Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Маъруф ба Ҷалолуддини Румӣ ориф ва шоири машҳур аст. Номи аслиаш Муҳаммад ва лақабаш Мавлавӣ, ё худ Мавлоно буд. Бо тахаллуси Шамси Табрезӣ ва гоҳе бо тахаллуси Хомӯш низ шеър мегуфт. Дар яке аз хонаводаҳои мӯҳтарами Балх санаи 6-уми рабеъулаввали соли 604-и ҳиҷрии қамарӣ -баробар ба 30-юми сентябри 1207 ба дунё омадааст. Балх дар он замон ҳудуди бузургу фарохе дошт, ки қариби нисфи ҷануби Тоҷикистони имрӯзаро фаро мегирифт. Падараш низ донишманди бузург буд, ки бо номи Баҳоуддин Валад мешинохтанд ва ӯро низ ҳамчун Султонулуламо ёд мекунанд. Аниқ маълум нест, ки ин оила кадом сол аз Балх кӯчида рафтанд. Падараш қасам ёд карда буд, ки то он даме подшоҳ Муҳаммади Хоразмшоҳ дар тахт аст, ба Балх барнамегардад.

Шаҳр ба шаҳр сафар карда билохира дар шаҳри Кунияи Туркия қарор гирифтанд. Бо илму фазли худ дар Куния зуд мавриди таваҷҷӯҳи хосу ом қарор гирифтанд. Ҳамон ҷо соли 628-и ҳиҷрии қамари Ҷалолуддин падарашро аз даст дод ва ҷасади Султонулуламо дар Куния ба хок супорида шуд. Бисту панҷ сол дошт Ҷалолуддин ҳангоми вафоти падар. Нахустин нафаре, ки Мавлоноро ба водии тариқат раҳнамоӣ кард, шогирди падараш Сайид Бурҳониддин Муҳаққиқи Тирмизӣ буд. Мавлоно муддати 9 сол шогирду ҳамнишини Сайид Бурҳониддин монд ва риёзату ибодату кашфи улум бо Ӯ дошт, то даме, ки риштаи умри устодаш ҳам канда шуд.

Дар 40-солагӣ Ҷалолуддин ба тамоми маъни орифу донишманди бузурги даврони худ буд ва мухлисони зиёду эҳтироми хосае миёни мардум кашф карда буд. Бо қаландари жандапӯше, ки Шамсуддин Муҳаммад ибни Маликдоди Табрезӣ ном дошт, рӯзи шанбе, санаи 26-ум ҷамодиулохари соли 642-юми ҳиҷрӣ вохӯрд. Боқӣ 30 соли умри ориф дар шогирдиву дӯстӣ бо Шамси Табрезӣ гузашт. Дидори Шамс давраи пуршӯреро дар ҳаёти Мавлоно оғоз кард, ки намунаи беҳтарин ашъори ирфонии шоир дар ҳамин давра иншо шудааст. Ин ки Шамс ба Мавлоно чӣ гуфту чӣ омӯхту чӣ фасонаву фусун сохт, то ҳанӯз муаммоест, ки кас накшуду накшояд ба ҳикмат ин муамморо. Мутаасифона шӯҳрати Мавлоноро дар замонаш муридоне худбину кинаҷӯй натавонистанд таҳаммул намоянд ва оташи ҳасуд билохира ба фитнаҷӯйӣ руҷӯ кард. Дар ин ҳол чорае ҷуз кӯч бастани Шамси Табрезӣ намонд.

Рӯзи панҷшанбе 21-уми шавволи соли 643 аз куния ба Димишк раҳсипор шуд. Аммо вақто барангезандагони фитна диданд, ки баъд аз рафтани Шамс ҳам Мавлоно ба эшон таваҷҷӯҳе зоҳир намекунад, наздаш омаданд ва пӯзиш хостанд. Фарзанди Ҷалолудди Султон Валад бо фармони падар ба ҷустуҷӯи Шамс ба Димишк рафт, то ҳасрати ҳиҷрони падарашро расонад ва хоҳиши бозгаштанашро кунад. Бо гузашти як моҳ пиёда роҳ рафтан, Шамс ба дидори мавлоно расид. Аммо фитнаҷӯёни пушаймоншуда боз тавба шикастанду аз нав ба ғайбату бадномкунии Шамс пардохтанд. Маротибаи дигар Шамс кай Кунияро тарк кардааст, номаълум монд ва дигар нопадид ҳам шуд. Ҷудоӣ аз дӯсту устоду ҳамфикру ҳамдами дерин барои Мавлоно хеле гарон уфтод ва ин ҳолати шоир дар ғазалиёти навиштаи ҳамон даврон бараъло мушоҳида мешавад. Яке аз намоёнтарин намунаи эҷоди ширину дилчасп ва пурмӯҳтавои Ҷалолуддин ин Маснавии маънавии ӯст.

Як муддат, вақто писари ҷавонаш Алоуддин Муҳаммад дар синни 36 солагӣ дунёи фониро тарк гуфт, Мавлоно ҳатто аз навиштани Маснавӣ ҳам қариб ду сол таваққуф карда буд. Он қадар марги писар шикаста кард, ки ҷуръати дар ҷаноза иштирок карданро ҳам надошт. Баъдан дар соли 662-и қамарӣ боз сари эҷоди идомаи “Маснавӣ” камар баст. Дар қатори дигар шӯҳратмандони назми форс Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ низ тавонист дар осмони маънавиёту ирфон яке аз марраҳои назаррасеро кашф намояд. То он дараҷае, ки имрӯз арабҳо Ҷалолуддинро араб буд гуфта даъво мекунанд, зеро бо забони арабӣ ва ҳуруфи арабӣ бештар нигоштааст.

Туркҳо даъво мекунанд, ки Мавлоно аз онҳост, зеро агарчанде ҳарфаке ба туркӣ нагуфта бошад ҳам, дар Кунияи Туркия зиндагӣ карда, ба мақому манзалати хосае расидааст. Форсҳо бе даъвою талош ҳам хуб медонанд, ки зодаи Балхи шариф асту ашъораш ҳам комилан форсист, ақрабояш ҳам бечунучаро форсанд. Ба ҳар ҳол меваи пухтарасидаро талабгор бисёр мешавад. Авохири умри азизи худ муддатҳо буд, ки ҷисми наҳифу хастаи Мавлоно дар каманди бемори гирифтор шуда буд. Саранҷом ин Офтоби маъно рӯзи якшанбе панҷуми ҷамодиулохари соли 672 -и ҳиҷрии қамарӣ баробар бо 17- уми декабри соли 1273 аз дунёи фонӣ чашм пӯшид.

Дар он рӯзи пурсӯзи сармои яхбандон аз осмони Куния донаҳои нарму ҳаририни барф меборид ва бар замин менишаст. Сайли пурхурӯши мардуми пиру ҷавон, масеҳиву яҳудӣ, ҳамагӣ дар ин мотам ширкат доштанд. Донишманди он даврон Афлокӣ дар азои Мавлоно ширкат дошту дар он бора менависад : “Басо мустакбирону мункирон, ки он рӯз зуннор буриданд ва имон оварданд”

2026-08-01 (Сафари соли 1448) №8.


Шарм аз гӯшаи имон аст

Бидон, ки аз шартҳои муридӣ пайваста оташдон будани ботини ӯст. Фузайли Иёз (қдс) гуфт: «Панҷ чиз аз нишонаҳои бадбахтӣ аст: сангдилӣ, хушкии чашмон, бешармӣ, рағбат ба дунё ва орзуи дурудароз».   Ва ҳам гуфтаанд, ки чун ҳайбат ва шарм аз банда бирафт, дар вай хайре боқӣ...


Русия хариди ангур ва сабзавоти Тоҷикистонро афзоиш медиҳад

Русия ният дорад хариди ангур, мева ва сабзавоти Тоҷикистонро афзоиш диҳад. Ин масъала дар мулоқоти вазири рушди иқтисоди Русия Максим Решетников бо вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода дар ҳошияи Форуми байналмилалии иқтисодии Петербург баррасӣ шудааст.   Ба...


Дар Русия қоидаҳои нави марбут ба фаъолияти муҳоҷирони меҳнатӣ қабул шуданд

Думаи давлатии Русия қонунеро дар бораи сахттар кардани талабот ба шаҳрвандони хориҷие, ки дар ин кишвар кор мекунанд, дар хониши дуюм ва сеюм қабул кард. Тибқи тағйирот, муҳоҷироне, ки назди шахсони воқеӣ кор мекунанд, бояд пешпардохти андоз аз даромадро анҷом диҳанд. Ҳамчунин онҳо бояд имкони...


8 тоифаи занон, ки дили шавҳарро ба осонӣ ёфта метавонанд

Дар тӯли зиндагияшон мардҳо бо бонувони зиёде рӯ ба рӯ мешаванд, вале онеро интихоб менамоянд, ки аз нигоҳи мард беҳтарин аст. Мехоҳед донед, ки ҳангоми интихоби бахт мардҳо ба чӣ аҳамият медиҳанд? Пас, мутаваҷҷеҳ бошед!   Зани гапдаро Барои он ки аробаи зиндагӣ дар нимароҳ чаппа нашавад,...


Тарбуз давои фарбеҳӣ

Табибон тарбузро беҳтарин ғизои парҳезӣ барои онҳое донистаанд, ки аз фарбеҳӣ азоб мекашанд. Онҳо мегӯянд, ки гирифторони фарбеҳӣ ба осонӣ метавонанд бо истеъмоли тарбуз вазнашонро кам кунанд.   Тарбуз дар таркиби худ 90-95 фоиз об дорад ва он шифобахш аст. Зеро оби тарбуз дистиллатсияшуда...