрвандони Тоҷикистон бо мақсади кор 494,5 ҳазор маротиба ба Русия ворид шудаанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 18 дарсад камтар аст. Тавре нашрияи «Ведомости» хабар медиҳад, Тоҷикистон аз рӯйи шумораи сафарҳои корӣ миёни...


Моҳи мавлуди босаодат – моҳи сафо ва муҳаббат

Эй номи Ту беҳтарин сароғоз Бе номи Ту нома кай кунам боз.   Инак моҳи мавлуди гиромии Паёмбари азимушшаън саллаллоҳу алайҳи ва саллам фаро расид. Мавлуди он нафаре, ки Ҳабиби ҳазрати Ҳақ аст ва маҳбуби дилҳои муъминон. Он вуҷуди азизе, ки хушбахтии уммат хушбахтии ӯ буд ва растагории онҳо...


Фазли некухулқӣ

Худованд ﷻ хулқи Паёмбарро ﷺ ба таври алоҳида қайд кард ва онро бо бузургиву азамат тавсиф намуд, чунонки Қуръонро бо сифати «азим» васф кард, то огоҳ намояд, ки хулқе, ки Паёмбар ﷺ бар он аст, ҷомеъи ахлоқи писандида мебошад ва дар он шукри Нуҳ, хуллати 1 Иброҳим, ихлоси Мӯсо,...


Дар Маскав як табиби тоҷик дар байни зиёда аз 100 нафар соҳиби ҷоизаи байналмилалӣ гаштааст

Дар Маскав як табиби тоҷик дар байни зиёда аз 100 нафар соҳиби ҷоизаи байналмилалӣ гаштааст Дар озмуни байналмилалии Bridge Awards, ки дар пойтахти Русия шаҳри Маскав баргузор гашт, табиби тоҷик Муборакшо Муборакшоев соҳиби ҷоиза гаштааст. Бино бар иттилоъи Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва...