САВОЛУ ҶАВОБ

САВОЛУ ҶАВОБ

САВОЛУ ҶАВОБ

Дар чпнд солагии Паёмбар ﷺ модараш Амина аз дунё гузашт?

Ҳангоме ки паёмбар ﷺ бо модараш ба сӯи Мадина сафар карданд, дар роҳ, дар минтақаи Абво модараш аз дунё гузашт, дар ин вақт паёмбар ﷺ шашсола буд. (Нурул якин)

Кӣ Муҳаммад ﷺ -ро бо ин ном гузошт?

Ин номро ба ӯ бобояш Абдулмуталиб додааст. (Нурул якин)

Хадиҷа аз Расулуллоҳ ﷺ чанд фарзанд таваллуд кард ва номҳояшон чист?

Аз Хадича шаш кӯдак буд. Абдуллоҳ, Қосим, Зайнаб, Руқия, Умму Кулсум ва Фотима. (Ҳаёту Муҳаммад ﷺ )

Пас аз кӯчидан ба Мадина аввалин амалҳое, ки Паёмбар ﷺ анҷом дода буд, кадом буд?

Паёмбар ﷺ масҷидро сохт, муҳоҷирон (муҳоҷирон аз Макка) ва ансорҳоро (сокинони Мадина) бародар эълон кард ва ҳуҷҷате навишт, ки тартиби зиндагии байни мусалмонон ва дигаронро муқаррар кардааст. (Нурул якин)

Сифатҳои паёмбарро ﷺ каме нақл мекардед ?

Паёмбар ﷺ китфҳои паҳм дошт, қоматаш на баланди зиёд буду на паст, балки миёна буд, пӯсти арғувонӣ дошт, яъне сафеди моил ба сурхча буд, чашмони сиёҳ дошт, сари синааш мӯи камтар дошт ва дар байни синаву шиками муборакаш каме мӯй дошт. (Нурул Уюн)

Вақте ки таваллуди паёмбар Муҳаммад ﷺ наздик шуд кадом воқеаҳои муҳим рӯй доданд?

Ҳангоме ки таваллуди паёмбар Муҳаммад ﷺ наздик мешуд, аломатҳои зиёде пайдо шуданд:

1. Бут-худоёни бутпарастон сарнагун карда шуданд.

2. Оташи оташпарастон, ки кайҳо боз хомӯш нашуда буданд, хомӯш карда шуданд.

3. Минбаъд ҷинҳо ба осмон баромаданро манъ карданд.

4. Кӯле, ки Табарият ном дорад, хушк шудааст.

5. Аз осмон овозе буд. Донишмандоне, ки Таврот ва Инҷилро медонистанд, ин ва дигар аломатҳоро дида, дар бораи таваллуди наздики ӯ гап мезаданд. (Нурул якин)

Шахсе, ки аз ягон бемории гузаранда, яъне аз вабо вафот мекунад ва ўро ҷаноза намекунанд, барои майит ягон зарар дорад?

Намози ҷаноза яке аз он ҳуқуқе аст, ки майит бар зиммаи дигар мусулмонон дорад. Бинобар ин, касе, ки бидуни ҷаноза дафн шуда бошад, бар сари қабраш намози ҷанозаи ў хонда мешавад. (Мараки Фалах)

Оё спирт либосро бенамоз мекунад?

Спирт ҳамчун маводи табобатӣ ба шумор меравад ва расидани он ба бадан ё либос афв аст. (Фикх Ислом )

Шунидам, ки бо духтарону занон даст дода салом кардан дар шариат ҷоиз нест. Агар бо дили соф ва нияти нек даст дода салом кунӣ, чӣ ҳукм дорад?

Бо занони бегона номаҳрам даст дода салом кардан ҷоиз нест, вале бо занони пиронсол дуруст аст. Беҳтар он аст, ки фақат салом диҳад ё бо остин салом кунад. (Фатовои Қозихон)

Пеш аз таваллуди ӯ e одамон медонистанд ва интизорӣ доштанд, ки Паёмбари e Худо таваллуд мешавад?

Навиштаҳо ба монанди Таврот, Инҷил, ки ба анбиёи пешин нозил шуда буданд, тавсифи нишонаҳо ва сифатҳои Паёмбар Муҳаммад ﷺ -ро дар бар мегирифтанд. (Нурул якин)

Паёмбар ﷺ чанд сол бо Ҳалима буд?

Паёмбарамон ﷺ панҷ сол бо Ҳалима зиндагӣ кард. (Ҳаёту Муҳаммад ﷺ )

Оё чидани абрўвон ҷоиз аст?

Чидани абрўвон мамнуъ аст, хусусан барои мардон, зеро як навъ тағйири хилқат ба ҳисоб меравад.

Даъвати Паёмбарро ﷺ кӣ аввалин қабул кард?

Аввалин қабул карданд: ҳамсараш хонум Хадиҷа, Зайд бин Ҳорис, Алӣ ибни Абутолиб ва дӯсташ Абубакр. (Нурул Якин)

Хадиҷа дар кадом синну сол аз ин дунёи даргузашт?

Хадиҷа се сол қабл аз ҳиҷрати паёмбар ﷺ ба Мадина вафот кард. Дар синни шасту панҷсолагӣ буд. (Нурул якин)

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Муфтии Тоҷикистон аз муҳоҷирон хост, ки дар тарбияи фарзандон фаъол бошанд

Муфтии Тоҷикистон аз муҳоҷирон хост, ки дар тарбияи фарзандон фаъол бошанд Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, аз муҳоҷирони тоҷик даъват кардааст, ки бо аҳли оилаи худ робитаи доимӣ дошта бошанд ва дар тарбияи фарзандон саҳми фаъол гузоранд. Тибқи иттилои...


Гули бобуна ба кадом дардҳо давост?

Аксари табибон ҳангоми бемориҳои гуногун ба беморон нӯшидани гиёҳоби бобуна (ромашка)-ро тавсия медиҳанд. Мехоҳам донам, ки бобуна чӣ фоида дорад?   Посух: - Гули бобуна дар ҳақиқат хусусиятҳои табобатии зиёде дорад. Ин гиёҳи мӯъҷизанокро дар саросари Тоҷикистон пайдо кардан мумкин атс,...


Фоидаҳои ҷигари мурғ

Қаблан дар Тоҷикистон касе ҷигари мурғро намехӯрд, вале ҳоло он дар ҳамаи мағозаҳо фурӯхта мешавад.   Ҷигари мурғ яке аз маҳсулоти серғизо ба шумор меравад. Он аз оҳан, витамини А, витамини В12, фолат ва сафеда бой аст. Маҳз ба ҳамин далел метавонад барои пешгирӣ ё кам кардани хатари баъзе...


Дар Санкт-Петербург фаъолияти муҳоҷиронро дар чанд соҳаи корӣ маҳдуд карданд

Мақомоти шаҳри Санкт-Петербург барои шаҳрвандони хориҷие, ки дар асоси патент фаъолият мекунанд, дар як қатор соҳаҳо маҳдудияти кор ҷорӣ намуданд. Ин манъкунӣ соҳаҳои тиб, савдои чакана, сартарошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн, толорҳои варзишӣ ва марказҳои солимгардониро дар бар мегирад. Тибқи қарори...


«Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид

«Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум дар таърихи х-уд Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овард. Дар бозии ниҳоии мусобиқаи «Ҷоми Тоҷикистон2026» футболбозони Хуҷанд бар тими «Сардор»-и шаҳри Турсунзода бо...