Саволу ҷавоб

Саволу ҷавоб

Ҳамсояамон мегўяд, ки бо тасбеҳ зикри бисёр кардан дуруст нест, чунки он бидъат аст. Оё ин ақида дуруст аст ё на?

Худованд дар каломи худ бандагонашро ба бисёр зикр гуфтан амр кардааст, чунонки мефармояд: “Эй мўъминон, Худоро ба ёд кардани бисёр ёд кунед”. (Сураи “Аҳзоб”, ояти 41) Инчунин дар ҷойи дигар фармудааст: “Ва Парвардигори худро бисёр ёд кун ва ба шому бомдод (Ўро) тасбеҳ гўй”. (Сураи “Оли Имрон”, ояти 41)

Илова бар ин дар суннати Паёмбари акрам ﷺ низ тавсияҳо ва дастуроти зиёде дар бораи зикру тасбеҳ ворид шуда, ки бар фазилати зикри бисёр гуфтан далолат доранд. Чунонки бо ангуштон зикр гуфтан дар суннат ворид шудааст, бо тасбеҳ зикр гуфтан ҳам дар суннат вуҷуд дорад ва онро бидъат пиндоштан фикри нодуруст аст. Яъне зикр гуфтан бо тасбеҳ ё бо ангуштон дуруст аст. Бинобар ин, шумо ба суханони ҳамсояатон аҳамият надиҳед ва зикри Худоро бисёр гўед, зеро дилҳо бо зикри Худо оромиш меёбанд.

 

 

 

Оё сигор кашидан таҳоратро мешиканад?

Дар китобҳои фиқҳӣ оиди аз сигор шикастани таҳорат зикре ба миён наомадааст. Аммо асли масъала дар ин аст, ки ҳадафи асосӣ аз таҳорат ҳам пок кардани зоҳир ва ҳам пок намудани қалб аз олудагиҳо ва кудуратҳо мебошад. Пас шахсе, ки сигор истеъмол мекунад, маълум аст, ки на танҳо зоҳиру ботинашро олуда месозад, балки ба муҳит ва атрофиёни худ зарарҳои маънавӣ мерасонад. Бинобар ин афзалу беҳтар он аст, ки пас аз кашидани сигор таҷдиди вузў кунад. Бузурге мефармояд:

Чун биёрӣ таҳорати зоҳир,

Ботинат низ Ҳақ кунад тоҳир.

 

 

 

Зану шавҳар давоми понздаҳ сол фарзанддор нашуданд ва дар байни онҳо эҳтиром вуҷуд надорад. Зан чандин бор “ҷавоби маро деҳ” мегўяд, аммо шавҳар рад мекунад. Ин зан бояд чӣ кор кунад?

Фарзанд атои Худованд аст, ба ҳар касе бихоҳад ва ҳар гоҳе бихоҳад, ин неъматро арзонӣ мефармояд. Агар шумо бо шавҳаратон аз ташхиси тиббӣ гузашта бошед ва табиб муайян карда бошад, ки шавҳаратон ақим ва нозо аст, дар ин сурат шумо ҳаққи ҷудо шудан аз шавҳаратонро доред. Дар акси ҳол ихтиёр ба дасти шумо аст, ки метавонед бо шавҳаратон зиндагӣ кунед ва ё аз ў ҷудо шавед. Ба ҳар ҳол шумо ноумед набошед, дар намозҳоятон дуо кунед, ба афроди мискину ниёзманд хайру садақа диҳед ва аз онҳо дуо бихоҳед, умед аст, ки Худованд шуморо ба мақсадатон мерасонад.

 («Ихтиёр»)

 

 

Ҳангоми баромадани оби мазӣ либос бенамоз мешавад ё на ва чи бояд кард?

Мазӣ (мояъи пеш аз инзол) наджаса (нотоза) аст. Яъне агар он ба либос расад, либос нотоза мешавад ва барои намоз мувофиқ нест.

 

 

 

Агар мазӣ ба либос расад, чӣ бояд кард?

  1. Либосро пок кардан: Мазӣ бояд бо об аз либос шуста шавад.
  2. Таҷдиди вузуъ: Худи баромадани мазӣ вузуъро мешиканад (аммо ғусл лозим нест). Бинобар ин пеш аз намоз бояд вузуъ аз нав гирифт.

Миқдори ками наджаса (ба андозаи як дирҳам ё камтар) бахшида мешавад.

  • Агар миқдори мазӣ дар либос хеле кам бошад (тақрибан ба андозаи як танга ё камтар), намоз дар чунин либос дуруст аст, ҳатто агар имкони шустан ҳам бошад.
  • Аммо тибқи сарчашмаҳои ҳанафӣ, гузоштани либоси нотоза бе сабаби узрнок, дар ҳоле ки шустанаш мумкин аст, макруҳ (нописанд) аст. («Хошияту Тахтови»)

 

 

 

Ман тариқи телефон ҳамсарамро се талоқ кардам. Аз ин кор ману ҳамсарам пушаймонем. Оё ягон роҳе ҳаст, ки мо аз нав никоҳ кунем?

Пас аз воқеъ шудани се талоқ идомаи зиндагӣ байни зану шавҳар номумкин аст. («Любоб»)

 

 

 

Намози таҳаҷҷуд кадом соати шаб хонда мешавад?

Вақти намози таҳаҷҷуд аз нисфи шаб то ҳангоми субҳи содиқ аст. Намози таҳаҷҷудро ба сурати дуракъатӣ ё чаҳорракъатӣ гузоридан дуруст аст. Беҳтарин вақт барои намози таҳаҷҷуд нимаи охири шаб аст. Тариқаи суннат он аст, ки пас аз намози хуфтан бихобад ва дар охири шаб бархоста, намози шабро ба ҷо оварад. («Хошияту Тахтови»)

 

 

 

Қариб як ҳафта мешавад, ки аз Тоҷикистон ба Русия барои кор омадам. Мо каме қарздор ҳастем. Падарам бо як зани шавҳардор робита пайдо кардааст. Ман ба хотири Аллоҳ волидонамро эҳтиром мекунам. Аммо падарам пулҳояшро бо он бероҳа сарф мекунад. Мегуфтед, ки ҳукми ин ҳарду чист?

Аз нигоҳи шариат зино гуноҳи кабира аст ва оқибати ногувор ва наҳсию бебаракатӣ дар пай дорад, марду зани зинокорро азоби дарднок интизор аст. Шумо дуои хайр кунед ва барои падаратон аз даргоҳи Худованд тавфиқу ҳидояти комил бихоҳед, умед аст, ки ҳидоят меёбад ва ислоҳ мешавад. Ҳамзамон аз ягон шахсе, ки падаратон ба ў ихлос ё эътимод дорад, дархост кунед, то падаратонро насиҳат кунад.

 

 

 

Мегўянд, ки баъд аз намози бомдод хобидан дуруст нест. Ман соати 05:30 намози бомдодро мегузорам ва то вақти ба кор рафтан мехобам. Оё ин амали ман дуруст аст?

Хобидан пас аз намози бомдод макрўҳи танзеҳӣ аст, яъне анҷом надодани он беҳтар аст. Суннат он аст, ки пас аз адои намоз то тулуъи офтоб ба зикр ё тиловати Қуръон машғул шавад, пас аз тулуъи офтоб метавонад бихобад. («Фикхи ислом»)

 

 

 

Дар вақти намоз гузоридан бароям фаромўшӣ пеш меояд. Оё дар ин ҳолат намозро бояд аз сар гузорам?

Дар ин ҳолат шумо бояд ба ғолиби гумони худ амал намоед, масалан надонед, ки се ракъат хондаед ё чаҳор ракъат, дар ин ҷо бубинед, ки ғолиби гумонатон бар чист. Агар бар ин бошад, ки чаҳор ракъат хондаед, бояд ба қаъда бинишинед ва дар охири намоз саҷдаи саҳв ба ҷо оред. Вале агар ғолиби гумонатон бар ин аст, ки дар ракъати севум қарор доред, бояд ракъати чаҳорумро бихонед ва дар охир саҷдаи саҳв намоед. Агар гумонатон бар ягон ҷонибе ғолиб нашуд, он гоҳ ба камтарин миқдор амал кунед. Масалан, дар намози пешин агар шак кунед ва надонед, ки ду ракъат хондаед ё се ракъат ва ё чор ракъат, бояд онро ду ракъат ҳисоб карда, ба намози худ идома бидиҳед, лекин пас аз гузоридани ҳар ракъате бояд бинишинед, зеро эҳтимол дорад, ки мавзеъи қаъдаи охир бошад, сипас дар охир саҷдаи саҳв ба ҷо оваред. («Мараки Фалох»)

 

 

 

Оё намозҳои қазошудаи модарамро, ки аз дунё гузаштанд, метавонам бихонам ё ба ҷои модарам рўза бигирам? Оё зиёрати ҳаҷ ба номи модарам бояд махфӣ сурат бигирад?

Аз нигоҳи фиқҳи ҳанафӣ ба ҷои каси дигар намоз гузоридан ё рўза доштан раво нест, вале савоби намозу рўзаи нафли худро ба ў бахшидан равост. Ба ҷои шахси фавтида ё бемор ҳаҷҷи бадал кардан дуруст аст ва махфӣ анҷом додани он шарт нест. («Ихтиёр»)

 

 

 

Имомат кардани шахси бетақво ҷоиз аст ё на?

Мутобиқи фиқҳи мазҳаби ҳанафӣ имомат кардани шахси бетақво ҷоиз аст, вале кароҳат дорад, зеро сабаби кам шудани саффи намозгузорон мегардад. («Ихтиёр»)

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Дар Санкт-Петербург фаъолияти муҳоҷиронро дар чанд соҳаи корӣ маҳдуд карданд

Мақомоти шаҳри Санкт-Петербург барои шаҳрвандони хориҷие, ки дар асоси патент фаъолият мекунанд, дар як қатор соҳаҳо маҳдудияти кор ҷорӣ намуданд. Ин манъкунӣ соҳаҳои тиб, савдои чакана, сартарошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн, толорҳои варзишӣ ва марказҳои солимгардониро дар бар мегирад. Тибқи қарори...


Муфтии Тоҷикистон аз муҳоҷирон хост, ки дар тарбияи фарзандон фаъол бошанд

Муфтии Тоҷикистон аз муҳоҷирон хост, ки дар тарбияи фарзандон фаъол бошанд Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, аз муҳоҷирони тоҷик даъват кардааст, ки бо аҳли оилаи худ робитаи доимӣ дошта бошанд ва дар тарбияи фарзандон саҳми фаъол гузоранд. Тибқи иттилои...


Намояндагии вазорат аз муҳоҷирон хост ба ҳисобҳои ношинос пул нафиристанд

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия аз муҳоҷирони тоҷик даъват кардааст, ки ба корт ва суратҳисобҳои шахсони номаълум ва созмону фондҳои ношинос маблағ интиқол надиҳанд. Намояндагӣ рӯзи 22-юми сентябр ҳушдор додааст, ки гурӯҳҳои манфиатҷӯ ва фондҳои қалбакӣ...


Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон — 24 ноябр

24 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил мегардад. Ин сана баъд аз қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (24 ноябри соли 1992) муқаррар шудааст. Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ба шумор меравад ва...


Фоидаҳои ҷигари мурғ

Қаблан дар Тоҷикистон касе ҷигари мурғро намехӯрд, вале ҳоло он дар ҳамаи мағозаҳо фурӯхта мешавад.   Ҷигари мурғ яке аз маҳсулоти серғизо ба шумор меравад. Он аз оҳан, витамини А, витамини В12, фолат ва сафеда бой аст. Маҳз ба ҳамин далел метавонад барои пешгирӣ ё кам кардани хатари баъзе...