Саволу ҷавоб

Саволу ҷавоб

Ҷумлаи “Астағфируллоҳа ва атубу илайҳ” чӣ маъно дорад?

Бародари азиз, маънои ин ҷумла чунин аст: Аз Худованд (барои гуноҳонам) омурзиш мехоҳам ва ба сўи Ў тавба мекунам. Ин ҷумларо баъди намози Бомдод ва баъди намози Аср сад бори такрор кунед савоби беканор дорад.

Шахсе, ки дар ватан хонаву замин дорад, лекин чор сол боз дар муҳоҷират буда, қарздор шудааст, оё барои ў гирифтани закот ҷоиз аст?

 Бародари азиз, барои чунин шахсе гирифтани закот дуруст аст.

 

 

Тоҷир закоти молашро чӣ гуна мепардозад? Оё аз маҷмўъи моли тиҷораташ закот медиҳад ё фақат аз он молҳое, ки фурўхтааст? Барои ба нисоб расидани маблағ нархи хариди мол ба эътибор гирифта мешавад ё нархи гузошташуда ва ё нархи фурўш? Масалан, молеро бо нархи 300 рубл ворид мекунад ва 450-500 рубл нарх мегузорад, аммо онро бо нархи 350-400 рубл мефурўшад. Дар ин ҳолат нисоби закот бо кадом яке аз ин нархҳо ҳисоб карда мешавад?

Бародари азиз, нисоби закот аз тамоми моли тиҷорат ҳисоб мешавад ва дар пардохти закот ҳамон нархи фурўшатон, яъне 350-400 рубл эътибор карда мешавад. («Хошияти Тахтови»)

 

 

Шайтон аз ҷин бо кадом хусусияташ фарқ мекунад?

Бародари азиз, ҷинҳо мавҷудоте ҳастанд, ки аз оташ офарида шудаанд ва қудрати ба ҳар шакл тағйир додани худро доранд. Онҳо аз назари инсонҳо пўшидаанд, бинобар ин, бо номи ҷин номгузорӣ шудаанд. Баъзе ҷинҳо мусулмонанд ва баъзе дигар кофиранд. Шайтон низ аз ҷин аст ва он махлуқи нофармони саркаш буда, моломол аз шарорату макру найранг аст. Шайтон душмани инсон аст ва ҳадафаш аз роҳи ҳақ берун кардану гумроҳ намудани инсон аст. («Шархи Фикхул Акбар»)

 

 

Ба зани номаҳрам ёд додани Қуръон мумкин аст?

Бародари азиз, зан бояд аз маҳрами худ Қуръон биёмўзад ва онро ёд бигирад, на аз марди номаҳрам.

 

 

Дар вақти хондани намози қазоӣ чигуна ният кардан лозим аст?

Бародари азиз, агар қазои намози ҳамин рўз ё дирўзро гузоридан хоҳед, пас чунин ният кунед: Ният кардам бигузорам фарзи намози бомдод (ё пешин)-и қазоии ҳамин рўз (ё дирўз), рўй овардам ба қибла, қибла ҷиҳати Каъба, холисан лиллоҳи таъоло Аллоҳу Акбар. Агар намозҳои қазоии гузаштаро мегузоред, пас равиши нияти он намозҳо чунин аст: Ният кардам бигузорам аввалин фарзи намози бомдод, ки бар ман аст, рўй овардам ба қибла, қибла ҷиҳати Каъба, холисан лиллоҳи таъоло Аллоҳу Акбар. Агар намози қазоии пешин ё дигар намозҳои панҷгонаро мегузоред, ба ҷои бомдод номи ҳамон намозро зикр кунед. Агар намози қазоии витр мегузоред, чунин ният кунед: Ният кардам бигузорам аввалин намози витр, ки бар ман аст, рўй овардам ба қибла, қибла ҷиҳати Каъба, холисан лиллоҳи таъоло Аллоҳу Акбар. («Хошияти Тахтови»)

 

 

Чигуна бидонем, ки одам дар дохилаш ҷин дорад ё на? Агар ҷин дошта бошад, кадом сураҳо ва оятҳои Қуръонро бихонем, то ки ҷин аз ў хориҷ шавад? Хориҷ шудани онро чигуна бояд донист?

Бародари азиз, инсони мубтало ба ҷин ғолибан дорои нишонаҳоест, аз ҷумла: 1. Дар вақти хоб арақ мекунад ва ба зудӣ хобаш намебарад. 2. Шаб аз хоб бисёр тарсон мехезад. 3. Хобҳои тарсовар мебинад. 4. Дар хоб механдад, гиря мекунад ё дод мезанад.

Дар ҳолати бедорӣ шахси мубтало ба ҷин чунин нишонаҳо дорад: 1. Сардардии ҳамешагӣ, ки сабаби узвӣ надорад. 2. Фикрпарешонии ҳамешагӣ. 3. Танбалӣ ва дармондагӣ. 4. Дард кардани аъзое аз ҷисми инсон, монанди дил, сар, даст ё пой, ки пизишкон наметавонанд ташхис ва табобат кунанд.

Ибни Аббос ривоят мекунад, ки зане ҳамроҳи фарзандаш назди Пайғамбар ﷺ омада гуфт: «Ин фарзанди ман ҷинзада аст ва ҳангоме ки мо таоми нисфирўзӣ ва шомгоҳӣ тановул мекунем, ба беморӣ гирифтор мешавад ва моро нороҳат месозад». Пайғамбар ﷺ қафаси синаи он писаракро молида барояш дуо кард. Пас он тифл қай намуд ва аз шикамаш чизе мисли гўштпорае хориҷ шуд. (Муснади Аҳмад) Барои табобати шахси ҷинзада сураҳои зайл хонда мешавад: Сураи “Фотиҳа”, оятҳои 1 то 5-уми сураи “Бақара”, “Оятул-Курсӣ”, оятҳои 285-286-уми сураи “Бақара”, сураҳои “Ёсин”, “Ториқ”, “Шарҳ”, “Кофирун”, “Ихлос”, “Фалақ” ва “Нос”. Пас аз хориҷ шудани ҷин аз бадани бемор аломатҳое, ки дар боло зикр кардем, бартараф мешаванд ва саломатии ў маълум мегардад. («Сариму Баттар»)

 

 

Зане, ки аз шавҳараш ҷудо шуда бошад, бе вакил ва бидуни иҷозати волидонаш метавонад, ки марди хостгораш никоҳ кунад?

Бародари азиз, аз нигоҳи мазҳаби ҳанафӣ зани шавҳардида (саййиб ва бева) метавонад, ки бе иҷозати волидони худ издивоҷ кунад. Вале барои бобаракат шудани никоҳ ва хушбахт шудан ризояти волидон ва дуои хайри онҳо лозим аст. Набояд фаромўш кард, ки барои дуруст шудани никоҳ ҳузури шоҳидон зарурӣ ва ҳатмӣ мебошад. («Ихтиер»)

 

 

 

Агар мард дар ҳолати қаҳру ғазаб ба ҳамсараш гўяд, ки “ҷавобатро додам” ва ин суханро чор бор такрор кунад, оё ҳамсараш талоқ мешавад?

Агар қабл аз ин моҷаро байнашон дигар талоқ воқеъ нашуда бошад, дар ин ҳолат ҳамсараш як талоқи боин мешавад, бо таҷдиди никоҳ ва пардохти маҳр метавонанд зиндагияшонро идома диҳанд. («Любоб»)

 

 

Агар касе бо “се талоқ” қасам хўрад, пас аз он се рўз рўза дорад, оё он се талоқ бартараф мешавад?

Агар касе бо “се талоқ” қасам хўрад, ки фалон корро намекунам, вале он корро анҷом дод, се талоқ воқеъ мешавад ва бо рўза доштан бартараф намешавад, зеро масъалаи каффорати рўза аз талоқ фарқ дорад. («Дурарул Хукком»)

2026-04-01 (Шаввали соли 1447) №4.


Беҳтарин суханон дар васфи модар

Модар - сарчашмаи ҷӯшони ҳаётест, ки ҳастии моро аз файзи худ шодоб мегардонад.   Модар - сарчашмаи меҳру муҳаббат, шавкати беканор, нури ҳар як хонадон аст. Модар - туӣ он моҳи дурахшоне, ки бо нури меҳрборат шабҳои тираю торики моро равшан месозӣ. Модар - ту офтобӣ дар зиндагӣ, ки моро...


Дуруд бар шумо хонандагони азизи мо!

Покизагии даромад ва ҳифзи ҷомеа дар замони муосир   Имрӯз, ки бисёре аз бародарону хоҳарони мо дар кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Русия, ба тиҷорат ва кор машғуланд, лозим аст, ки ҳисоби солонаи молии худро ба роҳ монанд ва Закоти моли худро адо кунанд. Закот моро аз бухл ва ҳирс дур месозад ва...


Чӣ гуна моли худро пок кунем?

Ҳамду сано Худованди ягонаро, дуруду салом ба Паёмбари гиромӣ ﷺ ва тамоми олу асҳобаш бод.   Закот яке аз аркони Ислом буда дар бисёре аз оятҳои Қуръон бо намоз якҷо зикр шудааст. Худованд мефармояд: «Ҳаргиз гумон набаранд касоне, ки ба он чи Худованд ба онҳо додааст, бахилӣ мекунанд,...


10 фоидаи рӯза ба саломатӣ

Тадқиқотҳои олимони соҳаи тиб нишон медиҳанд, ки рӯза гирифтан барои саломатӣ низ фоидаҳои зиёде дорад, ки 10-тои онро манзури шумо мекунем.   1.Тоза шудани ҷисм Бо шарофати рӯзадорӣ ҷисми инсон аз дарун тоза мешавад. Рӯзона аз хӯрдану нӯшидан даст кашидани шахси рӯзадор боиси он мегардад,...


Ҳаёт ва фаъолияти имом Тирмизи ва осори у

Зимни сафар ба кишварҳои хориҷӣ Имом Тирмизӣ ҳадисро ҷамъ оварда, бо таълифи китобҳо машғул шудааст. Баъд аз бозгашт аз сафар, бо олимону фузало дар мунозираҳои илмӣ ширкат меварзад, ба шогирдони зиёде устодӣ мекунад. Хусусан, бо муҳаддиси шинохта Имом Бухорӣ мубоҳисаҳои зиёди илмӣ анҷом дода, аз ӯ...