Саволу ҷавоб

Саволу ҷавоб

Шаройити молии ман хуб аст ва бинобар сабаби набудани саломатиям барои мустақилона анҷом додани ҳаҷ шаройит надорам. Чӣ бояд кард?

Дар ҳолати доштани шароити моливу пулӣ, Шумо бояд маросими ҳаҷҷро иҷро кунед. Агар ҳолати ҷисмонии Шумо нагузорад, ки мустақилона ҳаракат кунед, метавонед шахсеро кироя кард. Мумкин аст, ки дар ароба, ё баранкор (носилка) давр (тавоф)– и Каъба, ё байни теппаҳои Сафо ва Марваро иҷро кард.

Истодан дар дараи Арфот зарурате нест. Агар шумо муддате дар хаймаи худ, вақти намози зуҳри рӯзи 9 моҳи зулҳиҷҷа бошед, ин кифоя аст.

“Бигузор Офаридгор ба Шумо барои ҳаҷҷи хурду бузург қуввату тавонойӣ диҳад”. (Ихтиёр)

Шунидаам, ки ҳамдардӣ (таъзия) аз гузашти наздикон танҳо 3 рӯзи аввал иҷоза дода мешавад. Суоле ба миён меояд, ки замони мотаму ҳамдардӣ кай, яъне аз замони мурдан, ё баъди ба хок супоридан дуруст аст?

Дар китоби “Ал фатаво ал Ҳиндия” навишта шадааст, ки: “Вақти ҳамдардӣ аз замон мурдани одам сар шуда, 3 рӯз бояд идома ёфт. Бо гузашти ин замон, давом додани мотам нодуруст аст. Танҳо ба одамоне ин 3 рӯз иҷозат дода мешавад, ки замони ба хок супорӣ, бо сабабе дар ҷаноза иштирок карда натавониста буданд”. Баъзеҳо дар он ақидаанд, ки мотаму ҳамдардиро на пеш аз ҷаноза, балки баъди ба хок супоридан иҷро кунем, беҳтар аст. Агар ғаму андӯҳи хешу табор баъди ба хок супорӣ қувват дошта бошад, беҳтар он, ки онро пеш аз ҷаноза анҷом дод. Ҳамдардиро ҳамаи аъзои оилаи раҳматӣ, яъне калонсолон бояд баён кунанд. Танҳо духтари ҷавон метавонад таъзия баён накунад. Тавсия дода мешавад, ки агар чунин гуфтаҳои: “Худовандо! Гуноҳи марҳумро бубахшед ва раҳмати хешро ба ӯ нишон бидиҳед ва дар ин марҳила сабр ато фармоед ва охиратро пурнӯр гардонед” гуфта, такрор кунед, ҳамдардӣ, таъзия дуруст мегардад.

Агар замони намозгузорӣ атса задӣ, чӣ бояд кард?

Дар чунин ҳолат, сухани “Алҳамдулиллоҳ”– ро бесадо, яъне хомӯш бе ҷунбондани забон такрор бояд кард. (Фатвои Татархония)

Писарам мошини сабукрав надорад. Ҳар вақт мебинам, ки наберагонам зери борону барф пиёда ба мактаб мераванд, аламам зиёдтар мегардад. Дар ҳолате, ки дигар писаронро дар мошинҳо то ба мактаб мебаранд. Дуо мекунам, ки ба писарам як мошини калон диҳад, то ҳамаи наберагонам ҷо шуда, ба мактаб раванд. Чунин ният гуноҳу ҳасадхӯрӣ ба ҳисоб меравад, ё не?

Дар китоби “Мароқ ал– Убудия” ҳар гуна дараҷаҳои ҳасадхӯрӣ таҳлил шудааст. Яке аз чунин ҳасадхӯрӣ дар он аст, ки одам чунин доройӣ, яъне мошини калонро дар дигарон дида, нияти ягон хел хайрхоҳие накарда, танҳо як мақсад, мехоҳад худаш ҳам чунин мошин дошта бошад. Агар чунин шахс соҳиби хоҳишаш, яъне мошиндор нашавад, меҳоҳад, ки дигарон мошиндор бошанд. Чунин ҳасадхӯрӣ дар сурате иҷоза дорад, агар дар ин замони рӯзгор иҷоза бошад, ки барои истифода ба ӯ манфият оварад.

Аз рӯйи гуфтаи боло ба хулосае метавон омад, ки дар чунин ҳолат ҳасадхӯрии шумо гуноҳ нест ва баръакс барои тавсиф кардан меарзад. Бинед, ки шумо ин мошинро барои айшу роҳати худ нею, барои дигарон, яъне то ба мактаб бурдани кӯдакон хоҳиш доред. Аз ин нигоҳ, шумо метавонед аз Худованд хоҳиш кунед, ки писаратонро соҳиби мошин карда, онро на барои кори ғайр, балки барои хайр истифода кунад.

Агар моиндар ва падарандар барои писархонд, ё духтархонд хешони наздик ба ҳисоб раванд, пас изидвоҷ кардани онҳо дуруст аст, ё не?

Бо зани падар, яъне бо моиндар издивоҷ кардани писар дуруст нест. Ҳамчунин шавҳари модар, яъне падарандар бо духтархонд издивоҷ карда наметавонад, ҳатто агар бо ӯ ҳамхоба шуда дошад. Ҳамхоба дар шароите ба ҳисоб гирифта мешавад, ки:

1) Дар ҳолати баъзе аз беморӣ доштани ҳамсаре, барои ҳамхобагӣ ҷисман тарафҳо муқобилият нишон надиҳанд.

2) Агар шахси сеюм ҳузур дошта бошад.

3) Аз рӯйи шариъат низ манъ нест, агар шахс тавофи Каъба ва ҳаҷи хурд, ё бузургро иҷро карда бошад.

4) Агар ҷойи ҳамхобагӣ масҷид, ё роҳгузари умумӣ набошад.

5) Агар яке аз ҳамсарон замони ҳамхобагӣ рӯзадор бошад, ё намозгузорӣ кунад. (Радд– ул мухтор)

Замоне, ки имом истода сухани “Оллоҳу Акбар”– ро гӯяд, маъмум бояд имомро интизор шавад, то имом ин суханро то охир гӯяд, баъд намозро оғоз кунад ё баробари имом “Оллоҳу Акбар”– ро гӯяд?

Хеле хуб аст, ки сухани “Оллоҳу Акбар”– ро баробари имом такрор кард. Пеш аз имом гуфтан иҷоза нест. Имомон Абӯ Юсуф ва Муҳаммад дар он ақидаанд, ки намозгузорони пушти имом бояд каме баъди гуфтани сухани такбири имом такбир гӯянд. Яъне, замоне, ки имом ҳарфи охири калимаи “акбар”– ро садо медиҳад, намозгузорон ҳатман такбирро гӯянд. (Мароқ ул– Фалоҳ)

Одами куҳансол барои фаромӯш накардани ракаатҳо метавонад, ки бо овози баланд намозгузорӣ кунад?

Чунин рафтор аз рӯйи одоб нест. Сабаб он, ки ҳангоми намозгузорӣ, инсон намозҳоро хомӯш бояд хонд. Кӯшиш бояд кард, ки пеш аз намозгузорӣ хеле хуб омодагӣ дида, онро ба роҳат гузаронид. Дар ин кори хайр Худо мададгори шумо бошад. (Ал– Ҳидоя)

Таҳорат дар замони шӯстани бадани кӯдаке, ки ахлот карда буд, шиксата мешавад, ё не?

Бадани кӯдакро расидӣ, ё молидан (ламс) кардӣ таҳрат намешиканад. (Мухтасар ал– виқоя)

2026-04-01 (Шаввали соли 1447) №4.


Дуруд бар шумо хонандагони азизи мо!

Покизагии даромад ва ҳифзи ҷомеа дар замони муосир   Имрӯз, ки бисёре аз бародарону хоҳарони мо дар кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Русия, ба тиҷорат ва кор машғуланд, лозим аст, ки ҳисоби солонаи молии худро ба роҳ монанд ва Закоти моли худро адо кунанд. Закот моро аз бухл ва ҳирс дур месозад ва...


Беҳтарин суханон дар васфи модар

Модар - сарчашмаи ҷӯшони ҳаётест, ки ҳастии моро аз файзи худ шодоб мегардонад.   Модар - сарчашмаи меҳру муҳаббат, шавкати беканор, нури ҳар як хонадон аст. Модар - туӣ он моҳи дурахшоне, ки бо нури меҳрборат шабҳои тираю торики моро равшан месозӣ. Модар - ту офтобӣ дар зиндагӣ, ки моро...


Қаҳрамонии муҳоҷир дар Санкт-Петербург

Губернатори Санкт-Петербург Александр Беглов шахсан ба Хайрулло Ибодуллоев соати губернаторӣ ва медали шуҷоат тақдим кард. Маросими расмӣ дар бинои таърихии “Смольный” баргузор шуд. Ибодуллоев рӯзи 22 феврал ҷони як кӯдаки ҳафтсоларо, ки аз ошёнаи ҳафтуми бино афтоданӣ буд, наҷот дод....


Тақвими ду даври аввали бозиҳои Лигаи олии футболи Тоҷикистон

Лигаи футболи Тоҷикистон тақвими бозиҳои Чемпионати Тоҷикистон-2026 байни дастаҳои Лигаи олиро тасдиқ кард.   Мавсими 35-уми Чемпионати Тоҷикистон рӯзи 6-уми март оғоз мешавад. Мавсими нави Лигаи олӣ дар ду марҳила бо ширкати 12 даста баргузор мешавад. Дар маҷмуъ ҳар як даста 22 бозӣ анҷом...


Чӣ гуна моли худро пок кунем?

Ҳамду сано Худованди ягонаро, дуруду салом ба Паёмбари гиромӣ ﷺ ва тамоми олу асҳобаш бод.   Закот яке аз аркони Ислом буда дар бисёре аз оятҳои Қуръон бо намоз якҷо зикр шудааст. Худованд мефармояд: «Ҳаргиз гумон набаранд касоне, ки ба он чи Худованд ба онҳо додааст, бахилӣ мекунанд,...