Саволу ҷавоб

Саволу ҷавоб

Саволу ҷавоб

 

Дар намози ҷамоат оё муқтадӣ метавонад, ки дар ракъати сеюм ва чорум сураи Фотиҳа бихонад?

Дар намози ҷамоат муқтадӣ қироат намекунад, балки хомўш меистад, зеро қироати имом барои ў қироат ҳисоб мешавад. (Мароки Фалох)

 

 

Дар рўзи сешанбе сар шустан мумкин аст?

Шустушў кардан дар рўзи сешанбе ҳеҷ монеъе надорад, зеро назофату покӣ аз ҷумлаи талаботи ҳатмии шариат аст ва вақти муайян надорад. Дар давоми ҳафта ҳар гоҳе ки лозим шуд, як бор шустани сару тан бар ҳар фарди мусулмон лозим аст, анҷом додани ин амал дар рўзи ҷумъа беҳтар аст. (Дурарул Мухтор)

 

 

Эътикоф барои мардон ва занон чихел мегузарад?

Эътикоф барои мардон дар масҷиди панҷвақта, барои занҳо бошад, дар хона ва ё намозгоҳашон бо нияти эътикоф як муддати муайян нишаста ибодат кардан аст. Эътикоф чун воҷиб, суннати муаккада ва мустаҳаб, ба се қисм ҷудо мешавад:Эътикофи назр (карда шуда) воҷиб мебошад.Эътикофи дар даҳаи охири моҳи шарифи Рамазон бошад, ҳамчун кифояи суннати муаккада мебошад. Яъне дар як шаҳр, агар як нафар ин ибодатро анҷом бидиҳад, аз дигарон низ соқит мешавад. Берун аз Рамазон дар ягон масҷид ба нияти ибодат эътикоф нишастан мустаҳаб мебошад.Шартҳои эътикоф: Шахси мӯътакиф (эътикофнишин) бояд, ки нияти эътикоф карда бошад. Мусулмон ва оқил бошад, ҷунуб, ҳайз ва нифос набошад. Эътикофро дар масҷиди панҷвақта ё ин ки дар ҷое, ки дар ҳукми масҷид аст, нишастан лозим аст. Барои занҳо дар хона, ҳамон мавзеъ, ки барои намоз истифода мекунанд, ҳукми масҷидро дорад. Дар эътикофи воҷиб рӯзадор будан лозим аст. Берун аз эҳтиёҷ аз масҷид баромадан ва бо ҳамсараш алоқаи ҷинсӣ кардани мӯътакиф эътикофро бекор месозад. Бинобар эҳтиёҷи зарурии динӣ, аз масҷид баромадани мӯътакиф эътикофро бекор намесозад. Масалан, дар масҷиди нишастааш, агар намози ҷумъа хонда нашавад, ба масҷиди наздиктарин рафта намозашро адо мекунад. (Хошиёти Тахтовӣ)

 

 

Фарз кардем, ки Худованд дар тақдири инсон 80 сол умр кашидааст, аммо инсон 45 сол зиндагӣ карду ба худкушӣ даст зад. Пас боқимондаи умри ў чӣ мешавад? Шахсоне, ки сигор мекашанд ё шароб менўшанд, нисбат ба дигар касоне, ки ин ашёро истеъмол намекунанд, кам зиндагӣ мекунанд. Оё умри мо ба амали мо вобастагӣ дорад?

Агар дар тақдири инсон 80 сол умр муайян шуда бошад, пас ҳатман 80 сол зиндагӣ хоҳад кард. Агар дар 45 солагӣ ба худкушӣ даст зад, пас маълум мешавад, ки умри ў ҳамин 45 сол будааст, на 80 сол. Ҳар як амали инсон ва ҳар як ҳодисае, ки дар ҳастӣ рух медиҳад, мутобиқи тақдир воқеъ мешавад. Дар ҳадис омадааст, ки вақте ҷанин дар батни модараш чормоҳа мешавад, фариштае ба сўйи ў фиристода мешавад, пас рўҳро дар он медамад, пас он фаришта ба чор чиз амр карда мешавад: ба навиштани ризқи ў, муддати зиндагонияш, амалаш ва бадбахт ё хушбахт буданаш. Аз ин лиҳоз, ҳар касеро умраш дар азал муайян шудааст ва чун аҷалаш фаро расид, дигар лаҳзае на пеш меравад ва на пас мемонад. Чунонки Худованди Мутаъол мефаромояд: “Ҳар гурўҳеро меоде ҳаст, чун меодашон биёяд, пас на соате таъхир кунанд ва на сабқат кунанд”. (Юнус, 49) Дар ҷойи дигар мефармояд: “Пас, чун он вақти муқаррарашон бирасад, на соате бозмонанд ва на (соате) пеш раванд”. (Наҳл, ояи 61)

 

 

Шавҳарам дар ҳолати қаҳру ғазаб мегўяд, ки “чор тарафат қибла, рав, дигар шавҳар кун”. Ў ин гуна суханонро хеле зиёд гуфтааст. Бо гуфтани ин ҳарфҳо магар талок мешавад?

Ин суханон аз қабили алфози киноя ҳастанд ва ба нияти шавҳар ё ҳолати музокараи талоқ вобастаанд. Агар шавҳари шумо ин суханонро пас аз талаби ҷавоб кардани шумо ба забон оварда ё ба нияти талоқ гуфта бошад, дар ин ҳолат шумо як талоқи боин шудаед. Бинобар ин, барои шумо таҷдиди никоҳ лозим аст. (Любоб)

 

 

Оё келин хушдоманашро модар ё апа, хусурашро падар ё ако, домод низ ҳамин гуна садо кунанд, аз назари дин дуруст аст?

Хусуру хушдоман низ барои келин ё домод падару модар ҳастанд, бинобар ин, бо ин лафзҳо садо кардани онҳо дуруст аст.

 

 

Ман ҳамчун донор панҷ сол боз хун месупорам. Шунидам, ки хун додан ҳаром аст. Оё ин сухан рост аст?

Дар ҳолати зарурат хун додан барои беморон ҷоиз аст, вале фурўхтан ё нарх гузоштани он манъ аст. (Фикхл Ислом)

 

 

Агар ғайри мусулмон ба мусулмон салом гўяд, ҷавоби саломашро чигуна бояд дод?

Дар посухи саломи ғайри мусулмон фақат “ва алайка” гуфта мешавад. (Дурарул Мухтор)

 

 

Оё истифода бурдани ҳоҷатхонаи унитаздор мумкин аст? Дар он ҷо чӣ тавр истинҷо кардан мумкин аст, ки об пош нахўрад? Пас аз пешоб чӣ амалҳоро анҷом додан лозим аст, то ки пешоби боқимонда хориҷ нашавад?

Истифода бурдани ҳоҷатхонаи унитаздор иҷозат дорад. Агар ҳоҷатхона ба шакли унитаз бошад, дар ҳолати қазои ҳоҷат ё истинҷо кўшиш бояд кард, ки бадан ё либос олуда нашавад. Пас аз пешоб бо овози баланд сулфа кардан дар хориҷ шудани пешоби боқимонда муассир аст, ин амалро дар истилоҳи шариат истибро мегўянд. (Мароки Фалох)

 

 

Дар таксӣ нишастам ва ба ронанда 50 сомонӣ додам. Ҳангоми фуруд омадан аз ў бақияи маблағро пурсидам. Ронанда бақияро дод. Баъдан дидам, ки ба ман 40 сомонӣ зиёд додааст. Дигар ўро наёфтам. Ин маблағи 40 сомониро чӣ кор бояд кунам?

Бародари азиз, шумо то ҳадди имкон саъй кунед, ки соҳиби аслии он пулро пайдо кунед. Агар пайдо шуд, хуб, вагарна онро дар ягон роҳи хайр садақа кунед. (Любоб)

 

 

2026-04-01 (Шаввали соли 1447) №4.


Чӣ гуна моли худро пок кунем?

Ҳамду сано Худованди ягонаро, дуруду салом ба Паёмбари гиромӣ ﷺ ва тамоми олу асҳобаш бод.   Закот яке аз аркони Ислом буда дар бисёре аз оятҳои Қуръон бо намоз якҷо зикр шудааст. Худованд мефармояд: «Ҳаргиз гумон набаранд касоне, ки ба он чи Худованд ба онҳо додааст, бахилӣ мекунанд,...


Ҳаёт ва фаъолияти имом Тирмизи ва осори у

Зимни сафар ба кишварҳои хориҷӣ Имом Тирмизӣ ҳадисро ҷамъ оварда, бо таълифи китобҳо машғул шудааст. Баъд аз бозгашт аз сафар, бо олимону фузало дар мунозираҳои илмӣ ширкат меварзад, ба шогирдони зиёде устодӣ мекунад. Хусусан, бо муҳаддиси шинохта Имом Бухорӣ мубоҳисаҳои зиёди илмӣ анҷом дода, аз ӯ...


Саволу ҷавоб

Ҷумлаи “Астағфируллоҳа ва атубу илайҳ” чӣ маъно дорад? Бародари азиз, маънои ин ҷумла чунин аст: Аз Худованд (барои гуноҳонам) омурзиш мехоҳам ва ба сўи Ў тавба мекунам. Ин ҷумларо баъди намози Бомдод ва баъди намози Аср сад бори такрор кунед савоби беканор дорад. Шахсе, ки дар ватан...


Ҷарроҳии бидуни буриш дар Тоҷикистон

Табибони тоҷик аввалин маротиба ҷарроҳии ғадуди зери меъдаро тариқи эндоскопӣ анҷом доданд. Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хабар додааст. Тавре ки гуфта мешавад, амалиёт дар “Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо” бо муваффақият анҷом ёфта,...


Ширкати муштзанҳои ҷавони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонӣ

Дар шаҳри Бангкоки Тайланд аз 8-уми март Ҷоми ҷаҳонии бокс (U-19) оғоз шуд, ки то 15-уми март идома мекунад. Тоҷикистонро дар мусобиқа 10 муштзани ҷавон (8 писар, 2 духтар) намояндагӣ мекунанд.   Ҳайати Тоҷикистонро дар мусобиқаи мазкур Аъзамҷон Ҳасанов (50 кг), Аъзам Одилзода (55 кг),...