Саволу ҷавоб

Саволу ҷавоб

Саволу ҷавоб

Хонаҳое, ки ба мақсади тиҷорат сохта шудаанд ва сохтмони онҳо ҳанўз анҷом наёфтааст, оё аз он закот дода мешавад?

Дар онҳо закот лозим мегардад, агарчи ба итмом ҳам нарасида бошанд, зеро аз қабили моли тиҷорат ба шумор мераванд. Ҳар чизе, ки дар он нияти тиҷорат карда шавад, қатъи назар аз он ки чи гуна мол аст, закот дар он воҷиб мешавад. «Фикхи ханафи»

 

 

Дар бораи Рӯзаи моҳи Шаввол мегуфтед?

Паёмбари Худо ﷺ вобаста ба рӯзаи шашрӯзаи моҳи шаввол чунин фармудаанд: “Ҳар касе рӯзаи Рамазонро дорад, пасон шаш рӯзи моҳи Шавволро рӯза бигирад, мисли ин ки даҳрро (як солро) рӯза доштааст” (Муслим). Мутахассисони соҳа дар мавриди ҳадиси мазкур гуфтаанд, маънои он ки рӯзаи Рамазон ва шаш рӯзи рӯзаи шаввол баробари рӯзаи даҳр, яъне яксол аст, ин мебошад, ки одатан як ҳасана даҳ баробар зиёд мешавад. Ҳамин тариқ, як рӯзи Рамазон ба даҳ рӯз табдил ёфта, си рӯзаш ба сесад рӯз мубаддал мегардад. Тибқи ин ҳисоб шаш рӯзи шаввол ба шаст рӯз баробар гардида, дар маҷмӯъ 360 рӯз, яъне як соли расо мешавад.

 

 

Андешаҳои уламо дар фазилати рӯзаи Шаввол

Рӯзаи Шаввол ба монанди намозҳои суннат мебошанд, ки қабл ва баъди намози фарз хонда мешаванд, нақсу камбудие, ки дар фарз ба амал меояд, комил месозанд. Ва фарзҳо дар рӯзи қиёмат бо нафлҳо комил карда мешаванд. Бештари мардум дар рӯзаи фарзӣ нақсу камбудӣ мекунанд ва ба рӯзаи нафлӣ эҳтиёҷ доранд, то камбудиҳои рӯзаи фарзиро комил созанд.

Пас аз Рамазон рӯза доштан аломати қабули рӯзаи Рамазон мебошад. Замоне Худованд амали бандаашро қабул кунад, ҳатман ба амали солеҳи дигар ӯро муваффақ месозад. Чуноне мегӯянд, савоби некӣ, як некии дигар аст. Ҳар касе як некӣ кунад ва баъди он боз некиро идома диҳад, ин нишонаи қабули некии аввалааш мебошад. Чунонки як нафар некӣ мекунад, пасон бадӣ мекунад ва ин нишонаи қабул нагардидани некияш мебошад.

Солеҳони гузашта агар дар адои намози шаб муваффақ мешуданд, барои шукри он ҳатман пагоҳ рӯза медоштанд. Ҳамзамон, амалҳои неке, ки тавассути онҳо дар моҳи Рамазон ба Худо наздик мешуданд, бо хотимаи Рамазон онҳоро қатъ намекарданд. Чунки амалҳои нек то рӯзе, ки банда зиндаву ҳаёт аст боқӣ мемонанд.

Паёмбари Худо ﷺ амали бардавом мекарданд. Аз Оиша савол карданд, ки “Оё Паёмбар ﷺ рӯзҳои ибодату амалро хос мекарданд? Ӯ дар ҷавоб мегуфт: “на, амали ӯ бардавом буд”.

Умуман, ин ҳама мавсимҳои тоату ибодат ва амали хайранд ва базудӣ мегузаранд. Пас, мусалмонро зарур аст, то ин мавсимҳоро ғанимат шуморад ва аҷру савоби зиёд ба даст орад. (Хашияту Тахтови)

 

 

 

Оё шахси мусофир намозҳои суннатро дар аснои сафар мегузорад?

Шахси мусофир дар аснои сафар намозҳои суннатро мегузорад. Дар “Мабсут”-и Сарахсӣ, ки яке аз китобҳои муътабари мазҳаби ҳанафӣ аст, чунин мегўяд: “Ба сабаби сафар намози суннат ва нафл қаср карда намешавад ва бидуни зарурат тарк ҳам карда намешавад, зеро Худованд дар ҳолати сафар фақат ба қаср кардани намозҳои фарз амр намудааст”. «Мабсут»

 

 

Хўрдани об ё ғизое, ки ба он гурба даҳон зада бошад, ҷоиз аст ё на?

Аз нигоҳи фиқҳи ҳанафӣ пасхўрдаи гурба макрўҳ аст. «Мароки Фалох»

 

 

Лутфан бигўед, ки пешоби кўдак либосро бенамоз мекунад ё на? Дар ин ҳолат оё таҳорат кардан лозим аст?

Дар ҳолати расидани пешоби кўдак ба либос ё бадан он либос ва узви бадан бенамоз мешавад ва шустани он лозим мегардад, лекин таҳорат намешиканад, бинобар ин, таҳорат кардан лозим намегардад. «Хошияту Тахтови»

 

 

Ман дар Русия муҳоҷирам. Ҳамсарам рўзе аз ман нопурсида ба хонаи волидонаш меравад. Ман инро шунида ҷанҷол кардам, баъдан гуфтам, ки “агар аз ин пас нопурсида рафтӣ, се талоқат мекунам ё се талоқ ё се талоқатро медиҳам”. Дар хотир надорам, ки кадом яке аз ин лафзҳоро гуфтаам. Ҳамсарам мегўяд, ки “нопурсида рафтӣ, ба Худо қасам се талоқатро медиҳам” гуфтаам. Дар дилам шубҳа аст, ки никоҳам барҷост ё шикастааст.

Никоҳи шумо барқарор аст, парешонхотир нашавед, зеро лафзи “талоқатро медиҳам” ё “талоқат мекунам” замони ояндаро ифода мекунад ва бо ин лафз талоқ воқеъ намешавад. Вақте ки аз Русия ба ватан омадед, барои рафъи шубҳа ва таскини қалбатон никоҳи эҳтиётӣ кунед ва зиндагиатонро идома диҳед. Кўшиш кунед, ки дар оянда талоқро на танҳо аз забон, ҳатто аз зеҳнатон дур гардонед. «Дурар ул Мухтор»

 

 

 

Марде ба ҳамсари ҳомилааш “се талоқ” мегўяд ва бисёр пушаймон мешавад. Касе ба ў гуфтааст, ки агар занаш писардор шавад, талоқ ҳисоб намешавад, агар духтардор шавад, як талоқ мешавад. Ҳукми ин масъала чӣ гуна аст?

Ҳомила будани зан ба талоқ ҳеҷ рабте надорад, агар мард ин лафзро гуфта бошад, албатта талоқ воқеъ мегардад, хоҳ ҳамсараш писар таваллуд кунад ё духтар. Бар ҳар ҳол, шумо барои посухи дуруст гирифтан ба олиме муроҷиат кунед, зеро масъалаи талоқ шарҳу тафсил мехоҳад. «Ихтиёр»

 

 

Лутфан дар бораи намози қаср ва масофаи сафар маълумоти муфассал медодед?

Вақте ки шахсе аз маҳалли зисташ азми сафар кунад ва масофа то макони мақсудаш 120 км роҳ бошад, намозҳоро қаср мегузорад. Агар дар аснои сафар намози чаҳорракъатие қазо шуд, онро низ ба сурати қаср, яъне ду ракъат ба ҷо меорад. Яъне дар ин ҳолат намозҳои чаҳорракъатии фарзро ду ракъат мегузорад, вале суннатҳоро пурра мехонад. Намози бомдод ва шомро низ пурра мехонад, зеро намози бомдод худ ду ракъат аст ва намози серакъатӣ қаср надорад.

Агар шахси мусофир ният кунад, ки дар шаҳре ба муддати 15 рўз иқомат кунад, дигар ҳукми мусофириро надорад ва намозҳояшро комил адо менамояд. Аммо дар ҳолати камтар аз 15 рўз истодан дар он шаҳр намозро қаср мегузорад.». «Ихтиёр»

 

 

Агар мард дар ҳолати ғазаб тариқи телефон гўяд, ки “ҷавобатро додам”, оё ин суханаш се талоқ ҳисоб мешавад?

Бо лафзи “ҷавобатро додам” як талоқи боин воқеъ мешавад, на се талоқ. Дар ин ҳолат таҷдиди никоҳ ва пардохти маҳр лозим мегардад. «Лубоб»

2026-10-01 (Рабиул ахири соли 1448) №10.


Зиндагии Аҳмади Дониш

Ташаккулёбии чаҳонбинии Аҳмади Дониш   Яке аз фозилтарин фарзандони Бухорои Шарифи асри XIX Аҳмад Махдуми Дониш, мулаққаб ба Аҳмади Калла (1826-1897) ба ҳисоб меравад. Ӯ дар шаҳри Бухорои Кӯҳна, дар оилаи Носир ном мулло ба дунё омадааст. Маълумоти ибтидоиро дар мактаби хусусии духтаронаи...


Аввалин пайванди ҷигар ва гурда дар вилояти Суғд анҷом ёфт

Дар шаҳри Хуҷанд амалиётҳои пайванди ҷигар ва гурда бори аввал дар вилояти Суғд анҷом дода шуданд. Ҷарроҳиҳо дар Беморхонаи клиникии №1-и шаҳр гузаронида шуда, ҳар ду амалиёт бидуни мушкилот анҷом ёфтаанд. Дар ин бора 2 сентябр дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии...


Резиши мӯй. Кай бояд ба табиб муроҷиат кард?

Дар як шабонарӯз рехтани 50-100 тори мӯй барои инсон одатан ҳолати муқаррарӣ ба ҳисоб меравад. Аммо агар мӯй назар ба пеш хеле бештар резад, ҷойҳои каммӯй пайдо шаванд ё сохтори мӯй тағйир ёбад, ин метавонад нишонаи мушкилоти саломатӣ бошад.   Рехтани мӯй ҳам мардон ва ҳам занонро дар синну...


Санбӯсаҳои зудпази картошкагӣ

Маҳсулоти лозима: 100 грамм панири тарошида, 700–800 грамм картошка, як бандча кабудӣ, 1 дона пиёз.   Барои хамир: 2 дона тухм, 2 истакон орд, 1 қошуқча намак, 1 истакон кефир. Тарзи таҳия: Картошкаро тоза карда, дар об пазед ва аз он картошкаи кӯфта тайёр кунед. Пиёзро майда реза...


Муштзанҳои тоҷик ба Бозиҳои ХХ-уми Осиё мераванд

Аз 19-уми сентябр то 4-уми октябр дар шаҳрҳои Айтӣ ва Нагояи Ҷопон Бозиҳои XX-уми Осиё баргузор мегардад. Дар мусобиқа варзишгарони 45 кишвари қора барои 217 маҷмуи нишонҳо мубориза мебаранд. Ҳайати Тоҷикистонро дар мусобиқа 117 варзишгар намояндагӣ мекунанд. Аз намуди бокс дар ин мусобиқаи...