Бадриддин Ҳилолӣ (1470-1529)

Бадриддин Ҳилолӣ (1470-1529)

Бадриддин Ҳилолӣ тақрибан соли 1470 дар Астарободи Хуросон ба дунё омадааст. Бадриддин Ҳилолӣ маълумиоти ибтидоиро дар зодгоҳи худ гирифта, дар овони ҷавонӣ тақрибан соли 1491 барои давом додани таҳсили илм ба Ҳирот меояд ва дар риштаҳои гуногуни дониш касби камол мекунад. Ҳангоме ки Ҳилолӣ ба Ҳирот омад, Ҷомӣ ва Навоӣ дар қайди ҳаёт буданд ва ба илму адаби кишвар роҳбарӣ мекарданд. Ҳилолӣ суҳбати ин устодонро дарёфтааст.

Бадриддин Ҳилолӣ ҳофизаи бисёр қавӣ дошта, сӣ — чиҳил ҳазор байт аз ашъори Рӯдакӣ ва Фирдавсӣ, Низомӣ ва Аттор, Амир Хусрав ва Саъдӣ, Ҳофиз ва Камол ва махсусан шеърҳои Абдураҳмони Ҷомиро зиёд аз ёд медонистааст.

Замони Бадриддин Ҳилолӣ замони ҷангҳои кишварсӯзи Шайбониҳо бар зидди Темуриҳо, кушторҳои байни Сафавиҳову Шайбониҳо, даврони авҷи низоъҳои мазҳабӣ буд. Бадриддин Ҳилолӣ низ қурбони ин фитнаҳои даврон шуд. Ӯро моҳи октябри соли 1529 аз ҷониби султони ӯзбекҳои шайбонӣ Убайдуллохон, ки Ҳиротро забт карда буд, бо тӯҳмати он ки шоир аз мазҳаби шиъа аст, ба қатл расонд.

Мероси адабии Ҳилолӣ

Аз Ҳилолӣ се маснавӣ бо номи «Сифот-ул-ошиқин» (қариб 2500 байт), «Шоҳу Дарвеш» (1144 байт), «Лайлӣ ва Маҷнун» (3542 байт) боқӣ мондааст. Маснавиҳои «Шоҳу Дарвеш» (ё «Шоҳу Гадо») ва «Сифот-ул-ошиқин» пеш аз соли 1508 ва «Лайлӣ ва Маҷнун» дар байни солҳои 1508−1528 эҷод шудааст. Девони Ҳилолӣ асосан аз ғазалу рубоӣ иборат аст, ки нусхаҳои чопии он бештар аз сесад ғазали 6−8 байтӣ, сиву ду рубоӣ, ҳашт қитъа ва чанд порчаи шеърии гуногуни дигарро фаро мегирад.

Чанд ғазали Ҳилолӣ

З-он пештар, ки ақл шавад раҳнамун маро,
Ишқи ту раҳм намуд ба кӯи ҷунун маро.
Ҳам сина шуд пуроташу ҳам дида шуд пуроб,
Дар обу оташ аст даруну бурун маро.
Шӯхе, ки буд мурдани ман коми ӯ, куҷост,
То бар муроди хеш бубинад кунун маро?
Ҳоки дарат эй қатли ман оғушта шуд ба хун,
Охир фиганд ишқи ту хоку хун маро.
Чашмат, ки сабру ҳуши Ҳилолӣ ба ғамза бурд,
Хоҳад фасона сохтан аз як фусун маро.
Ёр гуфт:«Аз мо макун қатъӣ назар». Гуфтам: «Ба чашм!»
Гуфт: «Қатъан хам мабин сӯи дигар».Гуфтам: «Ба чашм!»
Гуфт: «Бо мо дӯстӣ мекун ба дил». Гуфтам: «Ба чашм!»
Гуфт: «Роҳи ишқи мо мерав ба сар». Гуфтам: «Ба чашм!»
Гуфт: «Бо чашмат бигӯ,то дар миёни мардумон,
Сӯи мо ҳам лам наяндозад назар». Гуфтам: «Ба чашм!»
Гуфт: «Агар бо мо Сухан дорӣ,ба чашми дил бигӯ,
То нагардад гӯши мардумро хабар». Гуфтам: «Ба чашм!»
Гуфт: «Агар хоҳад дилат з-ин лаъли майгун хандае,
Гиряҳо мекун ба сад хуни ҷигар». Гуфтам: «Ба чашм!»
Гуфт: «Агар хоҳи ғубори фитна биншинад зи роҳ,
Барфишон обе ба хоки раҳгузор». Гуфтам: «Ба чашм!»
Гуфт: «Агар дорад, Ҳилолӣ, чашми гирёнат ғубор,
Кухли биноӣ бикаш з-ин хоки дар». Гуфтам: «Ба чашм!»
Хароби як назар чашми нимхоби туем,
Ба ҳоли мо назаре кун, ки мо хароби туем.
Чӣ ҳадди он ки тавонем ҳамъинони ту шуд,
Ҳамин саодати мо бас, ки дар рикоби туем.
Итоби ту кашад нози ту ҳалок кунад,
Ҳалоки нози туву куштани итоби туем.
Аҷаб набошад агар аз лабат ба ком расем,
Ки масти бодаи нозию мо кабоби туем.
Зи меҳри рӯи ту дорем доғҳо бар дил,
Ситораи сӯхта аз тоби офтоби туем.
Ману Ҳилолӣ аз ин дар ба ҳеҷ ҷо наравем,
Чаро ки ҳамчу сагон бастаи таноби туем.

«АДАБИЁТИ ТОҶИК»

2026-07-01 (Муҳаррами соли 1448.) №7.


Хушуъ дар намоз

Намоз робитаи Худованд бо бандагон аст. Қуръони карим ба се чизи бисёр муҳим ва қобили тааммул дар намоз, яъне хушӯъ, пойбандӣ ва давомнокӣ ишора фармудааст: «Мӯъминон растагор шуданд, онҳое, ки дар намозашон хушӯъ доранд» (сураи «Мӯъминун» оятҳои1-2).   «Ва...


Ғазалиёти Саъдӣ Шерозӣ (Саъдӣ – паёмбари ғазал)

Мусаллам аст, ки то Саъдӣ, яъне то асри XIII жанри ғазал дар адабиёти мо буд. Ин анъанотро Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ давом дод ва боз бо навовариҳои худ ғазалро болу пари тоза бахшид ва шуҳрати онро ба арш расонд. Ба ҳамин хотир, ҳанӯз дар асри XV азамати Саъдиро дар ин ҷода бузургон эътироф карда,...


Саволу ҷавоб

Ман дар Русия муҳоҷирам. Ҳамсарам рўзе аз ман нопурсида ба хонаи волидонаш меравад. Ман инро шунида ҷанҷол кардам, баъдан гуфтам, ки “агар аз ин пас нопурсида рафтӣ, се талоқат мекунам ё се талоқ ё се талоқатро медиҳам”. Дар хотир надорам, ки кадом яке аз ин лафзҳоро гуфтаам. Ҳамсарам...


Баъди 6 сол қатораи Душанбе – Маскав дубора ба роҳ мебарояд

Баъди шаш соли таваққуф ҳаракати қатораи мусофирбар дар масири Душанбе – Маскав – Душанбе аз нав оғоз мешавад. Нахустин қатора рӯзи 21 июн аз пойтахти Тоҷикистон раҳсипор хоҳад шуд.   Тибқи иттилои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, арзиши чипта дар вагони умумӣ 2617 сомонӣ ва дар...


Тоҷикони муваффақ дар Русия

Чеҳраҳое, ки миёни ду кишвар пул месозанд   Муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия таърихи тӯлонӣ ва заминаи мустаҳками ҳамкорӣ доранд. Имрӯз ҳазорҳо шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия кору фаъолият намуда, дар рушди иқтисоди ҳар ду кишвар саҳм мегузоранд. Дар баробари...